Саволу ҷавоб

Саволу ҷавоб

 

Дар бораи намози таробеҳ каме мефахмондед?

Намози таробеҳ 20 ракаат буда, ду-ракаатӣ намоз хонда мешавад. Сараввал 4 ракаъат фарзи намози хуфтан хонда, сипас 2 ракаъат суннати намози хуфтан хонда мешавад. Пас аз он намози таробеҳ хонда, дар охир се ракаъат витри воҷиб хонда мешавад.

Намози таробеҳ бо ҷамоат дар масҷид хонда мешавад. Ду ракаъат намози таробеҳ мисли суннати намозҳои дигар хонда мешавад.

 

Нияти намози таробеҳ

Нияти намози таровеҳ чунин аст: «Ният кардам бигузорам ду ракъат суннати намози таровеҳ, рӯй овардам ба қибла, қибла ҷиҳати Каъба, (агар бо ҷамоат хонад, “иқтидо кардам ба имоми ҳозиристода”), холисан лиллоҳи таъоло Аллоҳу акбар».

Пас аз хондани чор ракаъати намози таровеҳ, каме нишаста, истироҳат мекунед, ҳангоми истироҳат тасбеҳи таровеҳ хонда мешавад, ки чунин аст:

 

Тасбеҳи таробеҳ

«Субҳона Зил-мулки вал-малакут, субҳона Зил-ъиззати вал-ъазамати вал-қудрати вал-кибриёи вал-ҷабарут, субҳонал-Маликил-Ҳаййиллазӣ ло яному ва ло ямут, Суббуҳун Қуддусун Раббуно ва Раббул-малоикати вар-рӯҳ, ло илоҳа иллаллоҳу настағфируллоҳ, насъалукал-ҷанната ва наъузу бика минан-нор».

Тарҷума: Пок аст Худованди соҳиби мулку малакут, пок аст Худованди соҳиби иззату бузургӣ ва қудрату кибриё ва фармонравоӣ, пок аст Худованди зиндаву поянда, ки на мехобад ва на мемирад, бисёр пок ва бисёр муназзаҳ, Парвардигори мо ва Парвардигори фариштагону Рӯҳ аст. Нест худое барҳақ ба ҷуз Аллоҳ, аз Худованд омурзиш мехоҳем. Аз Ту биҳиштро хосторем ва ба Ту аз дӯзах паноҳ мебарем.

Пас аз шаби Лайлатулқадр (бо баъзе маъхазҳо даҳаи охири Рамазон) тасбеҳ ба чунин тарз хонда мешавад:

«Субҳонал ҳаннонил маннон, субҳонал малики-д-дайён, алмаъруфу бил эҳсон вал мавсуфу бил ғуфрон. Алвадоъ, алвадоъ ё шаҳра Рамазон, Алфироқ, алфироқ ё шаҳра-т-таровиҳи ва-т-тасобиҳи ва хатмил Қуръон. Аввалуҳу раҳматун ва авсатуҳу мағфиратун ва охируҳу ъитқун мина-н-нирон. Ло илоҳа иллаллоҳу настағфируллоҳа ва насъалукал ҷанната ва наъузу бика мина-н-нор».

(«Хошияти Тахтови»)

 

 

Оё ҳангоми рӯзадорӣ пошидани атр (барои зану мард) мумкин аст?

Оре, мумкин аст, алалхусус дар намозҳо боке надорад. («Любоб»)

 

 

Оё дар моҳи Рамазон издивоҷ кардан мумкин аст? Дар моҳи Рамазон ҷимоъ дар кадом вақт иҷоза дода мешавад?

Издивоҷ дар моҳи Рамазон дуруст аст, вале ҳамбистарӣ бо ҳамсар аз субҳи содиқ то фурў рафтани офтоб дуруст нест. («Аль-фикху ль-Ханафия»)

 

 

 

Мусулмоне, ки рӯзаро дар як кишвар оғоз карда, баъд ба кишвари дигар рафта бошад, дар сурати дар байни кишварҳо фарқияти вақт вуҷуд доштан, (яъне як рӯз пеш ё баъд

шурӯъ шудани моҳи Рамазон) кай бояд ид кунад?

