Алиризо Озмандиён дар Душанбе. Аз асрори муваффақият то рушди шахсият ва тиҷорат

Алиризо Озмандиён дар Душанбе. Аз асрори муваффақият то рушди шахсият ва тиҷорат

Ҳафтаи гузашта доктор Алиризо Озмандиён, устоди маъруфи рушди тафаккур, бизнес ва яке аз шогирдони фалсафаи муваффақият – Ҷим Рон дар Душанбе меҳмон буд. 18 -уми январ бо иштироки ӯ дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон машғулияти омӯзишӣ баргузор шуд, ки дар он беш аз 700 нафар тоҷирон, кормандони ширкатҳо, рӯзноманигорон, блогерон ва хоҳишмандон иштирок карданд. Ин машғулият бо ташаббуси Маркази “Хирад” баргузор шуд ва ҳадафи он баланд бардоштани фарҳанги худомӯзӣ, рушди шахсият ва мутобиқ шудан ба шароити нави иқтисодӣ буд.

 

Аз оилаи фақр то муваффақияти ҷаҳонӣ

Алиризо Озмандиён дар суханрониаш аз зиндагии шахсии худ ёдовар шуд. Ӯ гуфт, ки дар оилаи фақр ба дунё омада, дар хонаводаашон 9 фарзанд бузург мешуданд. Ба қавли ӯ, маҳз ҳамин шароит сабаб гардид, ки тасмим гирад зиндагии худро тағйир диҳад:

“Ман қабул накардам, ки фақр тақдири ман бошад. Талош кардам, омӯзиш гирифтам ва роҳи дигареро интихоб намудам”.

Ӯ таъкид кард, ки инсон метавонад сарнавишти худро дигар кунад, агар фикр, одат ва рафторашро тағйир диҳад.

Ба гуфтаи сухангӯ, дар зиндагӣ неъматҳои зиёде ҳастанд, аммо амният ва саломатӣ дар ҷойи аввал меистанд. Ӯ гуфт, инсон танҳо дар сурати доштани ин ду метавонад ба рушд, омӯзиш ва муваффақият бирасад.

 

Пояи муваффақият

Яке аз суханҳои асосии меҳварӣ дар машғулияти омӯзишии Озмандиён тафаккур буд. Ӯ гуфт, ки тарзи фикр зиндагии инсонро месозад. Яъне, фикри дуруст ва талош баҳри он инсонро ба муваффақият мерасонад. “Гузашта рафт, ояндаро бояд тарроҳӣ кард. Зиндагӣ он чиро бароят медиҳад, ки худ талаб мекунӣ”,-таъкид дошт номбурда.

Ба гуфтаи Озмандиён, аксари одамони сарватманд ва муваффақ омӯзиш дидаанд ва пайваста худро такмил медиҳанд.

 

Калиди тағйири зиндагӣ

Доктор Озмандиён дар бораи сохтани шахсият низ сухан гуфт ва уқобро ҳамчун рамз истифода бурд. Ба қавли ӯ, уқоб ҳамеша баландпарвоз аст, танҳо парвоз мекунад ва дурро мебинад. Инсон ҳам бояд чунин бошад:

– худбовар;

– мустақил;

– ҷӯёи рушд;

– ҳамеша дар ҳаракат.

Ӯ таъкид кард, ки раҳбарон зода намешаванд, балки бо омӯзиш ва тарбия сохта мешаванд.

Ба гуфтаи Озмандиён, то инсон тасмими дуруст нагирад, зиндагии дурустро намебинад. Ӯ афзуд, ки зиндагии инсонро, пеш аз ҳама шахсияташ месозад. “Шахсият иртибот барқарор мекунад, меомӯзад ва таъсир мегузорад”,-таъкид дошт ӯ.

Доктор Алиризо Озмандиён дар ҷараёни машғулияти омӯзиши чандин бор ин байтро такрор кард:

Агар гӯӣ, ки битвонам, қадам дарнеҳ, ки битвонӣ,

В-агар гӯӣ, ки натвонам, бирав биншин, ки натвонӣ.

Ба гуфтаи ӯ, бовар ба худ қадами аввалини ҳар муваффақият аст.

