Шукр ки кардӣ, Худо аз он зиёдтар медиҳад

Шукр ки кардӣ, Худо аз он зиёдтар медиҳад

Шукр ки кардӣ, Худо аз он зиёдтар медиҳад

Меҳмони навбатии гӯшаи “Маслиҳати хушдоман” қаҳрамонмодар аз деҳаи Меҳнатободи ноҳияи Ҳамадонӣ ҳоҷибибӣ Исматова Давлатбӣ мебошанд. Модари азиз 83 сол дошта, 14 фарзанд ба дунё овардаанд, ки ин замон дувоздаҳ нафарашон дар қайди ҳаёт буда, ҳамагӣ соҳиби маълумоти олӣ ва зиндагии осоишта ҳастанд. Холаи Давлатбӣ дар ҳалқаи фарзандону наберагон давлати пирӣ меронанд.

 

Саволи мо ба модари азиз чунин буд:

Калиди саодати хонаводагӣ чист?

 Расули Акрам, дуруд бар равони покашон, дар ҳадисҳои мубораки хеш мефармоянд, ки «Собир (босабр) оқибат ба муроди хеш мерасад» ва «Худо бо шокирон (шукргузорон) аст». Яъне, аз ин гуфтаҳо хулоса кардан лозим аст, ки калиди саодати хонаводагӣ ва хушбахтии инсонӣ сабр ва шукр мебошад. Зиндагӣ пастиву баландиҳои зиёд дорад, танҳо инсони Худотарсу тарбияи хуб дидагӣ ба ин пасту баландиҳо ва монеҳои дар роҳи умр пайдо мешуда бо чашми ақл менигарад. Ноумед намешавад, пеш меравад, кӯшиш мекунад, ки камбудии кардааш ва сабаби пайдо шудани ҳамин монеаро таҳлил карда, аз пайи ислоҳаш шавад. Агар ноумед шудӣ, гапи хонаро ба кўча баровардӣ, пеши падару модар аз зиндагият шикоят кардӣ, он гаҳ гирди номат ҳарф мезананду ба девори баланди бахти хонаводагият рахна пайдо мешавад. Ба як пешравии кўчак, ба як ҳадяи арзонбаҳо ба як меҳрубониву табассум шукр ки кардӣ, Худо аз он зиёдтар медиҳад. Сабру таҳаммул ва шукр аз хислатҳои ҳамидаи инсонист, ки дар натиҷаи тарбияи хуб пайдо мешаванд.

Фарзандон, хоҳ писару хоҳ духтарро хуб тарбия кардан лозим, ба онҳо ҳушдор бояд дод, ки дар зиндагӣ ҳар кор шуданаш мумкин, аз ин рў сабр бояд кард. Пештар дар оилаҳои анъанавии тоҷикӣ ду-се оилаи бародарон дар як ҳавлӣ солҳо зиндагӣ мекарданд. Арусҳо ба ҳам мисли апаву хоҳар меҳрубон буданд. Имрўзҳо шоҳиди он мешавем, ки арўсакони нав шарму ҳаёро як сў монда, талаби хонаи ҷудо мекунанд. Ҷудошавии оилаҳои ҷавон ҳам аз ҳамин бесабриву ношукрӣ ба миён меояд. Хизмати хусуру хушдоманро карда, дуои онҳоро гирифтан ин як давлати калон аст. Дар зиндагии ҳаррўза мебинем, ки маҳз духтарони он модароне харидори бисёр доранд, ки хизмати хусуру хушдоманро карда, бо сабру таҳаммул мебошанд.

Фарзандони азиз, агар калиди хушбахтӣ меҷўед, пас сабру таҳаммулро пеша намоед, Худо хоҳад, зиндагии шумо бобаракат мешавад. Боқӣ, ба ҳамаи шумо хонаи ободу фарзандони солеҳ ва бахту саодатро орзу дорам.

 

Сўҳбати Дилошуб

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Гули бобуна ба кадом дардҳо давост?

Аксари табибон ҳангоми бемориҳои гуногун ба беморон нӯшидани гиёҳоби бобуна (ромашка)-ро тавсия медиҳанд. Мехоҳам донам, ки бобуна чӣ фоида дорад?   Посух: - Гули бобуна дар ҳақиқат хусусиятҳои табобатии зиёде дорад. Ин гиёҳи мӯъҷизанокро дар саросари Тоҷикистон пайдо кардан мумкин атс,...


Фоидаҳои ҷигари мурғ

Қаблан дар Тоҷикистон касе ҷигари мурғро намехӯрд, вале ҳоло он дар ҳамаи мағозаҳо фурӯхта мешавад.   Ҷигари мурғ яке аз маҳсулоти серғизо ба шумор меравад. Он аз оҳан, витамини А, витамини В12, фолат ва сафеда бой аст. Маҳз ба ҳамин далел метавонад барои пешгирӣ ё кам кардани хатари баъзе...


Пешниҳоди муфтӣ: ҷавонон бояд пеш аз издивоҷ давраи омӯзишӣ гузаранд

Саидмукаррам Абдуқо-дирзода, раиси Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар як суханронии ахири худ аз афзоиши ҷудошавии оилаҳои ҷавон изҳори нигаронӣ карда, пешниҳод намудааст, ки ҷавонон пеш аз издивоҷ дар бораи оиладорӣ китоб хонанд ва ҳатто аз як давраи кӯтоҳи омӯзиши зиндагии муштарак...


Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон — 24 ноябр

24 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил мегардад. Ин сана баъд аз қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (24 ноябри соли 1992) муқаррар шудааст. Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ба шумор меравад ва...


Чалпак бо ҳасиб

Маҳсулоти лозима: 3 тухм, 200 грамм орд, 400 мл шир, 30 мл равғани офтобпараст, 100 грамм ҳасиб, 100 грамм панир, 2 помидор, кабудӣ мувофиқи табъ, намак.   Тарзи таҳия: Шир, тухм ва намакро хуб лат занед. Сипас орди аз элак гузаронидашударо илова карда, хуб омезиш диҳед. Помидор, кабудӣ...