Саволу ҷавоб

Саволу ҷавоб

Шахсе баъди 1 моҳи харидани мол, ба фурӯшанда норозигӣ баён карда, ки моли фурӯхтааш вайроншуда будааст. Фурӯшанда дар ин ҳолат чӣ бояд кард? Дар кадом маврид шахс метавонад моли харидаро баргардонад?

Дар китоби “Аль-Ихтияр ли Талил иль-Мухтар” нависанда Ибни Мавлуди Мавсулӣ навишта аст, ки: “Харидор молро он замон баргардонида метавонад, ки агар дар он нуқсоне пайдо кунад, дар ин ҳолат фурӯшанда пули молро бояд бигардонд”.

Нуқсон он аст, ки моли вайронбуда замони харидуфурӯш, ё баъди додани пули мол пайдо карда мешавад. Ҳамчунин ноқисии мол замони шикастани муомилот ҳатман нишон дода шавад.

Моли аз фурӯш баровардашудаи ноқисдор аз ҷониби фурӯшанда ҳатман қабул карда мешавад, ки арзише надорад.

Барои ҳуқуқи баргардондани моли вайрон харидор ба фурӯшанда пешакӣ бояд огоҳӣ кунад. Ҳамчунин, рӯзи харид низ баъди пайдо кардани камбудӣ, харидор вазифадор аст, ки дар бораи баргардонаидани мол ба фурӯшанда хабар диҳад. Агар харидор нуқсони молро нишону исбот карда натавонад, хуқуқи баргардондани молро надорад.

Хулоса чист?

Агар харидор нуқсоне дар мол пешакӣ бударо пайдо кунад, мол ба фурӯшанда баргардону пул ба харидор дода мешавад. Ба шарте, ки харидор зуд ба фурӯшанда хабари баргардонидани молро расонида бошад.

Агар харидор нуқсони молро донад, замони савдо, ё баъди харид ба фурӯшана огоҳ накунад, ҳақи баргардонидани онро надорад.

Назари Ислом ба худкушӣ дар чист?

Имом Муслим дар китоби “Саҳеҳи Муслим” хабар медиҳад, ки Паёмбар ﷺ гуфтааст, ки: “Худкушие, ки ба воститаи дастгоҳи оҳанин шуда бошад, ҷойи ӯ дузах мегардад. Ҳамчунин, касоне, ки худсарона, дидаву дониста заҳр хӯрда, ё аз баландӣ худро партофта, худкушӣ кунанд, зери оташи дӯзах қарор хоҳанд шуд”.

Имом Мулло Алии Қорӣ ҳадисеро шарҳ дода, менависад, ки: “Имом Тибий гуфтааст, ки: “Дар ин ҳадис сухан дар бораи он худкушиҳое меравад, ки гӯё раво бошанд. Яъне одамони аз боварӣ (имон) дур бударо дар назар дорад.

Ҳамчунин Имом Муслим ҳадиси дигареро шарҳ медиҳад, ки: “Касе, ки дидаву дониста ба худкӯшӣ даст мезанад, ӯро дар он дунё (дар охират) низ ҷазои муносиб хоҳанд дод”.

Ҳадиси дигаре аз Имом Муслим ҳаст, ки Паёмбар ﷺ дар ҷанозаи худкушон намозгузорӣ накардааст. Ибни Ҳиббон чунин шарҳ медиҳад, ки ин масъаларо баъдан аз эътибор соқит донистанд. Бисёре аз донишмандон дар он ақидаанд, ки Паёмбар ﷺ чунин намозро нагузоштааст, ки дигарон амали худкуширо дуруст дарк кунанд, то чӣ андоза гуноҳи вазнин мебошад.

Хулосаи кор дар чист?

Худкушӣ навъе аз гуноҳи бузургест, ки дар он олам низ ҷазо дода хоҳад шуд.

