9 хатогӣ дар хӯроки наҳорӣ

9 хатогӣ дар хӯроки наҳорӣ

Наҳорӣ воқеан хӯрокхӯрии асосӣ буда, тӯли рӯз қуввату дармон ва нерумандии шумо аз он вобаста аст. Вале агар шумо ба хатогиҳо роҳ диҳед, ҳатто наҳории аз ҳама серғизо метавонад зараровар бошад.

 

Солҳои охир назар ба пештара дар соҳаи ғизо ва маҳсулоти озуқа омӯзиши фоидаву зарар ва доир ба таъсири он ба оргаризми инсон дар давлатҳои мухталиф пажуҳишҳо гузаронда мешаванд. Мутахассисони соҳаи ғизо аз давлатҳои ИМА ва Аврупо маслиҳат медиҳанд, ки наҳорӣ бояд куллан муфид ва муътадил бошад. Зеро ҳар намуди маҳсулоти ғизоӣ ва таомҳои омодамекардаи мо метавонанд воситаи ангезандаи ҳар гуна беморӣ, газак, ва илтиҳоб бошанд.

Инак, чанд хатогиҳоро дар истеъмоли наҳорӣ ба шумо пешкаш мегардонем:

 

Хатогии №1: наҳории хеле дер

Тибқи гуфтаҳои мутахассиси таомҳои парҳезии америкоӣ Эми Шапиро (асосгузори маркази Рил Нутришн Ню Йорк Сити (Real Nutrition NYC)), агар ҳарчанд шумо субҳи барвақт хӯрдан нахоҳед, ё шаб хӯроки серғизо хӯрда бошед, наҳорӣ ва ё ноштои муътадил пас аз як соати бедор шудан, қандро дар хун муътадил карда, барои нигоҳдории нерӯ тӯли рӯз кӯмак мерасонад. Агар иштиҳо надошта бошед, ақаллан як банан – муз, як мушт чормағз, ё донакиҳо ва ё ҷурғот истеъмол кунед.

 

Хатогии №2: ноштои саридастӣ, ё саросема

Наҳории саросема яке аз сабабҳои зуд вазн гирифтан мебошад, ба андешаи мутахассиси ғизо – диетолог Андреа Мосс (Andrea Moss). Ҳангоме шумо фикратон пурра ба истеъмоли ношто нест, майна имконияти қабули сигнал - ишораи сершавиро надорад. Ин боиси пурхӯрӣ тӯли рӯз гашта метавонад. Ин мутахассис пешниҳод мекунад, ки ақаллан бояд 15 дақиқа саҳарӣ вақт ҷудо кард, то бо ҳузури том ношто кунед.

 

Хатогии №3: интихоби ҷавдори русии ширин

Оталаи ҷавдори русӣ – овсянка воқеан интихоби солим аст, он метавонад холестеринро паст карда, иштиҳоро кушояд, аммо барои нафарони витамин истеъмолмекарда манъ мешавад, зеро бо ҳар намуд оталаҳо, аз ҷумла кашаи ҷавдор витаминҳо дуруст ҳал ва ҷаббида намешаванд. Инчунин, оталаҳои тайёре, ки аз мағоза мехаред, иловагиҳои сунъӣ ва қанди зиёд доранд, оварда шудааст дар нашриёти Ҳелзлайн (Healthline). Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки ҷавдори табииро истеъмол карда, ба он буттамеваҳои тару тоза, асал, ё корица – дорчин илова кунед.

 Хатогии №4: маҳсулоти ширии фоизи равғанаш паст

Бештари одамон солҳои охир аз рӯйи тавсияи блогерони фитнес ва тарафдорони харобшавӣ маҳсулоти ширии равғаннокиаш пастро ғизои солим фикр карда, интихоб мекардагӣ шуданд. Аммо диетологи фаронсавӣ Люк Гийо (Luc Guillot), таъкид мекунад, ки витаминҳои А, D, Е ва К хубтару беҳтар бо равғанҳои табиӣ дар организм ҳал мешаванд.

Ғайр аз ин, дар тӯли таърих, табибону олимони шарқ, аз ҷумла, табибу олими ҷаҳоншумул, мутафакири шарқу ғарб – Абуалӣ ибни Сино ҷарбу ва равғанҳои ҳайвонотро манбаи табобат аз баъзе бемориҳо ва бардамии инсон ҳисоб мекарданд. Аз ин рӯ, шири равғаннокиаш 1,5 -2%-ро интихоб карда, фоидаи бештар ба даст оред.

 

Хатогии №5: ширҳои растанигии ширинкарда

Шири навбаромади бодомӣ, кокосӣ, ё ҷавдор шояд ҷойгузини шири гов шавад, танҳо дар ҳолате, ки ширин набошад. Тавре мутахассиси британиягӣ оид ба ғизо Эмили Роласон (Emily Rollason) қайд мекунад, ҷойгузинҳои шири гов он қадаре қанд доранд, ҳамон қадаре, ки шоколад, ё маҳсулоти баққолӣ доранд.

 

Хатогии №6: Пораҳои (хлопя) аз ҳад зиёд ширин дар наҳорӣ

Дар назари аввал пораҳо барои наҳорӣ зудтайёр ва оддианд, аммо тибқи маълумоти Ассотсиатсияи америкоии дил (American Heart Association), бештари брендҳои машҳур ба ин пораҳои наҳорӣ аз ҳад зиёд қанд илова мекунанд. Ба ҷойи ин пораҳо маҳсулоти шумораи бештари нахи ғизоидошта ва протеиндорро интихоб кунед, то эҳсоси сериро то дер вақт нигоҳ доред.

