Роҳҳои халосӣ аз бӯйи бади яхдон

Роҳҳои халосӣ аз бӯйи бади яхдон

Барои он ки яхдони шумо ҳамеша тоза, бе бӯй ва омодаи хизмат бошад, ин чанд маслиҳатро дар хотир доред:

 

Яхдонро мунтазам тоза кунед!

Ҳар ҳафта яхдонро холӣ ва бо маҳлули сода ё сирко пок кунед. Гузоштани як коса сода дар дохили яхдон метавонад тамоми бӯйи номатлубро фурӯ барад.

 

Лимӯ ё афлесун гузоред

Қисмҳои лимӯ ё афлесунро бо каме намаки майда омехта карда, дар яхдон монед.Он натанхо бӯйи бадро нест мекунад, балки яхдонро тару тоза нигоҳ медорад.

 

Ғизои куҳнашударо партоед

Маҳсулоти мӯҳлаташ гузашта сабаби асосии пайдо шудани бӯйи бад дар яхдон мебошад. Хоҳед, ки яхдонатон мудом тозаю озода бошад, ғизои вайроншударо сари вақт гирифта партоед.

 

Резинҳои дарро фаромӯш накунед!

Резинҳои дарро фаромӯш накунед, зеро онҷо низ бактерияҳо ҷамъ мешаванд. Бо сирко ё собуни мулоим резинҳоро дарро пок кунед. Дар фасли тобистон яхдон дӯсти наздиктарини шумост. Нигоҳубини дурусти яхдон натанҳо сифати ғизоро нигоҳ медорад, балки ҳамзамон саломатии аҳли хонадонро низ муҳофизат мекунад.

 

(«Оила.тж»)

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Чин дар Тоҷикистон нерӯгоҳҳои офтобӣ месозад

Ширкати «LONGi»-и Чин барои бунёди нерӯгоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ менамояд. Масъалаи бунёди нерӯгоҳҳо ва дигар масоили марбут ба соҳаи энергетика дар мулоқоти вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо намояндагони ширкати «LONGi»-и Чин дар...


5 ғизои муфид барои фаъолияти мағзи сар

Мағзи сар яке аз узвҳои асосӣ ва сермасрафи бадан аст ва барои фаъолияти дуруст ба ғизо, об ва микроэлементҳои зарурӣ ниёз дорад. Вақте организм аз ин моддаҳо камбудӣ эҳсос мекунад, инсон зуд хаста мешавад, диққаташ парешон мегардад ва қобилияти хотира метавонад коҳиш ёбад.   Мутахассисони...


Пешниҳоди муфтӣ: ҷавонон бояд пеш аз издивоҷ давраи омӯзишӣ гузаранд

Саидмукаррам Абдуқо-дирзода, раиси Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар як суханронии ахири худ аз афзоиши ҷудошавии оилаҳои ҷавон изҳори нигаронӣ карда, пешниҳод намудааст, ки ҷавонон пеш аз издивоҷ дар бораи оиладорӣ китоб хонанд ва ҳатто аз як давраи кӯтоҳи омӯзиши зиндагии муштарак...


Саволу ҷавоб

Ҳамсояамон мегўяд, ки бо тасбеҳ зикри бисёр кардан дуруст нест, чунки он бидъат аст. Оё ин ақида дуруст аст ё на? Худованд дар каломи худ бандагонашро ба бисёр зикр гуфтан амр кардааст, чунонки мефармояд: “Эй мўъминон, Худоро ба ёд кардани бисёр ёд кунед”. (Сураи “Аҳзоб”,...


Рӯзи 16-уми ноябр — рӯзи таърихӣ ва муҳим барои миллату кишвар

Тавре ба ҳамагон маълум аст, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи 16 ноябр Рӯзи Президент муайян карда шудааст. Мо ҳамасола ин рӯзро ҳамчун рамзи қадршиносӣ аз заҳмату талошҳои Пешвои миллат дар роҳи эъмори давлати миллии тоҷикон — «Рӯзи Президенти...