Саволу ҷавоб

Саволу ҷавоб

Саволу ҷавоб

Дар вақти рӯзадори чӣ қадар вақт хобидан мумкин аст? Агар ин хоб боиси қазо шудани намоз шавад, чӣ ҳукм аст?

Чӣ миқдор хобидан дар вақти рӯзадори аз ҷониби шариат муайян нашудааст, вале бидуни узр хоби бисёр рафтан, ки сабаби қазо шудани намоз гардад ва аз ҷиҳати танбалӣ ба намоз ва дигар корҳои нек эътибор надиҳад, дар ин сурат гунаҳгор мешавад.

 

 

 

Рўзаи шаш рўзи пас аз моҳи Рамазонро чӣ тавр ният мекунанд?

Рўзаи шаш рўзи моҳи Шаввол аз навъи рўзаҳои нофила аст ва бо нияти нафл анҷом дода мешавад. Ният кардам рӯзаи нофилаи аз моҳи Шавволро гирам. “Мароқи Фалоҳ”

 

 

 

Рўзаи шаш рўзи моҳи Шаввол пай дар пай дошта мешавад ё ҷудо-ҷудо?

Дар тариқи адои ин рўза ҳар кас ихтиёр дорад, метавонад онро пай дар пай ба ҷо оварад ё ки ҷудо-ҷудо, инчунин метавонад дар ҳар даҳаи ин моҳ ду рўз рўза дорад. “Мароқи Фалоҳ”

 

 

 

Ман дар Русия дар ошхона кор мекунам. Онҷо бо гўшти хук низ хўрок омода мекунанд. Оё метавонам, ки дар он дег хўроки дигар пухта тановул кунам?

Агар шумо имконият дошта бошед, дар деги алоҳида таом пазед, агар имкон набошад, ҷоиз аст, ки он дегро хуб шуста барои худ таом омода кунед. “Хошияти таҳтови”

 

 

 

Ҳангоми дар намози ҷамоат будан ба сабаби хориҷ шудани вадӣ дар таҳорат шубҳа афтад, намоз дуруст мешавад ё ки бо таҳорати нав намозро аз сар гузоридан лозим аст?

То вақте ки ба хориҷ шудани вадӣ яқин надошта бошед, намози шумо ҷоиз аст, вале беҳтар аст, ки таҳорати тоза карда намозро аз сар гузоред. “Мароқи Фалоҳ”

 

 

 

Ман дар Русия ҳастам ва 400000 рубл дорам. Маблағе, ки бояд закот дода шавад, аз 700000 боло мебошад. Вале дар Тоҷикистон нисоб аз 35000 сар мешавад. Ман чӣ бояд кунам, оё маблағро дар Русия ҷамъ кунам ё ба Тоҷикистон равон карда закот диҳам?

Агар шумо дар Русия зиндагӣ мекарда бошед, беҳтар мебошад, ки ба фатвои Идораи динии Русия амал кунед, вале дар Тоҷикистон зиндагӣ дошта бошед, ба фатвои Шўрои уламо амал кунед. Ёдовар мешавем, ки тибқи қарори Шўрои уламо имсол нисоби закот 36000 сомонӣ муайян шудааст, ки аз он 900 сомонӣ закот дода мешавад.

 

 

 

Агар зане бе никоҳ ҳомила шавад, бо он зан никоҳ кардан ҷоиз аст? Ҳукми он кўдак дар дини Ислом чӣ мешавад?

Никоҳи он зан ҷоиз аст, вале фарзанде, ки бе никоҳ пайдо шудааст, ҳаромӣ ва валадуззино мебошад. Онҳо дар ин корашон гунаҳгори азим шудаанд, фарзанд ҳеҷ айбе надорад. “Любоб”

 

 

 

Шахсе намоз нахонад, пули кораш ҳалол аст ё ҳаром?

Пулаш ҳалол аст, вале барои намоз нахонданаш гунаҳгори бузург шудааст, зеро намоз сутуни дину сабаби наҷот ва баракату саодати марди мусулмон аст. “Мароқи Фалоҳ”

 

 

 

Моли ман ба нисоб нарасидааст ва ниёзманд ҳам нестам, агар касе бароям закот диҳад, гирифтани он гуноҳ аст?

Агар моли шумо ба нисоб нарасида бошад, закот гирифта метавонед. “Ихтиер”

 

 

 

Нўшидани шаробро ҳамчун барои табобат шарҳ медодед. Чи гуна гуноҳ аст?

Нўшидани шароб барои табобат дуруст нест, зеро Расули Худо ﷺ фармудаанд, ки дар чизи ҳаром шифо нест. “Фикхи ислом”

 

 

 

Мард 6 сол мешавад, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорад, занаш бошад бо марди бегона тариқи ватсап муошират мекунад, оё никоҳаш бурида мешавад ё не?

Занаш кори ҳаром кардааст, агар ин корро ҳалол гуфта карда бошад, никоҳаш бурида шудааст, бояд никоҳи нав кунад, вале ҳаром гуфта карда бошад, никоҳаш барқарор аст, ба ҳар тақдир никоҳи нав кунад, хуб аст. “Фикхи ислом”

 

 

 

Агар шахси таҳорат дошта нишаста каме хобаш барад, таҳораташ мешиканад ё не?

