Торти асалии болаззат бо қулфинай

Торти асалии болаззат бо қулфинай

Маҳсулоти лозима:

2 дона – тухм

220 грамм – шакар

100 грамм – равғани маска

2 қошуқ – асал

1 қошуқча – асал

400 грамм – орд

 

Барои ороиш:

Қаймоқи 33% - 400 мл

Сметана 25% - 450-500грамм Хокаи шакар – 150 грамм

 

Тарзи таҳия:

Аввал дар зарфе асал, шакар ва равғани маскаро мегирем ва дар болои оташи паст гузошта, то об шуданаш мекобем, сипас дар гармияш сода илова карда, реаксияи содаро мегузаронему дар зарфи дигар мегирем, то ки хунук шавад. Баъд аз он тухм, каме намак, ордро илова карда, омехта мекунем. Хамирро ба 10-12 зувола тақсим мекунем ва ҳар кадомашро тунук карда, дар қолаб мепазем. Баъд аз пухтанаш қабатҳои зиёдатии коржро мебурем ва дар блендер хока мекунем, барои ороиши болояш.

Барои оро додан қаймоқро бо хокаи шакар лат мезанем ва сметана илова карда, боз каме дигар бо миксер лат заданро идова медиҳем. Пасон, ҳар як қабатро гузошта, каме шир мемолем барои мулоим шуданаш ва малҳамро мемолем. Ин амалро то охирон қабаташ анҷом медиҳем. Тортро каме дар яхдон мегузорем, пасон боқимондаи малҳамро дар ҳама тарафи торт мемолем ва ба болояш хокаи аз корж омода кардаро мепошем.

Қулфинайро реза карда, болояшро бо қулфинай оро медиҳем. Метавонед ҳар меваеро, ки мувофиқи табъи худатон аст, барои ороиши болояш истифода баред. Бо иштиҳо бошед!

 

«Шоира Маҳмадиева»

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


5 ғизои муфид барои фаъолияти мағзи сар

Мағзи сар яке аз узвҳои асосӣ ва сермасрафи бадан аст ва барои фаъолияти дуруст ба ғизо, об ва микроэлементҳои зарурӣ ниёз дорад. Вақте организм аз ин моддаҳо камбудӣ эҳсос мекунад, инсон зуд хаста мешавад, диққаташ парешон мегардад ва қобилияти хотира метавонад коҳиш ёбад.   Мутахассисони...


Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон — 24 ноябр

24 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил мегардад. Ин сана баъд аз қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (24 ноябри соли 1992) муқаррар шудааст. Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ба шумор меравад ва...


Намояндагии вазорат аз муҳоҷирон хост ба ҳисобҳои ношинос пул нафиристанд

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия аз муҳоҷирони тоҷик даъват кардааст, ки ба корт ва суратҳисобҳои шахсони номаълум ва созмону фондҳои ношинос маблағ интиқол надиҳанд. Намояндагӣ рӯзи 22-юми сентябр ҳушдор додааст, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯ ва фондҳои қалбакӣ...


Чин дар Тоҷикистон нерӯгоҳҳои офтобӣ месозад

Ширкати «LONGi»-и Чин барои бунёди нерӯгоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ менамояд. Масъалаи бунёди нерӯгоҳҳо ва дигар масоили марбут ба соҳаи энергетика дар мулоқоти вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо намояндагони ширкати «LONGi»-и Чин дар...


Рӯзи 16-уми ноябр — рӯзи таърихӣ ва муҳим барои миллату кишвар

Тавре ба ҳамагон маълум аст, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи 16 ноябр Рӯзи Президент муайян карда шудааст. Мо ҳамасола ин рӯзро ҳамчун рамзи қадршиносӣ аз заҳмату талошҳои Пешвои миллат дар роҳи эъмори давлати миллии тоҷикон — «Рӯзи Президенти...