ОИЛА

ОИЛА

Кадом шавла (фарнӣ) хеле фоидаовар аст

Маъруфу шинохтатарин ғизо аз давраи кӯдакӣ барои мо шавла (фарӣ, ё каша), аст. Сер кардани навзодҳоро бо ин ғизо сар мешавад. Шавла қисми асосии хӯрок кӯдакон дар кӯдкистонҳо мебошад. Ҳангоми ба меҳмонӣ рафтани пеши бибиҳои дӯстдор онҳо моро доимо бо шавлаи хеле бомазза зиёфат мекунанд. Имрӯз дар бораи кадом шавла аз ҳама фоидаовар аст, нақл ҳоҳем кард.

Гандуми сиёҳ (гречка)

Ин навъи ғалладона метавонед, ки дар ҷойи аввал бошад. Дар ӯ қувват (колория) кам бошад ҳам, дар он витамин ва протеин (белок) хеле зиёд аст. Гандуми сиёҳро бояд ба он гуруҳе дохил мешавад, ки барои касоне, ки мехоҳанд фарбеҳ нашаванд. Барои беморони диабет, бад будани ҳазмкунии меда, маризии ҷигар, дил ва дар бадан кам будани оҳани маъданӣ мебошад.

Шавлаи авёсӣ (овсянка)

Авёси ордкарашуда, ё дурушт молидашударо интихоб кунед. Аз онҳо шавлаи дорои маҳсулоти бойи йод, калтсий ва оҳан мебошанд. Ин маҳсулот барои дил, албатта барои ҳазми ғизо тавсия карда мешавад.

Шавлаи гандуми

Дарвоқеъ, шавлаи гандуми ин ҳамон ғалладонаи гандум аст, лекин тарзи орд кардани махсусро дорад. Як ғизои хеле маъмул дар кашвари араб, метавонад намуна бошад. Шавлаи гандуми дорои витамини В5 буда, ирода (иммунатет)-и моро мустаҳкам карда, дорои биринҷӣ, оҳан, калий, фосвори маъданӣ мебошад. Ин ғизои хушмазза метавонад зидди стресс, хастагӣ ва бехобӣ кумат кунад.

Биринҷ

Гунаҳои хеле маъмул, ин биринҷи хокиранги тиртан аз Осиёи Миёна мебошад. Чунин биринҷи тиртани каме сиёҳшакл ҳолати пӯст ва мӯйи баданро хуб мекунад. Сабаб он аст, ки дар тан аз магний хеле бой буда, барои дар бадан ҳазм кардани калсий хеле кумак мерасонад. Биринҷи аз пӯст покизашударо кам истифода кунед. Барои нигаҳ доштани тани зебо халал мерасонад. Барои он, ки каброгидрат (углевод)-и хеле зиёд дорад.

Ҷав

Ғалладонаи ҷавӣ барои одамоне, ки аз ғизо худдорӣ доранд, беҳтарин аст. Барои он ки қувват (колория)-и хеле кам дорад. Фаромӯш накунед, ки шавлаи ҷавӣ халестеринро кам карда, барои тоза кардани узви дохили баданро аз боқимондаҳо (шлак)-и кумак мекунад. Дар бадани ҷав магния, фосфор ва витаминҳои В хеле бисёр аст.

Ҷуворӣ (зардак)

Ба болои маззаи хуш ва ранги тиллоии шавла аз ҷуворӣ бисёр тарафҳои хуби дигарро низ дорад. Хеле ҷолиб аст, ки замони шавлапазӣ шумораи маъданҳои фоидаовар кам намешавад. Ҷуворӣ миқдори зиёди витаминҳои (А, гуруҳи В, С, Е, К ва РР) ва микроэлементҳои хеле камёби мис, калсий, оҳан, фосфор ва силиконро дорост. Ин элементҳо дар якҷоягӣ барои мо беҳдошти саломатӣ ва берун шудан аз бемориҳо кумак мекунанд. Дар натиҷа мо мехоҳем ҳамагӣ дар ёд дорем, ки ин навъи ғалладонаро бо оби ҷӯшомада якҷоя карда, баъди 5-6 дақиқа барои истеъмол омода созем, ки бар зидди роҳати тану ҷонанд. Дар онҳо рангҳои хеле зиёди зебое вуҷуд дошта бошанд ҳам, лекин пӯсти онҳо тоза шуда бошанд ва дар ҳар шакле, ки истифода кунем, манфиати онҳо кам аст. Чунин навъи шавларо метавонед истифода набаред.

Чизҳои ношояеме, ки ҳама гуна фикрро вайрон хоҳад кард

Гоҳе, худро рӯйи оина дида, фаҳмида наметавон, ки ҷӣ иштибоҳе рух додааст. Ба назар мерасанд, ки либосатон зебост, киф, дастбанду кафши хеле хубу замонавӣ доред, лекин чизе ҳаст, ки барои ҳамоҳанг шудани ин ҳама зебойӣ халалдорӣ дорад. Имрӯз мо дар бораи якчанд чиз дар назар хурду дар амал хеле бузурге, ки ба чашми мо намерасанд ва комёбии хеле бузургро онҳо харобу бемаънӣ мекунанд.

Ҷӯроби соқи баланд

Ҷуроби хеле кутоҳе, ки нодида, аз зери кафш берун баромада, зебойиро халалдор мекунад. Ҷӯроби соқи баланд доштаро интихоб хунед. Бигузор ба соқи баланди худ бо либоси шумо ҳамоҳанг шуда, баръакс зеботар шаванд. Тасмаи рӯйи дастпӯшак Вақте, ки мо пероҳану пагпӯшро газмол мекунем, бисёр вақт дар болои онҳо хатте боқӣ мемонад. Ин боиси он мешавад, ки истифодаи ин либос танҳо сабонӣ кардан дораду тамом. Алабатта, боят бодиққат маторо газмол кард, ё газмоли буғӣ харид, ки ин амалро хеле метезонад.

