Талоқ ва зӯроварӣ дар оила

Талоқ ва зӯроварӣ дар оила

Дар нимсолаи аввали соли 2025 дар ҷумҳурӣ 4117 ҳолати бекор кардани ақди никоҳ ба қайд гирифта шуда, бар асари пош хӯрдани оилаҳои ҷавон 3632 нафар кӯдакони ноболиғ аз меҳру муҳаббати волидон дур ва бо яке аз онҳо, дар бештари ҳолатҳо дар тарбияи модар мондаанд.

 

Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода иттилоъ дода, гуфт:

 

Доғи рӯз

“Ҳарчанд вайроншавии оилаҳо назар ба соли гузашта нисбатан камтар гашта бошад ҳам, пошхӯрии оилаҳои ҷавон ҳамоно аз масъалаҳои доғи рӯз боқӣ мемонад, зеро вайроншавии оила боиси аз меҳру муҳаббати волидон дур гаштани кӯдакони ноболиғ гашта, ба ҳоли рӯҳию равонӣ ва тарбияи атфол таъсири манфӣ мерасонад”.

Тавре раиси Кумитаи кор бо занон ва оила қайд намуд, сабабҳои асосии вайроншавии оилаҳои ҷавон набудани ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтиром байни аъзои оила, дахолат кардани хушдоману хоҳаршӯй ва дигар аъзои хонавода ба зиндагии зану шавҳарони ҷавон, никоҳи бармаҳал, хушунату зӯроварӣ нисбат ба занону духтарон, рашк, хиёнат, нобоворӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ ва дигар омилҳо мебошанд. Зӯроварӣ дар оила яке аз сабабҳои асосии пош хӯрдани оилаҳои ҷавон буда, дар шаш моҳи соли равон 2121 арзу шикоятҳо марбут ба зӯроварӣ ворид гаштаанд, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 227 адад бештар аст. Аз ин шумора 1763 шикоят аз болои мардон ва 251 шикоят аз болои занон мебошад.

 

Зӯроварӣ

Маълумотҳои оморӣ нишон медиҳанд, ки новобаста ба ҳама талошҳо барои коҳиш додани хушунат дар ҷомеа ҳамоно зӯроварӣ нисбат ба занону духтарон тамоюли афзоши дорад. Бояд гуфт, ки шумораи ҷиноятҳои алайҳи занон содиршуда низ зиёд буда, дар шаш моҳи соли 2025 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 1810 ҷинояти нисбати бонувон содиршуда ба қайд гирифта шудааст, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли пешин 186 ҷиноят бештар мебошад. Таассуфовар аст, ки дар бадали ним сол 102 нафар занон ва духтарони ноболиғ даст ба худкушӣ ё қасди худкушӣ задаанд.

Бо мақсади пешгирии чунин ҳодисаҳои номатлуб ва пош хӯдани оилаҳои ҷавон Кумитаи кор бо занон ва оила тавассути гардишҳои “хона ба хона” бо аъзои 430 ҳазору 264 оилаҳо суҳбатҳои инфиродӣ гузаронида, ҳамзамон бо усули “маҳал ба маҳал” ва “деҳа ба деҳа” 3847 ва бо усули “мактаб аб мактаб” 975 корҳои тарғиботию ташвиқотиро роҳандозӣ намудааст.

“Аммо ҳамаи ин барои ба пуррагӣ решакан намудани зӯроварӣ дар оила, пешгирии талоқу пошхӯрии оилаҳои ҷавон, никоҳҳои бармаҳал ва хешутаборӣ, худкушию сӯйиқасд ба худкушӣ, шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва дигар падидаҳои номатлуб, ки солҳои охир дар ҷомеаи мо ба мисли зарҳпечак реша давондаанд, кофӣ нест. Масъалаҳои номбурда аз ҷумлаи масоили доғи рӯз буда, мубориза бо ин падидаҳои ногувор танҳо кори як кумита ё мақомот нест, тамоми аҳли ҷомеа бояд дар ин самт корбарӣ намоянд. Аз ҷумла омӯзгорон, табибон ва рӯҳониён – домуллоҳое, ки ҳар рӯз дар масҷид бо аҳолӣ вомехӯранд, бояд сари ин мавзуҳо бештар бигӯянд ва мардумро ба роҳи дуруст ҳидоят намоянд”,- таъкид намуд раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода.

 

(«Фирӯза Саттори»)

2026-10-01 (Рабиул ахири соли 1448) №10.


Беш аз 23,6 миллион рубл музди меҳнати муҳоҷирон баргардонида шуд

Дар ҳафт моҳи соли 2026 дар натиҷаи фаъолияти Намояндагӣ оид ба масъалаҳои пардохт нашудани музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, ба муҳоҷирони тоҷик 23 миллиону 655 ҳазору 452 рубл маблағи музди меҳнати пардохтнашуда баргардонида шудааст. Ин маблағ...


Муштзанҳои тоҷик ба Бозиҳои ХХ-уми Осиё мераванд

Аз 19-уми сентябр то 4-уми октябр дар шаҳрҳои Айтӣ ва Нагояи Ҷопон Бозиҳои XX-уми Осиё баргузор мегардад. Дар мусобиқа варзишгарони 45 кишвари қора барои 217 маҷмуи нишонҳо мубориза мебаранд. Ҳайати Тоҷикистонро дар мусобиқа 117 варзишгар намояндагӣ мекунанд. Аз намуди бокс дар ин мусобиқаи...


Аритмия. Вайроншавии набзи дил чӣ хатар дорад?

Дил муҳаррики асосии ҷисми инсон буда, саломатии мо пеш аз ҳама ба солимии ин узви ҳаётан муҳим вобастагӣ дорад. Аммо ҳолатҳое мешаванд, ки набзи дил вайрон шуда, иллату нуқсон пайдо мекунад.   Аз ҳамин сабаб мо тасмим гирифтем бо табиби нуқсонҳои дил, аритмологи интервенсионии Маркази...


Чипсҳои картошкагӣ

Маҳсулоти лозима: 1-2 дона картошка, 2 қошуқ равғани зайтун, намак ва паприка мувофиқи табъ.   Тарзи таҳия: Картошкаро то ҳадди имкон тунук реза кунед. Барои ин метавонед аз пӯстканак ё комбайн истифода баред. Табақи тафдони хурдмавҷро бо коғази пухтупазӣ пӯшонда, каме равғани зайтун молед....


Тиҷорати Тоҷикистону Русия 21% афзуд

Савдои хориҷии Тоҷикистон дар ҳафт моҳи соли равон ба 7 млрду 943,7 млн доллар расидааст, ки дар он Русия ҷойгоҳи хост дорад. Дар ин муддат гардиши мол миёни Тоҷикистону Русия беш аз 1,5 млрд долларро ташкил додааст. Ин дар муқоиса бо январ – июли соли гузашта қариби 21% зиёд мебошад. Дар ин...