Саволу ҷавоб

Саволу ҷавоб

 

 

 

Ман аз шахсе қарздорам ва мехоҳам қарзашро баргардонам, вале алҳол намедонам, ки ў дар куҷост. Қарзи ўро чӣ гуна баргардонам?

Шумо кўшиш кунед, ки он шахсро пайд кунед, агар пайдо накардед, бояд дар ҳузури шоҳид ба ворисонаш баргардонед.

 

 

Оё касе, ки умра анҷом додааст, дар ҳар иди Қурбон бояд қурбонӣ кунад?

Қурбонӣ кардан ба умра ё ҳаҷ вобастагӣ надорад, балки ҳар касе соҳиби нисоб бошад, қурбонӣ кардан бар ў воҷиб аст, хоҳ умра карда бошад ё на. «Любоб»

 

 

1. Тарзи нияти ду ракъат намозе, ки барои ҳаққи масҷид хонда мешавад, чигуна аст? 2. Агар мард дар хона танҳо намоз гузорад, азон мегўяд? 3. Дар ҳолати рўзадор будан ғусл кардан мумкин аст? 4. Намози таҳаҷҷуд чигуна гузорида мешавад?

  1. Бародари азиз, намозе, ки пас аз даромадан ба масҷид гузорида мешавад, “таҳияти масҷид” ном дорад ва равиши нияти он чунин аст: “Ният кардам бигузорам ду ракъат намози таҳияти масҷид, рўй овардам ба қибла, қибла ҷиҳати Каъба, холисан лиллоҳи таъоло Аллоҳу акбар”. 2. Агар дар шаҳр иқомат дошта бошад, пас дар ин ҳолат азони масҷид кофӣ аст, вале беҳтар ин аст, ки қабл аз намоз азону иқомат гўяд, то ки ҷинну шайтон аз хона фирор кунанд ва файзу баракат ҳосил шавад. 3. Дар ҳолати рўза ғусл кардан дуруст аст, албатта эҳтиёт бояд кард, ки об аз роҳи даҳон ё бинӣ ба дохили бадан ворид нашавад. 4. Намози таҳаҷҷудро ба сурати дуракъатӣ ё чаҳорракъатӣ гузоридан дуруст аст. Вақти намози таҳаҷҷуд аз нисфи шаб то ҳангоми субҳи содиқ аст. Беҳтарин вақт барои намози таҳаҷҷуд нимаи охири шаб аст. Тариқаи суннат он аст, ки пас аз намози хуфтан бихобад ва дар охири шаб бархоста, намози таҳаҷҷудро ба ҷо оварад.

 

 

 

Вақти намози бомдод аз соати 04:21 то 05:50 аст. Мегўянд, ки агар намозро дар охири вақти муайншуда гузорӣ, аз зимма соқит мешавад, вале савоб надорад. Пас гузоридани намоз дар вақти муайяншуда чӣ гуна савоб надорад? Оё савоби гузоридани намоз дар аввали вақт нисбат ба охираш ягон фарқе дорад?

Бародари азиз, вақти намози бомдод аз дамидани субҳ шуруъ мешавад ва то тулуъи офтоб идома меёбад, чунонки дар ҷадвали вақтҳои намозҳо нишон дода шудааст. Аввали онро дар истилоҳи фиқҳӣ “ғалас” мегўянд, ки дар ин ҳолат ҳанўз осмон торик аст. Ҳангоме ки торикӣ ба охир мерасад ва равшанӣ ҳама ҷоро фаро мегирад, дар истилоҳи фиқҳӣ ба он “исфор” гуфта мешавад. Аз нигоҳи фиқҳи ҳанафӣ агар шахсе намози бомдодро дар ҳолати ғалас гузорад, намозаш дуруст мешавад ва савоб ҳам мегирад. Вале мустаҳаб ва хуб аст, ки намозро дар ҳолати исфор гузорад, зеро савобаш бештар аст. Дар ҳадис омадааст, ки “намози бомдодро дар ҳолати исфор (равшанӣ) гузоред, ки аҷри он бузургтар аст”. Лекин чунон таъхир накунад, ки офтоб ба тулуъ наздик шавад. «Мароки Фалох»

 

 

Дар бораи савганд ва намудҳои он маълумот диҳед. Ҳар як намуди он чӣ каффорат ва тарки он чӣ ҳукм дорад?

Аз нигоҳи фиқҳи мазҳаби ҳанафӣ қасам бар се қисм аст: Қасами мунъақид, қасами ӣамус ва қасами лаӣв. Ҳар яке аз ин навъҳо дорои суратҳои хос аст, ки дар китобҳои фиқҳӣ зикр шудаанд. Агар лафзи қасам аз навъи қасами мунъақид бошад, баргардонидани он имкон надорад. Дар ҳолати шикастани қасам вобаста ба лафзи он каффорат лозим мешавад ва ё ҷазо воқеъ мегардад. Масалан, агар касе савганд ёд кард, ки “фалон амалро анҷом намедиҳам”, вале пас аз чанде он амалро анҷом дод, дар ин ҳолат қасамаш мешиканад ва бар ў каффорат лозим мегардад. Каффорати қасам ин аст, ки даҳ нафар фақирро наҳору шом ғизо бихўронад ё ба ҳар нафар фақире ним ман гандум (2 кг) ё як ман (4 кг) ҷав ё қимати онро бидиҳад ё даҳ мискинро либос бипўшонад, агар бар яке аз инҳо қодир набуд, се рўз рўза бигирад. Агар касе савганд ёд кард, ки “агар фалон корро анҷом диҳам, занам талоқ бошад”, пас, агар он корро анҷом диҳад, ҳамсараш талоқ мешавад. «Любаб»

 

 

Алҳол ман дар хонаи иҷора зиндагӣ дорам ва сохтмони хонаи навинам ҳанўз ба анҷом нарасидааст. Оё дар пардохти закот хона ва мошин ҳисоб мешавад?