Дар ҳолати нишастан хобаш бурда бошад, таҳораташ намешиканад, модоме, ки такя накарда бошад. “Ихтиер”

 

 

 

Агар мард дар гузашта даюс буд ва бе намоз буд, баъдан намозхон шуд ва тавба кард. Мегуфтед, ки никоҳи он мард бо занаш чӣ тавр мешавад?

Бародари азиз, никоҳи онҳо побарҷост, вале таҷиди никоҳ кунад, хуб аст, зеро никоҳи эҳтиётӣ савоб дорад ва дар байни зану шавҳар оромиш ва муҳаббатро зиёд мекунад.

 

 

 

Шахсе бемор шуд ва аз ӯ намозҳои панҷгона қазо шуд, пас сиҳат ёфту қазояшон надошт, пас бемор шуду боз қазо карду вафот кард. Пас фидяи кадоме аз намозҳои қазошудаашро бидиҳад?

Фидя аслан барои намозҳое дода мешавад, ки ба узр қазо кардааст, вале дар ҳолатҳои сиҳҳатӣ намозро адо накарда бошад, барояш фидя нест. “Ихтиер”

 

 

 

Садақа ба киҳо дода мешавад? Масалан дар Росия бошем, ба оилаҳои эхтиёҷманди рус хайру садақа карда мешавад?

Садақаи нофиларо ба ҳар кас диҳед, мешавад, вале садақаи фарзӣ ё воҷибӣ бошад, ба шахсони махсус дода мешавад, мусулмон, фақир, мискин ва ғайра мебошанд. “Любоб”

 

 

 

Дар ҷавобҳои қаблиатон ба дигарон хондам, ки намози таҳаҷҷудро аз хоби шабонгоҳ бархеста, дар ними шаб хондан лозим. Оё баъди адои намози хуфтан хоб нарафта, баъд аз соати 00.00 хондан дуруст аст ё не? Фарз кардем ман то ними шаб бедор ҳастам, аниқтараш хобам намебарад, метавонам таҳаҷҷуд хонда, сипас хоб равам, оё ин дуруст аст ё не?

Хоб нарафта намози таҳаҷҷуд хонед, дуруст аст, вале имкон бошад, андак хоб карда, баъд аз он таҳаҷҷуд гузоред, хуб аст. “Любоб”

 

 

 

Бо арзи эхтиром, чӣ хеле ки мегўянд: Даст ба кору дил ба Ёр, Ёр кист?

Бародари азиз, ин ҷо мурод аз Ёр Худованд аст, яъне инсон доим ба ёди Парвардигор бошад, баракат мешавад.

 

 

 

Домуллои муҳтарам, як савол доштам дар бораи шайтон (иблис). Шайтон яъне ҳамон иблис пеш аз он, ки ронда шуд оё фаришта буд ё не?

Бародари азиз, Шайтон ҳамон Иблис аст, аммо ў ҳеҷ вақт фаришта набуд, балки аз гурўҳи ҷин буд, ки аз тоати Парвардигор саркашӣ кард.

2026-10-01 (Рабиул ахири соли 1448) №10.


Тоҷикистон бо Озарбойҷон, Чин ва Фаластин бозиҳои дӯстона мегузаронад

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 дар рӯзҳои FIFA дар моҳҳои сентябр ва октябр дар сафар се бозии дӯстона баргузор мекунад. 23-юми сентябр дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Озарбойҷон вохӯрӣ анҷом медиҳад. Бозӣ дар варзишгоҳи...


Маркази нави омӯзишӣ барои муҳоҷирон

Дар шаҳри Душанбе боз як Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ ифтитоҳ шуд.   Дар ифтитоҳи ин марказ вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода ва дигар масъулини дахлдор иштирок карданд. Чунин марказҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд,...


Санбӯсаҳои зудпази картошкагӣ

Маҳсулоти лозима: 100 грамм панири тарошида, 700–800 грамм картошка, як бандча кабудӣ, 1 дона пиёз.   Барои хамир: 2 дона тухм, 2 истакон орд, 1 қошуқча намак, 1 истакон кефир. Тарзи таҳия: Картошкаро тоза карда, дар об пазед ва аз он картошкаи кӯфта тайёр кунед. Пиёзро майда реза...


Аввалин пайванди ҷигар ва гурда дар вилояти Суғд анҷом ёфт

Дар шаҳри Хуҷанд амалиётҳои пайванди ҷигар ва гурда бори аввал дар вилояти Суғд анҷом дода шуданд. Ҷарроҳиҳо дар Беморхонаи клиникии №1-и шаҳр гузаронида шуда, ҳар ду амалиёт бидуни мушкилот анҷом ёфтаанд. Дар ин бора 2 сентябр дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии...


Беш аз 23,6 миллион рубл музди меҳнати муҳоҷирон баргардонида шуд

Дар ҳафт моҳи соли 2026 дар натиҷаи фаъолияти Намояндагӣ оид ба масъалаҳои пардохт нашудани музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, ба муҳоҷирони тоҷик 23 миллиону 655 ҳазору 452 рубл маблағи музди меҳнати пардохтнашуда баргардонида шудааст. Ин маблағ...