8 маслиҳати муфид дар боби интихоби либос барои кӯдакон

8 маслиҳати муфид дар боби интихоби либос барои кӯдакон

Интихоби либос барои кӯдакон қоидаҳои худро дорад, ки волидон бояд онҳоро ба назар бигиранд. Барои кӯдаконатон либосҳои пахтагин харед Беҳтарин мавод барои либоси кӯдакона - ин пахта мебошад, зеро либоси пахтагин нарм буда, ҳаворо ба хубӣ мегузаронад ва боиси пайдоиши аллергия намегардад.

 

Либоси пашмӣ дар зимистон хуб аст, вале... Дар ҳавои хунук ба кӯдакон пӯшонидани либосҳои пашмӣ хуб аст, вале дар баъзе бачаҳо он хориши бадан ва аллергияро ба вуҷуд меорад. Ба кӯдакон либосҳои синтетикӣ нахаред Ба волидон тавсия дода мешавад, ки аз харидорӣ намудани либосҳои аз матоъҳои синтетикӣ, ба монанди полиэстер ва нейлон тайёршуда худдорӣ намоянд, зеро ин матоъҳо имкон намедиҳанд, ки пӯсти кӯдак озодона нафас кашад. Дар натиҷа кӯдак асабӣ ва инҷиқ мешавад. Андозаи либос Либос бояд ба тани кӯдак мувофиқ бошад, аммо на он қадар танг, ки ҳаракати ӯро маҳдуд кунад. Пӯшондани либосҳои аз ҳад васеъ низ тавсия дода намешавад, зеро кӯдак метавонад дар онҳо печида, пешпо хӯрад ва афтода, ягон ҷояшро захмӣ созад. Либос бояд барои пӯшидан ва кашидан осон бошад. Тугмаҳо, зиреҳҳо ва дигар ороишоти либоси кӯдакона бояд бехатар бошанд ва хавфи фурӯ бурдани онҳо вуҷуд надошта бошад. Аз харидани либосҳое, ки дорои ресмонҳо ё лентаҳои дароз ҳастанд, худдорӣ намоед, зеро онҳо метавонанд боиси банд шудан гарданд.

 

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Саволу ҷавоб

Ҳамсояамон мегўяд, ки бо тасбеҳ зикри бисёр кардан дуруст нест, чунки он бидъат аст. Оё ин ақида дуруст аст ё на? Худованд дар каломи худ бандагонашро ба бисёр зикр гуфтан амр кардааст, чунонки мефармояд: “Эй мўъминон, Худоро ба ёд кардани бисёр ёд кунед”. (Сураи “Аҳзоб”,...


Дар Санкт-Петербург фаъолияти муҳоҷиронро дар чанд соҳаи корӣ маҳдуд карданд

Мақомоти шаҳри Санкт-Петербург барои шаҳрвандони хориҷие, ки дар асоси патент фаъолият мекунанд, дар як қатор соҳаҳо маҳдудияти кор ҷорӣ намуданд. Ин манъкунӣ соҳаҳои тиб, савдои чакана, сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн, толорҳои варзишӣ ва марказҳои солимгардониро дар бар мегирад. Тибқи қарори...


Намояндагии вазорат аз муҳоҷирон хост ба ҳисобҳои ношинос пул нафиристанд

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия аз муҳоҷирони тоҷик даъват кардааст, ки ба корт ва суратҳисобҳои шахсони номаълум ва созмону фондҳои ношинос маблағ интиқол надиҳанд. Намояндагӣ рӯзи 22-юми сентябр ҳушдор додааст, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯ ва фондҳои қалбакӣ...


Оши туппа

Маҳсулоти лозима: Гӯшти қимма, пиёз, сабзӣ, равғани растанӣ, зира, нахӯд ва лӯбиёи таркардашуда, хамири бурида.   Тарзи таҳия: Сараввал гӯшти қимма, пиёз ва сабзиро дар каме равғани растанӣ бирён карда, об резед ва зираю намак пошед, сипас нахӯди таркардашуда ва лӯбиёро андозед. Пас аз...


Рӯзи 16-уми ноябр — рӯзи таърихӣ ва муҳим барои миллату кишвар

Тавре ба ҳамагон маълум аст, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи 16 ноябр Рӯзи Президент муайян карда шудааст. Мо ҳамасола ин рӯзро ҳамчун рамзи қадршиносӣ аз заҳмату талошҳои Пешвои миллат дар роҳи эъмори давлати миллии тоҷикон — «Рӯзи Президенти...