10 шириние, ки ба саломатӣ фоида дорад

10 шириние, ки ба саломатӣ фоида дорад

10 шириние, ки ба саломатӣ фоида дорад

Хӯрдани шириниро ҳамагон дӯст медоранд, зеро он табъи касро болида мегардонад. Аммо бисёриҳо аз тарси он ки ширинӣ боиси фарбеҳ ё бемор шуданашон мегардад, аз он парҳез мекунанд. Вале мо ба шумо дар бораи 10 шириние маълумот медиҳем, ки натанҳо касро фарбеҳ намекунанд, балки ба саломатӣ фоида ҳам доранд.

 

  1. Асал. Таркиби асал аз микроэлементҳо ва витаминҳои гуногун, аз ҷумла витаминҳои гурӯҳи В, Е ва С бой буда, барои саломатӣ бениҳоят фоиданок мебошад. Бар замми ин, асал дар таркибаш равғанҳои флавоноидӣ ва эфирӣ дошта, хусусияти зиддиилтиҳобӣ дорад. Ногуфта намонад, ки асал беҳтарин тақвиятбахши иммунитет ба шумор рафта, қувваи муҳофизатии организмро дучанд мегардонад.
  2. Мевагӣ. Меваҳои тару тоза аз витамин ва микроэлементҳо бой мебошанд. Аз ҷумла банан, хурмо ва зардолу аз калий саршор ҳастанд, бинобар ин, табибон ин меваҳои ширинро ба маризоне, ки аз бемории дил ва рагҳои хунгарди он азият мекашанд, тавсия медиҳанд. Ногуфта намонад, ки дар таркиби мевагӣ клетчатка низ фаровон буда, ба барқароршавии микрофлораи рӯдаҳо мусоидат менамоянд.
  3. Хушкмеваҳо. Фарқияти асосии хушкмева аз меваи тар дар он аст, ки дар таркиби меваҳои хушккардашуда об нест. Аз ҳамин сабаб миқдори витамин ва микроэлементҳо дар таркиби хушкмева бештар аст. Аммо бояд гуфт, ки бо сабаби дар боло зикршуда каллориянокии меваҳои хушккардашуда назар ба меваҳои тару тоза бештар аст.
  4. Ҳалво. Азбаски ҳалворо асосан аз кунҷид, чормағз ва донагиҳои дигар тайёр мекунанд, он дар таркибаш ба миқдори зиёд клетчатка ва равғанҳои муфид (растительные жиры) дорад. Туфайли ҳамин хосияташ ҳалво ба кори мунтазами меъдаю рӯда ёрӣ мерасонад. Бояд таъкид кард, ки клетчаткаи дар таркиби ҳалво мавҷудбуда миқдори глюкоза ва холестеринро дар ҷисми инсон муътадил нигоҳ медорад. Моддаҳои мазкур дар организм зиёд бошанд, ҳалво онҳоро аз хун мебарорад. Аммо набояд фаромӯш кард, ки каллориянокии ҳалво баланд аст.
  5. Пастила. Пастила як навъ маҳсулоти кондитерие мебошад, ки аз шарбати хушккардашудаи меваҳо тайёр карда мешавад. Он ранг ва намудҳои гуногун дорад. Ба ҷойи пастилаи рангаш сафед ва дилкаш агар шумо рангҳои тиратари онро интихоб намоед, беҳтар аст. Гап дар сари он аст, ки дар таркиби ин намуди пастила нахҳои ғизоӣ бештар буда, он қандро ба зудӣ баланд намекунад. Фоидаи дигараш он аст, ки баъди хӯрдани пастила кас худро муддати тӯлонӣ сер эҳсос мекунад.
  6. Шоколад. Таркиби шоколад асосан аз какао ва равған иборат аст. Шоколади асил дар таркибаш кислотаҳои равғании зиёде дорад. Шоколад ҳамчунин дар таркибаш моддаи муфиди омега 3 дорад, ки сатҳи холестеринро дар хун паст мекунад, ба шарте, ки шоколади мехӯрдаи шумо шоколади сиёҳ ва дар таркибаш на бештар аз 70% какао дошта бошад.

