Машварати ҳуқуқӣ: Зӯроварӣ нисбати кӯдак ҷавобгарӣ дорад?

Машварати ҳуқуқӣ: Зӯроварӣ нисбати кӯдак ҷавобгарӣ дорад?

Машварати ҳуқуқӣ: Зӯроварӣ нисбати кӯдак ҷавобгарӣ дорад?

Оё яке аз волидайн ҳақ доранд, ки зимни тарбияи кӯдак усулҳои тарбияи бераҳмиро истифода намоянд?

 

Посухи адвокат Иноят Иноятов:

 Мувофиқи талаботи қонун, ҳуқуқу уҳдадориҳои падару модар набояд бар хилофи манфиатҳои фарзандон татбиқ шаванд. Таъмини манфиатҳои фарзандон бояд мавзӯи асосии ғамхории падару модар бошад. Ҳангоми истифодаи ҳуқуқи падару модар он набояд ба саломатии ҷисмонию руҳии кӯдак ва такомули маънавии ӯ зарар расонад. Усулҳои тарбияи кӯдакон бояд ба муомилаи бераҳмона, дағалона ва пасткунандаи шаъни инсонии кӯдак ё сӯйистифода ва истисмори кӯдакро аз ҷониби падару модар истисно кунанд.

Падару модаре, ки ҳуқуқу уҳдадориҳои худро бар зарари ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак татбиқ менамоянд, мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Истифодаи ҳама гуна намуди зӯроварӣ нисбати кӯдак боиси ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ мегардад.

Дар мавриди бо ҳолатҳои зӯроварӣ рӯ ба рӯ гардидани кӯдакон, мақомоти васоят ва парасторӣ, мақомоти корҳои дохилӣ ва прокуратура чораҳои қонунӣ татбиқ менамоянд.

 

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Саволу ҷавоб

Ҳамсояамон мегўяд, ки бо тасбеҳ зикри бисёр кардан дуруст нест, чунки он бидъат аст. Оё ин ақида дуруст аст ё на? Худованд дар каломи худ бандагонашро ба бисёр зикр гуфтан амр кардааст, чунонки мефармояд: “Эй мўъминон, Худоро ба ёд кардани бисёр ёд кунед”. (Сураи “Аҳзоб”,...


5 ғизои муфид барои фаъолияти мағзи сар

Мағзи сар яке аз узвҳои асосӣ ва сермасрафи бадан аст ва барои фаъолияти дуруст ба ғизо, об ва микроэлементҳои зарурӣ ниёз дорад. Вақте организм аз ин моддаҳо камбудӣ эҳсос мекунад, инсон зуд хаста мешавад, диққаташ парешон мегардад ва қобилияти хотира метавонад коҳиш ёбад.   Мутахассисони...


Оилаи солим - ҷомеаи солим

Оила яке аз муқаддасотест, ки ҳар шахси соҳибшарофат онро қадр менамояд ва дар пойдории он кӯшиш ба харҷ медиҳад. Чунон ки аҳли фаҳм фармудаанд: “Оилаҳо давлатҳои хурдеанд, ки як давлати мустақилро ташкил медиҳанд”. Агар ба таърихи оиладорӣ назар андозем, мебинем, ки вақте Худованд...


Чин дар Тоҷикистон нерӯгоҳҳои офтобӣ месозад

Ширкати «LONGi»-и Чин барои бунёди нерӯгоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ менамояд. Масъалаи бунёди нерӯгоҳҳо ва дигар масоили марбут ба соҳаи энергетика дар мулоқоти вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо намояндагони ширкати «LONGi»-и Чин дар...


Муфтии Тоҷикистон аз муҳоҷирон хост, ки дар тарбияи фарзандон фаъол бошанд

Муфтии Тоҷикистон аз муҳоҷирон хост, ки дар тарбияи фарзандон фаъол бошанд Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, аз муҳоҷирони тоҷик даъват кардааст, ки бо аҳли оилаи худ робитаи доимӣ дошта бошанд ва дар тарбияи фарзандон саҳми фаъол гузоранд. Тибқи иттилои...