Саволу ҷавоб

Саволу ҷавоб

Агар шахс ба сабаби беморӣ рўза гирифта натавонад, оё метавонад, ки закоташро пас аз моҳи Рамазон пардохт кунад?

Закот ибодати алоҳида аст ва ба рўза вобастагӣ надорад. Агар шахсе дар кадом моҳе соҳиби 500 ҳ.р. шуд ва аз он моҳ як сол гузашт, бояд закоташро пардохт кунад. Агар мақсади шумо аз ин сухан фидяи рўза бошад, пас дар ин сурат беморони дармоннопазир ва пирони солхўрда, ки тавони рўзаро надоранд, метавонанд, ки фидяи рўзаро дар моҳи Рамазон ё пас аз он адо кунанд. «Ихтиёр»

 

 

Домоду арўсе, ки нав издивоҷ кардаанд, метавонанд рўзаи моҳи шарифи Рамазонро бигиранд?

Рўзаи моҳи шарифи Рамазон бар зиммаи ҳар фарди мусулмони пиру ҷавон, аз ҷумла бар арўсу домоди тоза издивоҷ карда фарзи айн аст ва тарки он гуноҳи кабира ҳисобида мешавад. «Дурар ул-Хуккам»

 

 

Дар ҳолати рўза даҳонро вақти таҳорат шустан мумкин аст?

Дар ҳолати рўза низ шустани даҳон ва мисвок кардан дар аснои таҳорат суннат аст, вале набояд обро ғарғара кард, зеро эҳтимол аст, ки об ба ҳалқ ворид шавад ва рўза фосид гардад. «Хашияту Тахтови»

 

 

Барои зане, ки дар моҳи Рамазон одати моҳона пеш ояд, рўза гирифтан мумкин аст ё на?

Дар ҳолати пеш омадани одати моҳона рўза гирифтан манъ аст, зан дар рўзҳои одаташ рўзаро мехўрад ва пас аз моҳи Рамазон қазои он рўзҳоро ба ҷо меорад. «Ҷавхару Нийра»

 

 

Зане ҳомила аст ва қуввати рўза доштанро дорад, лекин духтур мегўяд рўзаашро бихўрад, зеро барои тифли батнаш зарар дорад.

Агар табибони мусалмон ба хўрдани рўзааш тавсия додаанд, метавонад рўзаро хўрда, пас аз моҳи муборак дар замони муносиб қазои онро ба ҷо меорад. Дар кадом рўзи моҳ рух додани беморӣ муҳим нест. Худованд ба шумо тавфиқу комёбӣ ва ба беморатон шифои комилу оҷил ато фармояд. «Хашияту Тахтови»

 

 

Оё дар моҳи шарифи Рамазон истифода бурдани ҳар гуна хушбўӣ ва бўй кашидани гулҳо дуруст аст?

Истифодаи хушбўӣ ва бўй кашидани гул дар ҳолати рўза кароҳат дорад, аммо ба машом расидани бўйи хуш бидуни ихтиёри рўзадор боке надорад. «Любоб»

 

 

Ман дар моҳи Рамазон саҳархўрӣ намекунам ва ҳангоми намози бомдод бархоста ният мекунам. Оё тарки саҳархўрӣ дуруст аст? Агар ҳамин тавр идома диҳам, гуноҳ мешавад?

Саҳархўрӣ кардан суннат аст ва аҷру савоб ва баракат дорад, тарк кардани он макрўҳ аст. «Мароки Фалох»

 

 

Агар қай то гулў ояд, вале хориҷ нашавад, рўза мешиканад?

Дар ин ҳолат рўза намешиканад. «Ихтиёр»

 

 

Саҳар хобам бурдааст, лекин ман рўза доштам, дуруст мешавад ё на?

Дар ин сурат рўзаи шумо дуруст аст. «Нурул Изох»

 

 

Дар моҳи Рамазон ба сабаби ғалабаи шаҳват шаш рўз рўза дошта натавонистам. Чӣ каффорат дорад?

Агар шумо дар ин шаш рўз нияти рўза нокарда чизе хўрдаед ва ё бо ҳамсаратон ҳамхоба шуда бошед, дар ин сурат фақат рўзаи ҳамон шаш рўзро қазо медоред. Агар пас аз нияти рўза кардан чизе хўрдаед ё ҳамхоба шудаед, пас лозим аст, ки ду моҳ паёпай рўзаи каффорат ва шаш рўз рўзаи қазоӣ доред. «Ихтиёр»

 

 

Оё берун омадани балғам таҳорат ва фурў рафтани он рўзаро мешиканад? Қай кардан дар ҳолати рўза чӣ ҳукм дорад?