Пояи зиндагии беҳтар

Доктор Алиризо Озмандиён аз ширкаткунандагон даъват ба амал овард, ки одатҳои бадро канор гузошта, одатҳои хубро дар худ ташаккул диҳанд. Ӯ гуфт:

“То ту тағйир накунӣ, зиндагият тағйир намекунад”.

Ба назари ӯ, инсон ҳамеша метавонад зиндагии беҳтар дошта бошад, агар омӯзиш бинад, талош намояд ва инсони мутафовит бошад.

Алиризо Озмандиён зикр кард, ки барои расидан ба дастовардҳо ва эҷоди зиндагии зебо, истифодаи “технологияи фикр” зарур аст. Ин технология тағйири шеваи тафаккур, боварҳо, эҳсосот ва сохтори зеҳниро дар бар мегирад.

“Инсон мавҷуди андешамеҳвар аст. Зиндагии ӯ гирди андешаҳояш давр мезанад”,-гуфт ӯ.

Дар суханронӣ Озмандиён таъкид кард, ки рисолати инсон танҳо кор кардан нест, балки:

– зиндагӣ кардан;

– ишқ варзидан;

– маншаи таъсир будан.

 Ба қавли ӯ, маҳз ҳамин рози муваффақият аст.

 

Алиризо Озмандиён кист?

Алиризо Озмандиён, эронии муқими Амрико аст. Ӯ дар соҳаи идоракунии тиҷорат дараҷаи докторӣ дорад. Бунёдгузори мактаби “Технологияи фикр” ва муаллифи консепсияҳои “Тафаккури қудратманд” ва “Менеҷменти тафаккур” мебошад. Беш аз 30 сол аст, ки дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон дар бораи рушди тиҷорат, ёфтани бозор ва рушди шахсият машғулиятҳои омӯзишӣ мегузаронад.

 

(«Усмон Раҳимзода»)

2026-10-01 (Рабиул ахири соли 1448) №10.


Зиндагии Аҳмади Дониш

Ташаккулёбии чаҳонбинии Аҳмади Дониш   Яке аз фозилтарин фарзандони Бухорои Шарифи асри XIX Аҳмад Махдуми Дониш, мулаққаб ба Аҳмади Калла (1826-1897) ба ҳисоб меравад. Ӯ дар шаҳри Бухорои Кӯҳна, дар оилаи Носир ном мулло ба дунё омадааст. Маълумоти ибтидоиро дар мактаби хусусии духтаронаи...


Маркази нави омӯзишӣ барои муҳоҷирон

Дар шаҳри Душанбе боз як Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ ифтитоҳ шуд.   Дар ифтитоҳи ин марказ вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода ва дигар масъулини дахлдор иштирок карданд. Чунин марказҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд,...


Санбӯсаҳои зудпази картошкагӣ

Маҳсулоти лозима: 100 грамм панири тарошида, 700–800 грамм картошка, як бандча кабудӣ, 1 дона пиёз.   Барои хамир: 2 дона тухм, 2 истакон орд, 1 қошуқча намак, 1 истакон кефир. Тарзи таҳия: Картошкаро тоза карда, дар об пазед ва аз он картошкаи кӯфта тайёр кунед. Пиёзро майда реза...


Резиши мӯй. Кай бояд ба табиб муроҷиат кард?

Дар як шабонарӯз рехтани 50-100 тори мӯй барои инсон одатан ҳолати муқаррарӣ ба ҳисоб меравад. Аммо агар мӯй назар ба пеш хеле бештар резад, ҷойҳои каммӯй пайдо шаванд ё сохтори мӯй тағйир ёбад, ин метавонад нишонаи мушкилоти саломатӣ бошад.   Рехтани мӯй ҳам мардон ва ҳам занонро дар синну...


САВОЛУ ҶАВОБ

Мехоҳам маънои сано, тасбеҳот, тасмеъу таҳмид ва зикру дуоҳоеро, ки дар дохили намоз хонда мешаванд, бидонам. Тарҷумаи зикрҳо ва дуоҳое, ки дар намоз хонда мешаванд, ба сурати зайл аст: Сано: «Субҳонакаллоҳумма ва биҳамдика ва таборакасмука ва таъоло ҷаддука ва ло илоҳа...