Саволҳои хонандагон

Саволҳои хонандагон

Имсол фидяи рўза барои инсонҳои бемор чанд рубл муайян шудааст?

 

Бародари азиз, тибқи қарори Шўрои уламо имсол фидяи рўза барои беморони дармоннопазир ва пирони солхўрда 500 рубл муайян шудааст.

 

Имсол фитри рўза чӣ микдор муайян шудааст? Шахсоне, ки камбизоат ё қарздоранд, ба онҳо фитри рўза воҷиб аст? Оё садақаи фитр ба монанди закот бар касе воҷиб аст, ки молаш ба нисоб расидааст?

Бародари азиз, тибқи қарори Шўрои уламо имсол меъёри садақаи фитр 250 рубл муайян шудааст. Барои ашхоси камбизоат ва қарздор садақаи фитр воҷиб нест. Садақаи фитр ба ашхосе воҷиб мешавад, ки ба миқдори 618 000 рубл маблағи нақд ё ба ҳамин арзиш сармоя дошта бошанд, ҳамчун ҷиҳози хона, қолин ва ғайра, ки мавриди истифода набошанд.

 

Пули нақд надорам, аммо ба андозаи 48 гр тилло ва 215 гр нуқра дорам. Аз ин миқдор чӣ қадар закот бояд супорам?

Ба ҳисоби шаръӣ нисоби тилло 85 гр ва нисоби нуқра 600 гр аст. Нисоби тилло бо арзиши миёнаи имрўз ба 618 000 рубл баробар мебошад. Аз ин лиҳоз, айни ҳол шумо молики нисоб нашудаед ва бар шумо закот воҷиб нест. Лекин ба шукронаи ин неъмат агар аз даҳ ҳазор рубл 250 рубл ба ягон ниёзманде диҳед, савоб мегиред.

 

Дар ороишоти тиллоии занон закот воҷиб аст ё на?

Заноне, ки ба андозаи 85 гр ороишоти тиллоӣ ё 600 гр ороишоти нуқрагин дошта бошанд, дар он закот воҷиб мегардад. Аз зеварҳои тиллоӣ 2,125 гр тилло ва аз зеварҳои нуқрагин 15 гр нуқра ё қимати онро пардохт мекунанд.

 

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Дар Санкт-Петербург фаъолияти муҳоҷиронро дар чанд соҳаи корӣ маҳдуд карданд

Мақомоти шаҳри Санкт-Петербург барои шаҳрвандони хориҷие, ки дар асоси патент фаъолият мекунанд, дар як қатор соҳаҳо маҳдудияти кор ҷорӣ намуданд. Ин манъкунӣ соҳаҳои тиб, савдои чакана, сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн, толорҳои варзишӣ ва марказҳои солимгардониро дар бар мегирад. Тибқи қарори...


5 ғизои муфид барои фаъолияти мағзи сар

Мағзи сар яке аз узвҳои асосӣ ва сермасрафи бадан аст ва барои фаъолияти дуруст ба ғизо, об ва микроэлементҳои зарурӣ ниёз дорад. Вақте организм аз ин моддаҳо камбудӣ эҳсос мекунад, инсон зуд хаста мешавад, диққаташ парешон мегардад ва қобилияти хотира метавонад коҳиш ёбад.   Мутахассисони...


Рӯзи 16-уми ноябр — рӯзи таърихӣ ва муҳим барои миллату кишвар

Тавре ба ҳамагон маълум аст, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи 16 ноябр Рӯзи Президент муайян карда шудааст. Мо ҳамасола ин рӯзро ҳамчун рамзи қадршиносӣ аз заҳмату талошҳои Пешвои миллат дар роҳи эъмори давлати миллии тоҷикон — «Рӯзи Президенти...


Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон — 24 ноябр

24 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил мегардад. Ин сана баъд аз қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (24 ноябри соли 1992) муқаррар шудааст. Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ба шумор меравад ва...


Чин дар Тоҷикистон нерӯгоҳҳои офтобӣ месозад

Ширкати «LONGi»-и Чин барои бунёди нерӯгоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ менамояд. Масъалаи бунёди нерӯгоҳҳо ва дигар масоили марбут ба соҳаи энергетика дар мулоқоти вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо намояндагони ширкати «LONGi»-и Чин дар...