Фарзанд дона-набера мағзи дона

Фарзанд дона-набера мағзи дона

Фарзанд дона-набера мағзи дона

Меҳмони навбатии рубрикаи “Маслиҳати хушдоман” Тавакалой Нарзиалиева, аз дараи Алмосӣ, деҳаи Нилӯ, хушдомани се келин ва бибии 14 набера қарор доранд. Вақте ба меҳмонии ин зани фариштахисол рафтем, аз меҳрубониҳои бибӣ нисбати набераҳояшон ҳаловат бардоштем. Модари азиз дар мавриди нақши бибӣ дар тарбияи набераҳо чунин ибрози андеша намуданд.

 

Ҳар як хушдоман вақте бо умед ба дари хонаи духтардор ба хостгорӣ меравад, сараввал хушбахтии фарзанди худро фикр мекунад. Ягон хушдоман намехоҳад, ки келини саркашу гапгардонро ба хонааш оварда, умре дар муҳити ноором зиндагӣ кунад. Келини боақл бо ҳама аъзоёни оила забон ёфта, ба дилашон роҳ меёбаду дуои хушдоманро мегирад, чунки рӯзе худаш низ хушдоман мешавад. Барои хубу беҳтар шудани муносибати хушдоману келин шавҳар низ бояд саҳми худро гузорад. Модар бо ҳазор умеду орзу писар ба воя мерасонад, ки фарзандаш дар дами пирӣ асои дасташ гардад. Агар писар модарро ҳурмату эҳтиром кунад, дар оянда зани ӯ ҳам ҳурмати хушдоманро ба ҷо меорад.

Келинҳо бояд фаромӯш накунанд, ки хушдоманҳо дар ҳама пастиву баландиҳои зиндагӣ роҳнамо ва ёрдамчии келин ва тарбиятгари набераҳо ҳастанд. Хушдоман барои ободиву озодагии хонавода саҳми беандоза мегузорад. Аввалин афсонаву панду насиҳатро набера аз бобову бибияш мешунавад. Хусусан дар оилаҳои ҷавоне, ки аксари зану шавҳарон барои дуруст тарбия кардани фарзандони худ таҷрибаи кофӣ надоранд, нақши хусуру хушдоман бениҳоят муҳим аст. Беҳуда нагуфтаанд, ки “фарзанд дона-набера мағзи дона”, ҳар як бибиву бобо набераи худро бештар аз фарзандонашон дӯст медоранду эрка мекунанд.

Аз ин рӯ, ба тамоми келинҳои тоҷик маслиҳати ман ҳамчун модар ва модаркалон ҳамин аст, ки хушдомани худро мисли модар қабул кунед, он гоҳ шумо ҳам муҳаббати хушдоманро ба даст меореду ҳам саодати рӯзгор насибатон мегардад.

 

Пресса.тж

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Муҳоҷирон дигар наметавонанд зиёда аз як миллион рублро аз Русия бароранд

Аз Русия бо худ ба Ватан бурдани пули нақд барои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик душвор мегардад. Президенти Русия Владимир Путин фармонеро ба имзо расонидааст, ки тибқи он қоидаҳои аз кишвар баровардани пули нақд сахттар карда мешаванд. Дар ин бора дар сомонаи расмии президенти Русия хабар дода...


Тарғиби илму дониш дар «Хирадномаи Искандари»-и Абдурраҳмони Ҷоми

Вақте ки дилҳо аз илму дониш шодобу мунаввар мешаванд, муносибатҳои байни одамон, раҳму шафқат бештар мегардад. Ҷомеаи инсонӣ пеш меравад, тараққӣ мекунад, ноадолатӣ, бедодгарӣ оҳиста-оҳиста аз байн меравад.   Мақсаду мароми Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамчун инсондўсти бузург таълим додан ва тарбия...


Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон — 24 ноябр

24 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил мегардад. Ин сана баъд аз қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (24 ноябри соли 1992) муқаррар шудааст. Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ба шумор меравад ва...


«Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид

«Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум дар таърихи х-уд Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овард. Дар бозии ниҳоии мусобиқаи «Ҷоми Тоҷикистон2026» футболбозони Хуҷанд бар тими «Сардор»-и шаҳри Турсунзода бо...


Оилаи солим - ҷомеаи солим

Оила яке аз муқаддасотест, ки ҳар шахси соҳибшарофат онро қадр менамояд ва дар пойдории он кӯшиш ба харҷ медиҳад. Чунон ки аҳли фаҳм фармудаанд: “Оилаҳо давлатҳои хурдеанд, ки як давлати мустақилро ташкил медиҳанд”. Агар ба таърихи оиладорӣ назар андозем, мебинем, ки вақте Худованд...