Дар ҳар кишваре, ки зиндагӣ кунад, ба суханони уламои ҳамон кишвар амал мекунад. Дар ин сурат бояд давомнокии рўза аз 29 рўз кам нашавад ва аз 30 рўз зиёд нашавад.

 

 

Рӯза гирифтан аз чандсолагӣ фарз мешавад?

Рўза гирифтан аз замони булуғ, яъне барои писар аз дувоздаҳсолагӣ ва барои духтар аз нуҳсолагӣ фарз мешавад.

 

 

Оё қай кардан (партофтан) рўзаро мешиканад (агар шахс тасодуфан қай кунад)?

Агар ба пурии даҳон қай кунад, рўза мешиканад, дар акси ҳол рўза дуруст аст. («Аль-фикху ль-Ханафия»)

 

 

Агар духтаре дар моҳи Рамазон ҳайз бинад, рўза гирифтанаш дуруст аст?

Хоҳари азиз, рўза гирифтан дар ҳолати ҳайз манъ ва ҳаром аст, пас аз моҳи Рамазон қазояшро ба ҷо меорад. («Любоб»)

 

 

Инсоне, ки дар моҳи Рамазон нафси худро идора карда наметавонад ва худирзоӣ мекунад, оё рўзааш мешиканад? Агар худирзоӣ накунад, вале суратҳои урён тамошо кунад, дар ин ҳолат рўзааш мешиканад?

Бародари азиз, худирзоӣ рўзаро мешиканад, бо тамошои суратҳои урён рўза макрўҳ мешавад, агар дар ин ҳолат инзоли манӣ шавад, рўзааш мешиканад. Рўза фаризаи илоҳӣ аст ва ҳадафи он пок шудан аз ахлоқи разила ва музайян шудан ба ахлоқӣ ҳамидаи инсонӣ аст. («Аль-фикху ль-Ханафия»)

 

 

Зане, ки ҳамли ду-се ҳафтаина дорад, аз нигоҳи дини Ислом бояд рўза дорад ё на?

Агар дар рўза доштани ин зан ба саломатии ў ё ба ҳамлаш зараре пеш ояд, дар ин ҳолат метавонад, ки рўза надорад. Пас аз таваллуди фарзандаш дар вақти муносиб қазои рўзаро медорад. («Ихтиёр»)

 

 

Оё дар ҳолати рўза аз лаб бўса кардани зан рўзаро мешиканад?

Бўса кардан дар ҳолати рўза макрўҳ аст, агар хавфи инзоли манӣ вуҷуд дошта боша ва агар хавфи инзоли мани набошад боке надорад. («Марок ил-Фалох»)

 

 

Дар моҳи шарифи Рамазон дурўғ гуфтан ё ҳақорат кардан то кадом андоза ба рўзадории мо таъсири манфӣ мерасонад? Мегўянд, ки ҳатто дашном рўзаро мешиканад, ин дуруст аст?

Дурўғ гуфтан ва дашном додан аз ҷумлаи хислатҳои зишт буда, барои шахси мусулмон зебанда нест. Аммо мутаассифона баъзе ҷавонон ва наврасону кўдакон ба ин хислати бад гирифторанд, чунки онҳо аз фарҳангу маънавиёти Ислом дур мондаанд. Имом Тирмизӣ аз Ибни Умар ривоят кардааст, ки Пайғамбар ﷺ фармуданд: «Ҳангоме ки одамӣ дурўғ мегўяд, фариштагон аз бўйи бади дурўғ ба андозаи як мил аз ў дур мешаванд». Дар ҳадиси дигар ба ривояти Бухорӣ Пайғамбар ﷺ фармудаанд: «Ҳар шахси рўзадоре, ки сухану кори беҳударо тарк накунад, Худованд ниёзе ба гурусна ва ташна будани ў надорад». Аз нигоҳи фиқҳӣ дурўғ гуфтан ва дашном додан рўзаро намешиканад, аммо аҷру савоби онро аз байн мебарад ва барои шахси рўзадор ба ҷуз гуруснагию ташнагӣ чизе намемонад. («Марок ил-Фалох»)

 

 

Агар зан панҷмоҳа ҳомила бошад, дар моҳи мубораки Рамазон рўза мегирад?