Хориҷ шудани балғам ё фурў рафтани он ба таҳорат ва рўза зарар надорад. Агар қай бар инсон ғолиб ояд ва онро нигоҳ дошта натавонад, рўзаро намешиканад, агарчи бо пурии даҳон бошад. Аммо агар ба ихтиёри худаш қай кунад, рўзааш мешиканад. «Ихтиёр»

 

 

Дар хоб эҳтилом шудан рўзаро мешиканад?

Ба сабаби эҳтилом рўза намешиканад, балки дар ин ҳолат ғусл воҷиб мегардад ва фавран ғусл бояд кард, зеро ба таъхир андохтани ғусл макрўҳ аст. «Мароки Фалох»

 

 

Падари ман аз сабаби бемории меъда рўзаро хўрданд. Оё ман аз номи падарам барои рўзаи рўзҳои боқимонда фидя пардохт карда метавонам? Фидяро ба кӣ ё ба куҷо бояд дод?

Шумо метавонед фидяи рўзаи падаратонро адо кунед. Фидяи рўза ба фақирону мискинон ва ашхоси муҳтоҷу қарздор бояд дода шавад. «Ихтиёр»

 

 

Одами рўзадор метавонад, ки дандонашро пломба кунад?

Мутобиқи масоили фиқҳии муосир дар ҳолати рўза пломба кардани дандон дуруст аст. «Фикхи Ханафи фи савби Ҷадид»

 

 

Рўзаи шаш рўзи пас аз моҳи Рамазонро чӣ тавр ният мекунанд ва пай дар пай дошта мешавад ё ҷудо-ҷудо?

Рўзаи шаш рўзи моҳи Шаввол аз навъи рўзаҳои нофила аст ва бо нияти нафл анҷом дода мешавад.

Дар тариқи адои ин рўза ҳар кас ихтиёр дорад, метавонад онро пай дар пай ба ҷо оварад ё ки ҷудо-ҷудо, инчунин метавонад дар ҳар даҳаи ин моҳ ду рўз рўза дорад. «Хашияту Тахтови»

 

 

Дору чакондан дар чашм рўзаро мешиканад?

Чакондани дору дар чашм рўзаро намешиканад, агарчи таъми онро дар ҳалқаш эҳсос кунад. Фақеҳон ин масъаларо ба кашидани сурма қиёс намудаанд ва таҳқиқоти тиббии муосир низ ин ҳукмро таъйид мекунад. «Хашияту Тахтови»

 

 

2026-10-01 (Рабиул ахири соли 1448) №10.


Беш аз 23,6 миллион рубл музди меҳнати муҳоҷирон баргардонида шуд

Дар ҳафт моҳи соли 2026 дар натиҷаи фаъолияти Намояндагӣ оид ба масъалаҳои пардохт нашудани музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, ба муҳоҷирони тоҷик 23 миллиону 655 ҳазору 452 рубл маблағи музди меҳнати пардохтнашуда баргардонида шудааст. Ин маблағ...


Муштзанҳои тоҷик ба Бозиҳои ХХ-уми Осиё мераванд

Аз 19-уми сентябр то 4-уми октябр дар шаҳрҳои Айтӣ ва Нагояи Ҷопон Бозиҳои XX-уми Осиё баргузор мегардад. Дар мусобиқа варзишгарони 45 кишвари қора барои 217 маҷмуи нишонҳо мубориза мебаранд. Ҳайати Тоҷикистонро дар мусобиқа 117 варзишгар намояндагӣ мекунанд. Аз намуди бокс дар ин мусобиқаи...


Чипсҳои картошкагӣ

Маҳсулоти лозима: 1-2 дона картошка, 2 қошуқ равғани зайтун, намак ва паприка мувофиқи табъ.   Тарзи таҳия: Картошкаро то ҳадди имкон тунук реза кунед. Барои ин метавонед аз пӯстканак ё комбайн истифода баред. Табақи тафдони хурдмавҷро бо коғази пухтупазӣ пӯшонда, каме равғани зайтун молед....


Тоҷикистон бо Озарбойҷон, Чин ва Фаластин бозиҳои дӯстона мегузаронад

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 дар рӯзҳои FIFA дар моҳҳои сентябр ва октябр дар сафар се бозии дӯстона баргузор мекунад. 23-юми сентябр дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Озарбойҷон вохӯрӣ анҷом медиҳад. Бозӣ дар варзишгоҳи...


Зиндагии Аҳмади Дониш

Ташаккулёбии чаҳонбинии Аҳмади Дониш   Яке аз фозилтарин фарзандони Бухорои Шарифи асри XIX Аҳмад Махдуми Дониш, мулаққаб ба Аҳмади Калла (1826-1897) ба ҳисоб меравад. Ӯ дар шаҳри Бухорои Кӯҳна, дар оилаи Носир ном мулло ба дунё омадааст. Маълумоти ибтидоиро дар мактаби хусусии духтаронаи...