5 амале, ки пеши роҳи вайроншавии мошинаи ҷомашӯиро мегиранд

5 амале, ки пеши роҳи вайроншавии мошинаи ҷомашӯиро мегиранд

5 амале, ки пеши роҳи вайроншавии мошинаи ҷомашӯиро мегиранд

Мошинаи ҷомашӯӣ дастёри беминнати ҳар як зан мебошад. Аз кор баромадани он кори занҳоро душвор месозад. Барои он ки мошинаи ҷомашӯии шумо дурудароз хизмат намояд, имрӯз мо дар бораи 5 амале маълумот медиҳем, ки пеши роҳи вайроншавии мошинаро мегиранд.

 

Аз либос шустан дар ҳарорати паст худдорӣ намоед, зеро хокаи либосшӯӣ дар оби сард ба пуррагӣ ҳал нашуда, дар натиҷа дар мошинаи ҷомашӯӣ бӯйи нохуш пойдо мешавад ва ҳатто боиси шикастани баъзе қисмҳои мошинаи ҷомашӯӣ мегардад. Ҳарорати аз ҳад баланд низ боиси зуд вайрон шудани мошинаи ҷомашӯӣ гашта метавонад. Хоҳед, ки мошинаи шумо муддати дурудароз хизмат намояд, либосҳоятонро дар ҳарорати 20-40 дараҷа шӯед. Хокаи хушки шустушӯиро аввал бо оби гарм то пурра об шуданаш омехта карда, баъд ба мошинаи ҷомашӯӣ андозед. Ин амал пеши роҳи пайдошавии бӯйи бадро мегирад. Сирко ва кислотаи лимӯ мошинаи либосшӯиро вайрон мекунанд, зеро он аз хӯлаи алюминий ва кремний сохта шудааст. Барои тозакунии барабани мошинаи ҷомашӯӣ аз маҳсулоти касбӣ ё импровизатсияшуда истифода баред, ки барои мошинаи шумо комилан бехатаранд. Агар мошинаи шумо бо хокаи хушк либосҳоро тоза нашӯяд, як қошуқи хӯрокхӯрӣ спирти навшодир илова кунед. Бо ин амал ҳатто бо хокаи арзонтарин либосҳо тоза шуста шуда, мошинаи ҷомашӯии шумо муддати дурудароз хизмат мекунад. «Оила.тж»

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Тарғиби илму дониш дар «Хирадномаи Искандари»-и Абдурраҳмони Ҷоми

Вақте ки дилҳо аз илму дониш шодобу мунаввар мешаванд, муносибатҳои байни одамон, раҳму шафқат бештар мегардад. Ҷомеаи инсонӣ пеш меравад, тараққӣ мекунад, ноадолатӣ, бедодгарӣ оҳиста-оҳиста аз байн меравад.   Мақсаду мароми Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамчун инсондўсти бузург таълим додан ва тарбия...


Фоидаҳои ҷигари мурғ

Қаблан дар Тоҷикистон касе ҷигари мурғро намехӯрд, вале ҳоло он дар ҳамаи мағозаҳо фурӯхта мешавад.   Ҷигари мурғ яке аз маҳсулоти серғизо ба шумор меравад. Он аз оҳан, витамини А, витамини В12, фолат ва сафеда бой аст. Маҳз ба ҳамин далел метавонад барои пешгирӣ ё кам кардани хатари баъзе...


5 ғизои муфид барои фаъолияти мағзи сар

Мағзи сар яке аз узвҳои асосӣ ва сермасрафи бадан аст ва барои фаъолияти дуруст ба ғизо, об ва микроэлементҳои зарурӣ ниёз дорад. Вақте организм аз ин моддаҳо камбудӣ эҳсос мекунад, инсон зуд хаста мешавад, диққаташ парешон мегардад ва қобилияти хотира метавонад коҳиш ёбад.   Мутахассисони...


Оши туппа

Маҳсулоти лозима: Гӯшти қимма, пиёз, сабзӣ, равғани растанӣ, зира, нахӯд ва лӯбиёи таркардашуда, хамири бурида.   Тарзи таҳия: Сараввал гӯшти қимма, пиёз ва сабзиро дар каме равғани растанӣ бирён карда, об резед ва зираю намак пошед, сипас нахӯди таркардашуда ва лӯбиёро андозед. Пас аз...


Саволу ҷавоб

Ҳамсояамон мегўяд, ки бо тасбеҳ зикри бисёр кардан дуруст нест, чунки он бидъат аст. Оё ин ақида дуруст аст ё на? Худованд дар каломи худ бандагонашро ба бисёр зикр гуфтан амр кардааст, чунонки мефармояд: “Эй мўъминон, Худоро ба ёд кардани бисёр ёд кунед”. (Сураи “Аҳзоб”,...