Ба ҳамаи вазнинӣ амали содиркарда, барои мусалмони худкушта ҳамаи маросими намоз гузошта мешавад.

Одаме, ки худкуширо эътироф мекунад, ба қатори ғайриимондошта (кофир) ба ҳисоб меравад. (Ҳошияти Таҳтавӣ)

Аз Паёмбар тавсия шудааст, ки пеш ва баъди ғизо дастонро бояд шуст?

Дар мавриди шустани дастон пеш, ё баъди таъом имомон Ибни Моҷа, Ал Бойҳақӣ ва ас Суютӣ ҳадиси Фиристодаи Бузургворро ﷺ овардаанд, ки: “Ҳар касе хоҳад, ки Худованд файзро дар хонаводааш афзун кунад, то таъому баъди он дастшӯйӣ кунад”.

Имом ал Табронӣ дар китобаш “Муҷам ал Авсат” дар ин бора ҳадисеро оварда, ки: “Шустани дастон пеш аз ғизо, ё баъди он шахсро аз камбизоатӣ мераҳонад, ки ин расми расулони Худост”.

Шайх Исмоил Закариёи Ансорӣ дар китоби “Ал ғурур ал бахия” менависад, ки: “Одоби ғизохурӣ ин шустани дастон ва ғар-ғара кардани даҳон пеш ва баъди он аст. Соҳиби хонаро лозим аст, пеш аз меҳмонон дастонро бишӯяд, даҳонро низ ғар-ғара карда бишӯяд. Таъомхурӣ, ки ба поён расид, аввал меҳмон баъд соҳиби хона метавонад дастони худро бишӯяд, даҳонро низ ғар-ғара кунад”.

Хулосабандӣ дар чист?

Тавсия карда мешавад, ки пеш аз таъом ва баъди он дастону даҳонро бишӯед. Агар соҳибхона меҳмонеро қабул фармояд, лозим аст, ки дастонро пешакӣ шуста бошад, ки хидмат эшон кунад”. (Ҳошияти Таҳтавӣ)

Барои чӣ рӯзи ҷумъа барои руҳониён муқаддас аст?

Ҷумъа барои имондорон як рӯзи хос ва мисли ҷашн аст, ки чун кардаи Паёмбар ﷺ таҳорат карда, либоси зебо пӯшида, хайре бар кас намуда, то нисфирӯзӣ ба масҷид рафта, намози умумиро мегузоранд.

Имом Муслим дар маҷмуаи “Саҳеҳи Муслим” дар мавриди каромоти ин рӯз ҳадис аз Муҳаммади Паёмбар ﷺ овардааст, ки: “Ин беҳтарин рӯзест, ки хуршеди тобон тулуъ карда, рӯзи ҷумъа оғоз мегардад. Дар ин рӯз Худованд ﷻ ҳазрати Одамро ҳалқ кардааст. Дар ин рӯзи муборак ӯ дохил ва дар ҳамин рӯз аз биҳишт берун шудааст. Рӯзи ҷазо ҳам дар ҳамин рӯзи ҷумъа аст”.

Ҳамчунин Имом ибни Моҷаҳ низ аз Паёмбар ﷺ ҳадиси дигаре оварда, ривоят мекунад, ки: “Паёмбар ﷺ гуфта буд, ки: “Ба ростӣ Парвардигори ҳама рӯзҳо ва рӯзи аз ҳама бузург барои мо, ин рӯзи ҷумъа ба ҳисоб меравад. Дар пеши Худованд ин рӯз аз иди Фитру Қурбон дида бузургвории зиёдтар дорад. Ин рӯз 5 хусусияти хос дорад: 1. Худованд ҳазрати Одамро халқ кард. 2. Ӯ (ҳазрати Одам)-ро ба замин расонид. 3. Ҳазрати Одам дар ҳамин рӯз фавтидааст. 4. Дар ин рӯз лаҳзае ҳаст, ки бандагонаш ҳар чӣ аз Офаридгор хоҳиш кунанд ато хоҳад кард. 5. Дар ин рӯз, Қиёмат барпо мешавад ва ҳеҷ чизе вуҷуд надорад, ки хоҳ фаришта бошад, ё замин, бод, куҳсор, дарё, ки аз рӯзи ҷумъа натарсад. Сабаби тарс аз ин рӯз дар он аст, ки ин Рӯзи қиёмат аст ва Рӯзи ҷазо баргузор хоҳад шуд, ки гузориши бузургеро металабад.

