Шахси меҳнатдӯст ҳеҷ гоҳ хор намешавад

Шахси меҳнатдӯст ҳеҷ гоҳ хор намешавад

Шахси меҳнатдӯст ҳеҷ гоҳ хор намешавад

Кадом сину сол аз назари шумо барои издивоҷ беҳтарин аст? Ба саволи мазкур модари азиз, аз ҷамоати Кабуд Сайфиддини ноҳияи Панҷ, Раҷабгул Саидова посух мегӯянд:

 

Издивоҷро савдои умр мегўянд, барои ҳар як шахс умр ё ин ки ҳаёт беҳтарин гавҳар мебошад, аз ин рў, дар ин савдо эҳтиёт бояд шуд. Чун риштаи муқаддаси издивоҷ байни ду нафар баста мешавад, бояд онро эҳтиёт кард. Синну соли издивоҷро қонун муайян намудааст, вале ман чун як модар бар онам, ки бояд ҷавонон барои ба зиндагии мустақил қадам гузоштан тайёр бошанд.

Дар оилаҳои анъанавии тоҷикимардон ризқрасон ва занон нигаҳдорандаи гармии хонадон ҳастанд. Барои ҳамин ҷавонмардонро лозим аст, ки хонда соҳиби касбу коре гарданд, то фардо тавонанд оилаи худро ҳаматарафа таъмин намоянд. Хушбахтона, имрўз духтарон низ дар баробари писарон шомили донишгоҳҳо гашта, соҳиби касбу ҳунари дилхоҳ мешаванд, ки ин хеле хуб аст. Дар баробари соҳибдиплом будан духтаронро лозим аст, ки аз нозукиҳои ҳунарҳои занона, пухту паз, дўзандагӣ, дастархонороиву меҳмондо-рибароянд. Агар зан соҳиби касбу корест ва дар буҷаи оила баробари шавҳар ҳиссаи худро мегузорад, хуб аст, аммо чун кадбонуи хуб аст, нуран ало нур мешавад.

Писару духтар бояд ҳарду барои ба шоҳроҳи ҳаёти мустақил қадам гузоштан тайёр бошанд, барои ҳамин барвақт хонадор намудани фарзандон наметавонад ба онҳо ин фурсатро диҳад. Тарбияи меҳнатдўстиро фарзанд дар оила мегирад, аз ин рў, моро зарур аст, ки шараф будани меҳнатро ба эшон аз кўдаки дар зеҳни онҳо ҷо кунем. Одами меҳнатдўст ҳеҷ гоҳ хор намешавад.

 

«Сўҳбати Дилошӯб»

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Рӯзи 16-уми ноябр — рӯзи таърихӣ ва муҳим барои миллату кишвар

Тавре ба ҳамагон маълум аст, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи 16 ноябр Рӯзи Президент муайян карда шудааст. Мо ҳамасола ин рӯзро ҳамчун рамзи қадршиносӣ аз заҳмату талошҳои Пешвои миллат дар роҳи эъмори давлати миллии тоҷикон — «Рӯзи Президенти...


«Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид

«Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум дар таърихи х-уд Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овард. Дар бозии ниҳоии мусобиқаи «Ҷоми Тоҷикистон2026» футболбозони Хуҷанд бар тими «Сардор»-и шаҳри Турсунзода бо...


Оилаи солим - ҷомеаи солим

Оила яке аз муқаддасотест, ки ҳар шахси соҳибшарофат онро қадр менамояд ва дар пойдории он кӯшиш ба харҷ медиҳад. Чунон ки аҳли фаҳм фармудаанд: “Оилаҳо давлатҳои хурдеанд, ки як давлати мустақилро ташкил медиҳанд”. Агар ба таърихи оиладорӣ назар андозем, мебинем, ки вақте Худованд...


Саволу ҷавоб

Ҳамсояамон мегўяд, ки бо тасбеҳ зикри бисёр кардан дуруст нест, чунки он бидъат аст. Оё ин ақида дуруст аст ё на? Худованд дар каломи худ бандагонашро ба бисёр зикр гуфтан амр кардааст, чунонки мефармояд: “Эй мўъминон, Худоро ба ёд кардани бисёр ёд кунед”. (Сураи “Аҳзоб”,...


5 ғизои муфид барои фаъолияти мағзи сар

Мағзи сар яке аз узвҳои асосӣ ва сермасрафи бадан аст ва барои фаъолияти дуруст ба ғизо, об ва микроэлементҳои зарурӣ ниёз дорад. Вақте организм аз ин моддаҳо камбудӣ эҳсос мекунад, инсон зуд хаста мешавад, диққаташ парешон мегардад ва қобилияти хотира метавонад коҳиш ёбад.   Мутахассисони...