Агар ў тавони рўза гирифтан дошта бошад ва рўза ба ў ё тифлаш зарар накунад, дар ин ҳолат рўза мегирад, дар акси ҳол, рўзаро мехўрад ва баъдан қазои онро медорад. («Ихтиёр»)

 

 

Дар хоб эҳтилом шудан рўзаро мешиканад?

Ба сабаби эҳтилом рўза намешиканад, балки дар ин ҳолат ғусл воҷиб мегардад ва фавран ғусл бояд кард, зеро ба таъхир андохтани ғусл макрўҳ аст. («Хошияту Тахтови»)

 

 

Саҳар хобам бурдааст, лекин ман рўза доштам, дуруст мешавад ё на?

Дар ин сурат рўзаи шумо дуруст аст. («Марок ил-Фалох»)

 

2026-04-01 (Шаввали соли 1447) №4.


Чӣ гуна моли худро пок кунем?

Ҳамду сано Худованди ягонаро, дуруду салом ба Паёмбари гиромӣ ﷺ ва тамоми олу асҳобаш бод.   Закот яке аз аркони Ислом буда дар бисёре аз оятҳои Қуръон бо намоз якҷо зикр шудааст. Худованд мефармояд: «Ҳаргиз гумон набаранд касоне, ки ба он чи Худованд ба онҳо додааст, бахилӣ мекунанд,...


Русия назорати муҳоҷиронро сахттар мекунад

Ҳукумати Русия ба Думаи давлатӣ пешниҳод кард, ки асосҳо барои рад кардани иҷозатномаи кор ё патент барои муҳоҷирон бештар карда шаванд. Лоиҳаи қонун, ки дар сомонаи Думаи давлатӣ нашр шудааст, пешниҳод мекунад, ки мақомоти андоз ба таври худкор (автоматӣ) маълумот дар бораи даромади шаҳрвандони...


Дуруд бар шумо хонандагони азизи мо!

Покизагии даромад ва ҳифзи ҷомеа дар замони муосир   Имрӯз, ки бисёре аз бародарону хоҳарони мо дар кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Русия, ба тиҷорат ва кор машғуланд, лозим аст, ки ҳисоби солонаи молии худро ба роҳ монанд ва Закоти моли худро адо кунанд. Закот моро аз бухл ва ҳирс дур месозад ва...


Тақвими ду даври аввали бозиҳои Лигаи олии футболи Тоҷикистон

Лигаи футболи Тоҷикистон тақвими бозиҳои Чемпионати Тоҷикистон-2026 байни дастаҳои Лигаи олиро тасдиқ кард.   Мавсими 35-уми Чемпионати Тоҷикистон рӯзи 6-уми март оғоз мешавад. Мавсими нави Лигаи олӣ дар ду марҳила бо ширкати 12 даста баргузор мешавад. Дар маҷмуъ ҳар як даста 22 бозӣ анҷом...


Бозигарони дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар клубҳои хориҷӣ

Дар равзанаи зимистонии соли 2026 якбора чанд футболбози тоҷик тасмим гирифтанд, ки фаъолияти худро дар клубҳои хориҷӣ идома диҳанд, аммо аксари онҳо дар Осиё бозӣ мекунанд.   Пурсарусадотарин трансфери ин мавсим гузаштани ҳамлавари дастаи мунтахаби Тоҷикистон Шериддин Бобоев ба дастаи...