Алқоиди Айёдӣ гуфта, ки: “Ба ростӣ Парвардигор ин рӯзро офарида, ба бандагонаш дастур додааст, ки ҳамагӣ ҷамъ шуда, ба ибодат машғул шаванд”. (Танбеҳ ул ғофилин)

ҶАВОБ АЗ РӮИ МАЗҲАБИ ИМОМИ АБУ ҲАНИФА ДОДА МЕШАВАНД.

Хонандагони азиз! Шумо метавонед саволҳои худро ба тавассути телефон фиристед: 7967 939 65 62 (SMS, WhatsApp, Telegram)

2026-08-01 (Сафари соли 1448) №8.


Дин ва арзишҳои милли

Худованд дар Қуръон сураи Ҳуҷурот ояти 13 ба одамон чунин хитоб кардааст: «Эй мардумон, ба дурустӣ ки шуморо аз як марду як зан офаридем ва шуморо ҷамоатҳо ва қабила сохтем, то ин, ки якдигарро шиносед». Ин ояти карима аз мардум даъват ба амал овардааст, ки одамон якдигарро шиносанду...


Саволу ҷавоб

Агар ягон хешованд аз дунё гузарад, барои мотами ў то як сол куртаи кабуд пўшидан чӣ ҳукм дорад? Ин амал дуруст нест, фақат барои зане, ки шавҳараш аз олам гузаштааст, муддати 4 моҳу 10 рўз мотам гирифтан ҳатмӣ аст, яъне аз пўшидани либосҳои сурху абрешимӣ ва истеъмоли хушбўӣ худдорӣ мекунад. Агар...


7 маслиҳати муфид ба ҷавонон дар боби интихоби арӯс

Ҳар як ҷавонмард мехоҳад бо духтари покдомон ва ҳунарманде оила барпо намояд, ки як умр ҳамсафари вафодори ҳаёташ гардад ва дар тамоми пастию баландиҳои зиндагӣ ӯро ҳамдаму ҳамроз ва ғамхору меҳрубон бошад. Ба хотири кумак ба ҷавонон дар интихоби дурусти арӯс мо чанд маслиҳати муфиди психологиро...


Шарм аз гӯшаи имон аст

Бидон, ки аз шартҳои муридӣ пайваста оташдон будани ботини ӯст. Фузайли Иёз (қдс) гуфт: «Панҷ чиз аз нишонаҳои бадбахтӣ аст: сангдилӣ, хушкии чашмон, бешармӣ, рағбат ба дунё ва орзуи дурудароз».   Ва ҳам гуфтаанд, ки чун ҳайбат ва шарм аз банда бирафт, дар вай хайре боқӣ...


Беҳном Разоқӣ Шаҳидӣ: Бисёр чизро метавон иваз кард, аммо Ватанро ҳаргиз!

Беҳном Разоқӣ Шаҳидӣ бо ҷиу-ҷитсу Тоҷикистон дар ҷаҳон муаррифӣ мекунад   Моҳи майи соли 2026 дар шаҳри Абузабии Амороти Муттаҳидаи Араб мусобиқаи бонуфузи Abu Dhabi Grand Slam аз рӯи ҷиу-ҷитсу баргузор гардид. Дар ин мусобиқа варзишгари 20-сола Беҳном Разоқӣ Шаҳидӣ (вазни то 77 кг), ки дар...