Машаро дида, Мадинаро фаромӯш накунед!

Машаро дида, Мадинаро фаромӯш накунед!

Ман як муҳоҷири тоҷик аз шаҳри Барнаули Россия. Мехоҳам фикру андешаҳоямро ба бародарони муҳоҷир бирасонам. Саидбек ном дорам ва аз Вахш ҳастам. Муддати чор сол мешавад, ки дар Русия кор мекунам.

 

Қариб ҳар рӯз ба хона занг зада, аз ҳолу аҳволи зану фарзандонам бохабар мешавам, барояшон пул ва дигар чизҳои заруриро мефиристам. Ба муаллимони бачаҳоям занг зада, дар бораи ахлоқу одоб ва саводомӯзии фарзандонам мепурсам, агар ягон камбудиашонро шунавам, ҳамроҳашон суҳбат карда, падарона онҳоро насиҳат мекунам. Гумон накунед, ки ин гапҳоро барои худро таърифу тавсиф кардан навишта истодаам, ҳаргиз чунин нест. Маро тақдири зану фарзандони муҳоҷироне ба ташвиш овардааст, ки дар Русия зани рус, тотор ё миллати дигар гирифта, оилаю кӯдакони худро фаромӯш мекунанд. Баъзе мардҳои муҳоҷир чунон ба ишқи занҳои бегона дода мешаванд, ки аз кӯчаи одаму одамгарӣ баромада, дигар ёде аз падару модари пир ва аҳли хонаводаашон намекунанд. Бечора зану кӯдакони онҳо ба қавле рӯ ба раҳми худо мемонанд, на дастгире ҳест ва на ягон такягоҳе. Албатта хабари зангирии шавҳари муҳоҷираш ба гӯши зани тоҷик низ мерасад ва дарун ба дарун мисли ҳазуми тар сӯхта, қаҳру алами худро гоҳе аз кӯдаконаш гирифта, онҳоро сарзаниш мекунад, дуои бад мекунад ва ҳатто мезанад. Ҳамин тавр кӯдаконе, ки падару модар доранд, мисли ятимон на меҳру муҳаббати падарро мебинанд ва на меҳрубонии модарро. Табиист, ки кӯдакони бегуноҳ дар чунин ҳолат зарбаи сахти рӯҳию равонӣ гирифта, аз беназоратӣ, аз бепарвоӣ ва аз бемеҳрии волидон, махсусан падар кӯчагарду овора мешаванд. Ман шахсан борҳо бо муҳоҷироне вохӯрдаам, ки ба қавли маъруф Машаро дида, Мадина, яъне зани тоҷики худро фаромӯш мекунанд ва пули дар мулки ғурбат бо арақи ҷабин ёфтаашонро сарфи айшу нӯш бо занҳои бегона намуда, ба хонаашон як сум пул равон намекунанд. Аксаран вақте пулашон тамом шуд, зани рус ё тоторашон марди дигари серпултар меёбад ва он гоҳ марди пушаймон аз кардаи худ бо сари хам ба Ватан ба назди зану фарзандонаш бармегарданд. Занҳои тоҷик зотан хеле пурсабр ҳастанд ва дили бузурге доранду шавҳари бевафояшонро ба хотири вайрон нашудани оила ва бе падар нагаштани фарзандонашон қабул мекунанд, вале оё мард аз ноҳақиҳое, ки дар ҳаққи азизони дилаш кардааст, шарм намедошта бошад? Дар охир ба муҳоҷирони тоҷик гуфтаниямм, ки бародарони азиз, ҳаргиз зани бегона ҷойи зани тоҷикро намегирад. Ба меҳрубониҳои дурӯғини занҳои аҷнабӣ дода шуда, оила, зану фарзандони худро наранҷонед. Пулеро, ки ба сад заҳмату меҳнат дар мулки ғарибӣ  меёбед, сарфи айшу нӯш бо занҳои бегона накарда, дар беҳтар кардани шароити зиндагии аҳли оилаи худ ва таълиму тарбияи фарзандонатон сарф намоед. Сад дар сад боварӣ дорам, ки самарашро албатта мебинед. Дар дами пирӣ, вақте ки дигар қуввату нерӯӣ кор кардан дар тану ҷони шумо боқӣ намемонад, на занҳои бегона, балки маҳз зану фарзандони худатон такягоҳ ва пуштибони шумо гашта, дастатонро мегиранд, бароятон шароитҳои хубро муҳайё мекунанд, то ки бароҳат зиндагӣ кунед.

 

(«Саидбек») 

2026-10-01 (Рабиул ахири соли 1448) №10.


Зиндагии Аҳмади Дониш

Ташаккулёбии чаҳонбинии Аҳмади Дониш   Яке аз фозилтарин фарзандони Бухорои Шарифи асри XIX Аҳмад Махдуми Дониш, мулаққаб ба Аҳмади Калла (1826-1897) ба ҳисоб меравад. Ӯ дар шаҳри Бухорои Кӯҳна, дар оилаи Носир ном мулло ба дунё омадааст. Маълумоти ибтидоиро дар мактаби хусусии духтаронаи...


Муҳоҷирон ба Русия бештар даромад оварданд

Дар ним сол аз ҳисоби муҳоҷирон ба буҷети Русия 321 миллиард рубл ворид шудааст, ки нисбат ба як соли пеш 30% зиёд мебошад.   Ин нуктаро Андрей Кикот, муовини аввали вазири корҳои дохилии Русия дар вохӯрӣ бо Владимир Путин, президенти Русия зикр кард. Ба гуфтаи ӯ, аз ин маблағ, зиёда аз 60...


Санбӯсаҳои зудпази картошкагӣ

Маҳсулоти лозима: 100 грамм панири тарошида, 700–800 грамм картошка, як бандча кабудӣ, 1 дона пиёз.   Барои хамир: 2 дона тухм, 2 истакон орд, 1 қошуқча намак, 1 истакон кефир. Тарзи таҳия: Картошкаро тоза карда, дар об пазед ва аз он картошкаи кӯфта тайёр кунед. Пиёзро майда реза...


7 маслиҳати муфид ба модароне, ки кӯдакашон дандон мебарорад

Писарчаи шашмоҳаам дандон бароварда истодааст ва бисёр беқарорӣ карда, ангуштонашро мегазад. Азбаски модари ҷавон ҳастам, ҳанӯз таҷриба надорам, илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?   Посух: - Табибони кӯдакона мегӯянд, дандонбарорӣ як амри табиӣ аст. Организми кӯдак пурқувват...


Тиҷорати Тоҷикистону Русия 21% афзуд

Савдои хориҷии Тоҷикистон дар ҳафт моҳи соли равон ба 7 млрду 943,7 млн доллар расидааст, ки дар он Русия ҷойгоҳи хост дорад. Дар ин муддат гардиши мол миёни Тоҷикистону Русия беш аз 1,5 млрд долларро ташкил додааст. Ин дар муқоиса бо январ – июли соли гузашта қариби 21% зиёд мебошад. Дар ин...