Саволу ҷавоб

Саволу ҷавоб

Саволу ҷавоб

Ҳамсарамро бори дуюм як талоқ додам. Пас аз панҷ рўз боз як талоқ додам. Оё талоқи сеюм дар ҳолати идда ба эътибор гирифта мешавад?

Дар сурати мазкур талоқи сеюм воқеъ шудааст, бинобар ин, идомаи зиндагии муштарак байни шумо ва ҳамсаратон мамнуъ аст. Лекин таъмини нафақаи ҳамсаратон то ба поён расидани муддати иддааш дар зиммаи шумо лозим аст. «Хидоя»

 

 

Ман аз шахсе қарздорам ва мехоҳам қарзашро баргардонам, вале алҳол намедонам, ки ў дар куҷост. Қарзи ўро чӣ гуна баргардонам?

Шумо кўшиш кунед, ки он шахсро пайдо кунед, агар пайдо накардед, бояд дар ҳузури шоҳид ба ворисонаш баргардонед.

 

Дар ҳолати розӣ будани шавҳар зан метавонад, ки абрўҳояшро бичинад?

Чидани абрў аз нигоҳи шариат манъ аст. “Ибн Обидин”

 

Гузоридани намоз дар хона бидуни азону иқомат дар кадом ҳолат дуруст аст?

Агар шумо дар шаҳр иқомат дошта бошед, пас дар ин ҳолат азони масҷид барои шумо кофӣ аст, вале беҳтар ин аст, ки қабл аз намоз азону иқомат гўед, то ки ҷинну шайтон аз хона фирор кунанд ва файзу баракат ҳосил шавад. “Мароки Фалох”

 

 

Аз гўшти чорвое, ки барои ақиқа забҳ мешавад, аҳли ҳамоноила истифода бурда метавонанд?

Албатта аҳли оила аз гўшти ақиқа истифода мебаранд.

“Фикхи ислом”

 

 

Агар зан дар ҳолати бемории занона қарор дошта бошад, намоз гузоридан ва рўза гирифтанаш дуруст аст?

Дар ҳолати одати моҳона намоз гузоридан ва рўза гирифтан манъ ва ҳаром аст. “Нурул изах”

 

 

Мард аз ҳамсараш матлаберо мепурсад ва мегўяд, ки “агар дурўғ ҷавоб гардонӣ, ба номат талоқ”, аммо зан намефаҳмад, ки суол дар бораи чист ва ҷавоби манфӣ медиҳад. Баъдан вақте мард асли матлабро ба ў мефаҳмонад, зан рост ҷавоб медиҳад. Оё дар ин ҳолат талоқ воқеъ мешавад?

Дар сурати мазкур зан матлабро дарк накардааст, бинобар ин, талоқ воқеъ нашудааст. «Лубоб»

 

 

Аз чанд дар сади пуламон бояд закот диҳем?

Агар шумо ба андозаи 480 000 рубл маблағ дошта бошед, дар ин сурат ба миқдори 12000 рубл закот додан бар шумо воҷиб мегардад. Агар аз ин миқдор зиёда дошта бошед, пас маҷмўъи онро ба адади 40 тақсим кунед ва ҳосили онро ҳамчун закот бипардозед. “Лубоб”

 

 

Дар бораи савганд ва намудҳои он маълумот диҳед. Ҳар як намуди он чӣ каффорат ва тарки он чӣ ҳукм дорад?

Аз нигоҳи фиқҳи мазҳаби ҳанафӣ қасам бар се қисм аст: Қасами мунъақид, қасами ӣамус ва қасами лаӣв. Ҳар яке аз ин навъҳо дорои суратҳои хос аст, ки дар китобҳои фиқҳӣ зикр шудаанд. Агар лафзи қасам аз навъи қасами мунъақид бошад, баргардонидани он имкон надорад. Дар ҳолати шикастани қасам вобаста ба лафзи он каффорат лозим мешавад ва ё ҷазо воқеъ мегардад. Масалан, агар касе савганд ёд кард, ки “фалон амалро анҷом намедиҳам”, вале пас аз чанде он амалро анҷом дод, дар ин ҳолат қасамаш мешиканад ва бар ў каффорат лозим мегардад. Каффорати қасам ин аст, ки даҳ нафар фақирро наҳору шом ғизо бихўронад ё ба ҳар нафар фақире ним ман гандум (2 кг) ё як ман (4 кг) ҷав ё қимати онро бидиҳад ё даҳ мискинро либос бипўшонад, агар бар яке аз инҳо қодир набуд, се рўз рўза бигирад. Агар касе савганд ёд кард, ки “агар фалон корро анҷом диҳам, занам талоқ бошад”, пас, агар он корро анҷом диҳад, ҳамсараш талоқ мешавад. “Дурару Мухтор”

 

 

Тарзи нияти намози нафл чигуна аст?