Агар шумо ба миқдори 500 000 рубл маблағи нақд ё ашё ба нияти тиҷорат дошта бошед, дар ин ҳолат пардохти закот бар шумо воҷиб мешавад. Аммо дар хонае, ки барои сукунат бошад ва мошине, ки мавриди истифода қарор дорад, закот воҷиб нест.

 

 

 

Мо дар шаҳри Новосибирск кору фаъолият мекунем, аммо макони зисти доимиямон аз Новосибирск 200 км дур аст. Ҳар ҳафта рўзи якшанбе ё душанбе ба кор меравем ва пас аз чор ё панҷ рўз (гоҳ-гоҳ 11-12 рўз) ҳатман ба хона бармегардем. Бинобар ин намозро қаср мегузорем. Лекин як нафар рўҳонӣ чунин фатво дод, ки шумо дар ин ҷо кор мекунед ва ризқу рўзии оилаатонро аз ҳамин ҷо ба даст меоред, бинобар ин, бароятон қаср хондани намоз дуруст нест. Оё мо намозро қаср гузорем ё пурра?

Дар мазҳаби ҳанафӣ масофаи сафар се марҳала аст ва тибқи қарори Шўрои уламои Точикистон ба ҳисоби имрўза 120 км муайян шудааст. Азбаски масофаи байни макони зисти шумо то шаҳри Новосибирск зиёда аз 120 км аст ва дар макони коратон нияти иқомати 15 рўз надоред, дар ин сурат шумо дар аснои сафар ва дар ҷои коратон намозро қаср мегузоред. Агар дар ҷои кор намозатон қазо шавад, онро дар хона қаср мегузоред ва агар дар хона намозе аз шумо қазо шуда бошад, онро дар макони коратон пурра мегузоред. «Хошияти Тахтови»

 

 

Ман бо ҳамсарам дар давоми зиндагӣ як бор никоҳ кардем. Чанд моҳ пас ба Русия омадам ва ўро тариқи телефон бо як лафз се талоқ додам. Оё барои идомаи зиндагии якҷояамон ягон фатво ҳаст?

Пас аз воқеъ шудани се талоқ идомаи зиндагии якҷоя байни зану шавҳар ҳаром мегардад, аз ин рў шумо наметавонед бо якдигар зиндагӣ кунед. Нафақаи зан то сипарӣ шудани идда дар зиммаи шумо аст. Пас аз гузаштани идда зан озод аст, агар бихоҳад бо марди дигар ба шавҳар мебарояд. Албатта агар зан аз шавҳари дигар ҳам талоқ шуда иддааш сипарӣ шавад, дар ин сурат бо шавҳари аввалаш метавонанд аз нав зиндагиро оғоз кунанд. «Ихтиер»

 

Гузоридани намоз дар хона бидуни азону иқомат дар кадом ҳолат дуруст аст?

Агар шумо дар шаҳр иқомат дошта бошед, пас дар ин ҳолат азони масҷид барои шумо кофӣ аст, вале беҳтар ин аст, ки қабл аз намоз азону иқомат гўед, то ки ҷинну шайтон аз хона фирор кунанд ва файзу баракат ҳосил шавад. «Мароки Фалох»

 

2026-05-01 (Зулқаъдаи соли 1447) №5.


Хосиятҳои шифобах-шии чукрӣ

Бо фаро расидани баҳор дар кӯҳистони Тоҷикистон яке аз гиёҳҳои серистеъмол ва шифобахш – ревоҷ, ки миёни мардум бо номи чукрӣ машҳур аст, мерӯяд. Ин гиёҳи хӯрданбоб на танҳо маззаи хос дорад, балки дорои хислатҳои зиёди табобатӣ низ мебошад.   Тибқи маълумоти «Энсиклопедияи...


Хатсайри Душанбе-Москва дубора фаъол мешавад?

Масъалаи барқарор кардани ҳаракати қатораи мусофирбари мустақим дар масири Душанбе - Маскав миёни намояндагони вазоратҳои нақлиёти Тоҷикистон ва Русия мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ин мавзӯъ дар мулоқоти муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон Шоиста Саидмуродзода бо муовини вазири нақлиёти Федератсияи...


1,8 миллиард доллар гардиши тиҷорати Тоҷикистон дар 2 моҳ

Тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар ду моҳи аввали соли 2026 тамоюли мусбати рушд нишон додааст. Тибқи гузориши Бонки АвруОсиёии Рушд, гардиши тиҷорати хориҷии кишвар дар моҳҳои январ – феврал ба 1,8 миллиард доллар расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 27,3 фоиз зиёд мебошад. Ба иттилои...


Чемпионати Осиё: Парвиз Каримов ба финал рох ёфт

Дар шахри Улан-Батори Мугулистон Чемпионати Осиё оид ба бокс идома дорад. Дар рузи нухуми мусобика ракобатхои мархили нимнихой баргузор шуда истодаанд. Дар ин мархилаи мусобика кишвари моро Мичгона Самадова (57 кг), Некруз Салимов (80 кг) ва Парвиз Каримов намояндагй карданд. Мичгона ва Некруз...


Саволу ҷавоб

Агар ҳангоми намоз хондан аз рӯи ҷойнамоз як ҳайвон ё кӯдаки хурдсол гузарад, оё намоз қатъ мешавад? Не, намоз аз сабаби гузаштани чизе аз пеши намозгузор ботил намегардад. Агар шахси оқил бо қасди худ аз пеши намозхон убур кунад, худи ҳамон шахс гунаҳгор мешавад, аммо дар намози намозгузор ҳеҷ...