7-8. Мармелад ва зефир. Аз тамоми намудҳои шириниҳо ва маҳсулоти кондитерӣ мармелад ва зефир коллорияи камтар доранд. 100 грамм зефир ва ё мармелад тахминан 200-300 ккал дораду халос. Аз ҳамин сабаб ҳатто раққосаю варзишгарон метавонанд нотарсида мармелад ва зефир бихӯранд. Дар фосилаи байни танаффусҳо як-дудонагӣ мармелад ё зефир хӯред, он ба шумо нерӯи тоза бахшида, табъатонро болида мегардонад.

  1. Творог. Барои десерт варианти хуб аст, махсусан агар онро бо дасти худатон тайёр кунед. Метавонед ба творог каме равғани маска, шакар ва асал илова намуда, ҳамаашро нағзакак лат занед. Агар ба он хушкмева ва чормағз андозед, каллориянокиаш баланд мешавад, вале ҳамзамон миқдори витаминҳо ва микроэлементҳои таркибаш низ бештар хоҳад шуд. Бо хӯрдани чунин десерт шумо ҷисми худро бо сафедаҳо, калсий ва витаминҳои гуногун шодоб месозед.
  2. Коктейли ширӣ. Коктейли ширӣ манбаи микроэлементҳо ва витаминҳо буда, ҳамзамон аз сафеда ва калсий бой аст. Беҳтараш онро дар хона бо дасти худ омода намуда, ба коктейли ширӣ ягон мевагӣ ва ё буттамева андозед. Хоҳед, ки каллориянокии коктейли шумо камтар шавад, шири равғанаш гирифташударо истифода баред.

2026-10-01 (Рабиул ахири соли 1448) №10.


Чипсҳои картошкагӣ

Маҳсулоти лозима: 1-2 дона картошка, 2 қошуқ равғани зайтун, намак ва паприка мувофиқи табъ.   Тарзи таҳия: Картошкаро то ҳадди имкон тунук реза кунед. Барои ин метавонед аз пӯстканак ё комбайн истифода баред. Табақи тафдони хурдмавҷро бо коғази пухтупазӣ пӯшонда, каме равғани зайтун молед....


Талаби илм бар ҳар марду зани мусалмон фарз аст

Барои инсон ҳеҷ шуғле фозилтар ва гуворотар аз илм нест, зеро Худованди Бузург ба сабаби фазилати илму дониш мақому манзалати уламоро баланд намуда, мефармояд:   «Худо ононеро, ки аз мисли шумо имон овардаанд ва ононеро, ки ба онҳо илм ато карда шудааст, ба мартабаҳо баланд...


Муҳоҷирон ба Русия бештар даромад оварданд

Дар ним сол аз ҳисоби муҳоҷирон ба буҷети Русия 321 миллиард рубл ворид шудааст, ки нисбат ба як соли пеш 30% зиёд мебошад.   Ин нуктаро Андрей Кикот, муовини аввали вазири корҳои дохилии Русия дар вохӯрӣ бо Владимир Путин, президенти Русия зикр кард. Ба гуфтаи ӯ, аз ин маблағ, зиёда аз 60...


САВОЛУ ҶАВОБ

Мехоҳам маънои сано, тасбеҳот, тасмеъу таҳмид ва зикру дуоҳоеро, ки дар дохили намоз хонда мешаванд, бидонам. Тарҷумаи зикрҳо ва дуоҳое, ки дар намоз хонда мешаванд, ба сурати зайл аст: Сано: «Субҳонакаллоҳумма ва биҳамдика ва таборакасмука ва таъоло ҷаддука ва ло илоҳа...


Зиндагии Аҳмади Дониш

Ташаккулёбии чаҳонбинии Аҳмади Дониш   Яке аз фозилтарин фарзандони Бухорои Шарифи асри XIX Аҳмад Махдуми Дониш, мулаққаб ба Аҳмади Калла (1826-1897) ба ҳисоб меравад. Ӯ дар шаҳри Бухорои Кӯҳна, дар оилаи Носир ном мулло ба дунё омадааст. Маълумоти ибтидоиро дар мактаби хусусии духтаронаи...