Равиши нияти намози нафл ин гуна аст: “Ният кардам бигузорам ду ракъат намози нафл, рўй овардам ба қибла, қибла ҷиҳати Каъба, холисан лиллоҳи таъоло Аллоҳу акбар”.

 

 

Мо дар шаҳри Москва кору фаъолият мекунем, аммо макони зисти доимиямон дар Волгоград аст. Ҳар ҳафта рўзи якшанбе ё душанбе ба кор меравем ва пас аз чор ё панҷ рўз (гоҳ-гоҳ 11-12 рўз) ҳатман ба хона бармегардем. Бинобар ин намозро қаср мегузорем. Лекин як нафар рўҳонӣ чунин фатво дод, ки шумо дар ин ҷо кор мекунед ва ризқу рўзии оилаатонро аз ҳамин ҷо ба даст меоред, бинобар ин, бароятон қаср хондани намоз дуруст нест. Оё мо намозро қаср гузорем ё пурра?

Дар мазҳаби ҳанафӣ масофаи сафар се марҳала аст ва тибқи қарори Шўрои уламо ба ҳисоби имрўза 120 км муайян шудааст. Азбаски масофаи байни макони зисти шумо то шаҳри Москва зиёда аз 120 км аст ва дар макони коратон нияти иқомати 15 рўз надоред, дар ин сурат шумо дар аснои сафар ва дар ҷои коратон намозро қаср мегузоред. Агар дар ҷои кор намозатон қазо шавад, онро дар хона қаср мегузоред ва агар дар хона намозе аз шумо қазо шуда бошад, онро дар макони коратон пурра мегузоред. «Викоя»

 

 

Ман бо ҳамсарам дар давоми зиндагӣ як бор никоҳ кардем. Чанд моҳ пас ба Русия омадам ва ўро тариқи телефон бо як лафз се талоқ додам. Оё барои идомаи зиндагии якҷояамон ягон фатво ҳаст?

Пас аз воқеъ шудани се талоқ идомаи зиндагии якҷоя байни зану шавҳар ҳаром мегардад, аз ин рў шумо наметавонед бо якдигар зиндагӣ кунед. Нафақаи зан то сипарӣ шудани идда дар зиммаи шумо аст. Пас аз гузаштани идда зан озод аст, агар бихоҳад бо марди дигар ба шавҳар мебарояд. Албатта агар зан аз шавҳари дигар ҳам талоқ шуда иддааш сипарӣ шавад, дар ин сурат бо шавҳари аввалаш метавонанд аз нав зиндагиро оғоз кунанд. “Лубоб”

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Рӯзи 16-уми ноябр — рӯзи таърихӣ ва муҳим барои миллату кишвар

Тавре ба ҳамагон маълум аст, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи 16 ноябр Рӯзи Президент муайян карда шудааст. Мо ҳамасола ин рӯзро ҳамчун рамзи қадршиносӣ аз заҳмату талошҳои Пешвои миллат дар роҳи эъмори давлати миллии тоҷикон — «Рӯзи Президенти...


Саволу ҷавоб

Ҳамсояамон мегўяд, ки бо тасбеҳ зикри бисёр кардан дуруст нест, чунки он бидъат аст. Оё ин ақида дуруст аст ё на? Худованд дар каломи худ бандагонашро ба бисёр зикр гуфтан амр кардааст, чунонки мефармояд: “Эй мўъминон, Худоро ба ёд кардани бисёр ёд кунед”. (Сураи “Аҳзоб”,...


Намояндагии вазорат аз муҳоҷирон хост ба ҳисобҳои ношинос пул нафиристанд

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия аз муҳоҷирони тоҷик даъват кардааст, ки ба корт ва суратҳисобҳои шахсони номаълум ва созмону фондҳои ношинос маблағ интиқол надиҳанд. Намояндагӣ рӯзи 22-юми сентябр ҳушдор додааст, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯ ва фондҳои қалбакӣ...


Фоидаҳои ҷигари мурғ

Қаблан дар Тоҷикистон касе ҷигари мурғро намехӯрд, вале ҳоло он дар ҳамаи мағозаҳо фурӯхта мешавад.   Ҷигари мурғ яке аз маҳсулоти серғизо ба шумор меравад. Он аз оҳан, витамини А, витамини В12, фолат ва сафеда бой аст. Маҳз ба ҳамин далел метавонад барои пешгирӣ ё кам кардани хатари баъзе...


Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон — 24 ноябр

24 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил мегардад. Ин сана баъд аз қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (24 ноябри соли 1992) муқаррар шудааст. Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ба шумор меравад ва...