 

Хатогии №7: истеъмоли нодурусти кофе

Кофе худ маҳсулоти камғизо аст, аммо иловагиҳои он – қанду шириниву қаймоқи ба он иловамешуда, зуд онро серғизо мегардонад. Мутахассиси соҳаи ғизо аз Олмон Анн-Катрин Роен (Anne-Katrin Roenne) тавсия медиҳад, ки коферо танҳо пас аз истеъмоли наҳорӣ нӯшед, то ки аз зуд пастобаланд шудани сатҳи қанд дар хун эмин монед ва диққати худро ҷамъ карда тавониста бошед.

 

Хатогии №8: пурра рад кардани зардии тухм

Баъзеҳо танҳо сафедии тухмро истеъмол мекунанд, зардии онро зарар ба вазну холестерин номида. Аммо диетолог аз Олмон Кристина Фогел (Christina Vogel) қайд мекунад, ки маҳз дар зардии тухм витаминҳои зиёд ва микроэлементҳо, аз қабили витамини D, витамини B12 ва равғанҳои фоиданок мавҷуд буда, истеъмоли бомеъёри он баръакс фоиданок мебошад.

 

Хатогии №9: истеъмол накардани сабзавот дар наҳорӣ

Бо илова кардани сабзавот дар реҷаи таомхӯрии саҳариатон, шумо фоиданокии ғизоии онро дучанд мегардонед ва он имкон медиҳад, то организм ба ташаннуҷу афсурдагиҳо тӯли рӯз хубтар муқобилият нишон диҳад. Диетологи америкоӣ Ҷулия Зумпано (Julia Zumpano) тавсия медиҳад, ки дар наҳорӣ испаноқ, помидор ва авокадо, ё дигар сабзавоти мутобиқи табиати диёри худатонро истеъмол кунед. Ин ба кори системаи ҳозима ва рӯдаҳо кӯмак карда, рӯзи дароз неруи шуморо бештар мегардонад.

Наҳории серғизову дуруст на танҳо саломатии шуморо нигоҳ медонад, инчунин он манбаи таъби болида, нерӯи зиёд ва кафолати он бошад.

ччччччччХатогиҳоро дар ғизо бартараф карда, инсон метавонад ҷавониву нерумандии худро солиёни зиёд нигоҳ дорад. Фаромӯш накунед, маҳз дар байни мардуми мо масале ҳаст, ки “Ҳусн аз даҳон” мегӯянд, ки на танҳо зебогии чеҳраи шуморо дар назар дорад. Инсонро зебу ҳусн аз саломатӣ, ҷавонӣ ва нерӯмандӣ аст, ки ҷабҳаи моддии он аз хӯрока манша мегирад.

 

Таҳияи Л.А.

Пресса.тҷ

2026-07-01 (Муҳаррами соли 1448.) №7.


Маърифати молиявӣ. 5 роҳи сарфа кардани пул

Ҳамарӯза мо барои хариди маҳсулоти рӯзгор вориди мағоза ё бозор мешавем. Оё медонед, ки харид кардан ҳам қоидаҳои худро дорад? Пас, 5 қоидаро бароятон пешниҳод менамоем. Ба назар сода менамоянд, аммо барои сарфаи пулу зиндагии беҳтари шумо кӯмак мекунанд.   Якум, харид аз бозор роҳи хуби...


Ғазалиёти Саъдӣ Шерозӣ (Саъдӣ – паёмбари ғазал)

Мусаллам аст, ки то Саъдӣ, яъне то асри XIII жанри ғазал дар адабиёти мо буд. Ин анъанотро Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ давом дод ва боз бо навовариҳои худ ғазалро болу пари тоза бахшид ва шуҳрати онро ба арш расонд. Ба ҳамин хотир, ҳанӯз дар асри XV азамати Саъдиро дар ин ҷода бузургон эътироф карда,...


Кумаки Русия ба мактабҳои Тоҷикистон

Русия дар доираи барномаи Созмони Милали Муттаҳид ба мактабҳои Тоҷикистон наздики 260 тонна маҳсулоти ғизоӣ кумак намуд. Кумаки башардӯстона равғани офтобпараст ва нахӯди зардро дар бар мегирад. Ин маҳсулот барои дастгирии барномаҳои ғизодиҳии мактабӣ ва беҳтар намудани вазъи таъминоти ғизоии...


Раҳим Азимов – ягона тоҷик дар Думаи давлатии Русия

Раҳим Азимови 61-сола яке аз чеҳраҳои шинохтаи сиёсии тоҷиктабор дар Федератсияи Русия ба шумор меравад. Ӯ айни замон вакили Думаи давлатии Федератсияи Русия ва муовини якуми раиси Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба амният ва муқовимат бо коррупсия мебошад.  Раҳим Азимов дар Шӯроби шаҳри Исфараи...


Раҳимов муаллифи голи 1100-уми “Истиқлол” дар Лигаи олӣ шуд

Нимҳимоятгари дастаи «Истиқлол”-и Душанбе Муҳаммадҷон Раҳимов номи худро дар таърихи бошгоҳ бо ҳарфҳои заррин сабт намуд.   Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, голе, ки Раҳимов дар дақиқаи аввали вақти иловагии қисми якуми бозӣ муқобили дастаи “Истаравшан” ба...