Андозаи либос

Ҳатто дӯстдоштатарин либос, бояд дар ҷомадон, ки ҳангоми танг шудан, ё ягон иллати дигар пайдо кардан, дар ҷой дур гузошта шавад. Агар, ҳангоми харид ногаҳон маълум шавад, ки андози либос барои шумо майда аст, ҳатман, фикр накарда, андозаи бузуртареро чен кунед. Ин ба он маъно нест, ки шумо фарбеҳ шудаед.Андозаи либос дар ҳар ширкат гуногун буда, аз якдигар хеле фарқ мекунанд. Муҳимтарин нуқтаи роҳнамойӣ, ин дар ойина нигоҳ кардани либос мебошад.

Пойафзол

Мо аз кӯдакӣ медонем, ки пойафзоли тозакарда, нишонаи тозагии ҳар инсон аст. Ба ёд оред, ки пойафзол доимо замони истодану роҳравӣ ҷило диҳад.

ҶАМИЛЯ ОМИНОВА

Ибодат чист?

Ибодат ин изҳори муҳаббат ва дилбастагии мо ба Аллоҳ Таъоло, ки мо ва ҳамаи ашёи дар дунёбударо офаридааст. Ибодат ин ба ҷо овардани амри Ӯ ва дурӣ ҷустан аз ҳамаи амалҳои манъкардаи Ӯ мебошад.

Ибодат ин изҳори он эътиқод аст, ки дар дили мо маъво дорад ва дар амалҳои мо мавҷуд аст. Намоз гузоридан, рӯза гирифтан, Қуръон хондан, дуо кардан, зикри номи Аллоҳ Таъолоро намудан, ҳамаи ин ба ибодат тааллуқ доранд. Дурӣ ҷустан аз дурӯғ, дуздӣ ва дигар гуноҳҳо низ ибодат ба ҳисоб меравад. Муносибати нек бо падару модар, аёдати хешу табор низ ибодат аст. Ба инсонҳо некӣ кардан, кӯмак расонидан, бартараф кардани садд ва ё чизе, ки ба онҳо зарар мерасо- над, ин ҳам ибодат аст. Ба бародари мусулмони худ салом додан, бо табассум ӯро пешвоз гирифтан низ, ибодат аст. Ҳамин тавр, ҳама чизе, ки ба хотири ризоияти Аллоҳ Таъоло ба иҷро расонида мешавад, ибодат мебошад. Аллоҳи Бузург мефармояд: Бигӯ: «Намози ману қурбонии ман ва зиндагии ману марги ман, барои Худо, он Парвардигори ҷаҳониён аст». (Сураи Анъом-162) Пайғамбар ﷺ гуфтааст: «Дуо ин мағзи ибодат аст».

«Дини зебои ман»

2026-10-01 (Рабиул ахири соли 1448) №10.


Муштзанҳои тоҷик ба Бозиҳои ХХ-уми Осиё мераванд

Аз 19-уми сентябр то 4-уми октябр дар шаҳрҳои Айтӣ ва Нагояи Ҷопон Бозиҳои XX-уми Осиё баргузор мегардад. Дар мусобиқа варзишгарони 45 кишвари қора барои 217 маҷмуи нишонҳо мубориза мебаранд. Ҳайати Тоҷикистонро дар мусобиқа 117 варзишгар намояндагӣ мекунанд. Аз намуди бокс дар ин мусобиқаи...


Зиндагии Аҳмади Дониш

Ташаккулёбии чаҳонбинии Аҳмади Дониш   Яке аз фозилтарин фарзандони Бухорои Шарифи асри XIX Аҳмад Махдуми Дониш, мулаққаб ба Аҳмади Калла (1826-1897) ба ҳисоб меравад. Ӯ дар шаҳри Бухорои Кӯҳна, дар оилаи Носир ном мулло ба дунё омадааст. Маълумоти ибтидоиро дар мактаби хусусии духтаронаи...


Чипсҳои картошкагӣ

Маҳсулоти лозима: 1-2 дона картошка, 2 қошуқ равғани зайтун, намак ва паприка мувофиқи табъ.   Тарзи таҳия: Картошкаро то ҳадди имкон тунук реза кунед. Барои ин метавонед аз пӯстканак ё комбайн истифода баред. Табақи тафдони хурдмавҷро бо коғази пухтупазӣ пӯшонда, каме равғани зайтун молед....


Талаби илм бар ҳар марду зани мусалмон фарз аст

Барои инсон ҳеҷ шуғле фозилтар ва гуворотар аз илм нест, зеро Худованди Бузург ба сабаби фазилати илму дониш мақому манзалати уламоро баланд намуда, мефармояд:   «Худо ононеро, ки аз мисли шумо имон овардаанд ва ононеро, ки ба онҳо илм ато карда шудааст, ба мартабаҳо баланд...


Резиши мӯй. Кай бояд ба табиб муроҷиат кард?

Дар як шабонарӯз рехтани 50-100 тори мӯй барои инсон одатан ҳолати муқаррарӣ ба ҳисоб меравад. Аммо агар мӯй назар ба пеш хеле бештар резад, ҷойҳои каммӯй пайдо шаванд ё сохтори мӯй тағйир ёбад, ин метавонад нишонаи мушкилоти саломатӣ бошад.   Рехтани мӯй ҳам мардон ва ҳам занонро дар синну...