Таомҳои фоидаовар дар тобистон

Таомҳои фоидаовар дар тобистон

Ғизое, ки инсон давоми рӯз истеъмол мекунад, ҷисмро бо моддаҳои барои фаъолияти организм зарурӣ таъмин менамояд. Агар хоҳед, ки дар фасли тобистон меъдаатон солим ва баданатон неруманд бошад, аввал хӯроки моеъ истеъмол намоед, зеро хӯрокҳои моеъ барои ба эътидол овардани ҳарорати бадан мусоид мебошанд.

 

Инчунин истеъмоли хӯриши аз сабзавоти тар омодашуда манбаи неру дар фасли тобистон аст.

Хӯроки моеъ (обдор, суюқ)-е, ки истеъмол менамоем, бояд дорои нах бошад. Мувофиқи баъзе таҳқиқотҳо, нах ба афзоиши микрофлораи муфид мусоидат ва инчунин рушди микроорганизмҳои зарароварро пешгирӣ менамояд.

Шахс ҳангоми истеъмоли хӯрок бояд ба қадри кофӣ карбогидратҳо, равғанҳо, сафедаҳо ва макроэлементҳоро истеъмол намояд.

Шабона инсон бояд кӯшиш намояд, ки таоми обдор ё дар бӯғ омодашуда истеъмол кунад, зеро таомҳои серчарбу ва дар равған бирёншуда на танҳо шабона, балки умуман дар фасли тобистон барои меъда зараровар мебошанд.

Бадани инсон вобаста ба фасли сол ва ҳавои берун ба истеъмоли ҳар гуна таом майл пайдо менамояд. Аммо дар ёд дошта бошед, ки дар рӯзҳои гарм ҷисми инсон ба таомҳои сабук ва зудҳазмшаванда, обдор, хӯришҳо аз маҳсулоти тару тоза, мевагӣ ва обҷӯшу шарбат бештар эҳтиёҷ пайдо мекунад.

Агар инсон таомҳои бирёнӣ ё дуюм истеъмол намояд, дар ин ҳолат он ба организм таъсири манфӣ мерасонад.

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Чалпак бо ҳасиб

Маҳсулоти лозима: 3 тухм, 200 грамм орд, 400 мл шир, 30 мл равғани офтобпараст, 100 грамм ҳасиб, 100 грамм панир, 2 помидор, кабудӣ мувофиқи табъ, намак.   Тарзи таҳия: Шир, тухм ва намакро хуб лат занед. Сипас орди аз элак гузаронидашударо илова карда, хуб омезиш диҳед. Помидор, кабудӣ...


Рӯзи 16-уми ноябр — рӯзи таърихӣ ва муҳим барои миллату кишвар

Тавре ба ҳамагон маълум аст, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи 16 ноябр Рӯзи Президент муайян карда шудааст. Мо ҳамасола ин рӯзро ҳамчун рамзи қадршиносӣ аз заҳмату талошҳои Пешвои миллат дар роҳи эъмори давлати миллии тоҷикон — «Рӯзи Президенти...


Саволу ҷавоб

Ҳамсояамон мегўяд, ки бо тасбеҳ зикри бисёр кардан дуруст нест, чунки он бидъат аст. Оё ин ақида дуруст аст ё на? Худованд дар каломи худ бандагонашро ба бисёр зикр гуфтан амр кардааст, чунонки мефармояд: “Эй мўъминон, Худоро ба ёд кардани бисёр ёд кунед”. (Сураи “Аҳзоб”,...


Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон — 24 ноябр

24 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил мегардад. Ин сана баъд аз қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (24 ноябри соли 1992) муқаррар шудааст. Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ба шумор меравад ва...


Оилаи солим - ҷомеаи солим

Оила яке аз муқаддасотест, ки ҳар шахси соҳибшарофат онро қадр менамояд ва дар пойдории он кӯшиш ба харҷ медиҳад. Чунон ки аҳли фаҳм фармудаанд: “Оилаҳо давлатҳои хурдеанд, ки як давлати мустақилро ташкил медиҳанд”. Агар ба таърихи оиладорӣ назар андозем, мебинем, ки вақте Худованд...