Кадом буҷаи хонавода беҳ аст?

Кадом буҷаи хонавода беҳ аст?

Кадом буҷаи хонавода беҳ аст?

Суол: Кадом буҷаи хонавода беҳ аст? Умумӣ, ё ҳар аъзои оила ҷудо? Мо даромади худро ҷамъоварӣ карда, бисёр ҳолат якҷоя сарф мекунем. Баъзан пули худро низ илова мекунам. Музди меҳнати кардаро ба худам гузорам, шаҳарам низ пули кор караашро бо худ гузорад. Дар ин ҳолат чӣ тавр бояд муносибат кард, ки байни мо баҳсу мунозираву ранҷу малолшавӣ рух надиҳад?

Ҷавоб: Кадом буҷа беҳтар аст? Ҳама чиз дар муносибат миёни аъзои оила аст, ки мақом, ё саҳми мард дар ба даст овардани муҳимоти рӯзгор ва саҳми зан дар нигаҳдориву сарфакории моликияти хонавода аст. Дар ҳама ҳолат машварати миёни аъзои оила аз фоида холӣ нест, ки ин кори хеле муҳим ба шумор меравад.

Зан вазифадор нест, ки аз паи ба даст овардани маблағе гардад, ки ин масъулият ба мард, яъне таъмини хонавода, бо ғизо, манзил в ғайра дода шудааст.

Зани ба балоғат, ё аз назари зеҳнӣ бузургшуда, метавонад моликияти худро мустақилона, аз рӯйи диди хеш истифода кунад. Мард бошад, бе иҷозаи зан наметавонад моликияти ӯро истифода кунад.

Бояд дар хонавода ҳамоҳангӣ дар боварӣ, хоҳиши дастгирии якдигар ҳукумрон бошад. Бинобар ин, маслиҳати банда он аст, ки суолро яктарафа нагузошта, дар ҳолати ором бо шавҳаратон ин масъаларо ба миён гузоред, ки дар кадом ҳолат анҷоми дурусти чунин корро мехоҳед. Муҳим он аст, ки якравӣ ба миён нагузошта, балки аз таҳти дил дар манфияти марди дӯстдоратон шуда, издивоҷи хешро мустаҳкамтар карда, меҳру муҳаббатро байни худ зиёдтар созед.

Муҳаммадфарух Азимов

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


«Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид

«Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум дар таърихи х-уд Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овард. Дар бозии ниҳоии мусобиқаи «Ҷоми Тоҷикистон2026» футболбозони Хуҷанд бар тими «Сардор»-и шаҳри Турсунзода бо...


Оши туппа

Маҳсулоти лозима: Гӯшти қимма, пиёз, сабзӣ, равғани растанӣ, зира, нахӯд ва лӯбиёи таркардашуда, хамири бурида.   Тарзи таҳия: Сараввал гӯшти қимма, пиёз ва сабзиро дар каме равғани растанӣ бирён карда, об резед ва зираю намак пошед, сипас нахӯди таркардашуда ва лӯбиёро андозед. Пас аз...


Чин дар Тоҷикистон нерӯгоҳҳои офтобӣ месозад

Ширкати «LONGi»-и Чин барои бунёди нерӯгоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ менамояд. Масъалаи бунёди нерӯгоҳҳо ва дигар масоили марбут ба соҳаи энергетика дар мулоқоти вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо намояндагони ширкати «LONGi»-и Чин дар...


Оилаи солим - ҷомеаи солим

Оила яке аз муқаддасотест, ки ҳар шахси соҳибшарофат онро қадр менамояд ва дар пойдории он кӯшиш ба харҷ медиҳад. Чунон ки аҳли фаҳм фармудаанд: “Оилаҳо давлатҳои хурдеанд, ки як давлати мустақилро ташкил медиҳанд”. Агар ба таърихи оиладорӣ назар андозем, мебинем, ки вақте Худованд...


5 ғизои муфид барои фаъолияти мағзи сар

Мағзи сар яке аз узвҳои асосӣ ва сермасрафи бадан аст ва барои фаъолияти дуруст ба ғизо, об ва микроэлементҳои зарурӣ ниёз дорад. Вақте организм аз ин моддаҳо камбудӣ эҳсос мекунад, инсон зуд хаста мешавад, диққаташ парешон мегардад ва қобилияти хотира метавонад коҳиш ёбад.   Мутахассисони...