Ҷарроҳии нодири лапароскопӣ бори аввал дар Тоҷикистон

Ҷарроҳии нодири лапароскопӣ бори аввал дар Тоҷикистон

Бори аввал дар Тоҷикистон бо истифода аз дастгоҳи муосири “Eye Max” ҷарроҳии гузоштани анастомоз байни рӯда ва маҷрои умумии талхагузари ҷигарӣ бо усули лапароскопӣ, инчунин ревизияи роҳҳои талхагузар анҷом дода шуд.

 

Ин амалиёти нодири ҷарроҳӣ бо истифода аз технологияҳои муосири тиббӣ дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо” анҷом дода шудааст.

Ба иттилои масъулини марказ, бемор бо шикоятҳои дарди шадид, дилбеҳузурӣ, қайкунӣ, зардшавии склераи чашм, тағйири ранги пешоб ва заъфи умумӣ ба муассиса муроҷиат намудааст. Дар натиҷаи ташхис тангшавии қисми терминалии роҳҳои талха, васеъшавии кистозии маҷрои умумии талхагузар ва зардшавии механикӣ муайян гардид.

Дар марҳилаи аввал ба бемор бо усули эндоскопӣ стентгузорӣ анҷом дода шуд, ки ба бартараф шудани зардшавии механикӣ мусоидат кард. Баъдан, дар марҳилаи дуюм, амалиёти асосӣ бо усули лапароскопӣ гузаронида шуд.

Директори марказ Ҷамахон Раҳмонов ва мудири шуъбаи ташхису табобат Сорбон Мусоев иброз доштанд, ки бемор бо чунин нишонаҳо ба муассиса муроҷиат кардааст.

Ба гуфтаи онҳо, ташхис тангшавии қисми терминалии роҳҳои талха, васеъшавии кистозии маҷрои умумии талхагузар ва зардшавии механикиро тасдиқ намуд.

“Дар марҳилаи аввал барои бартараф намудани зардшавии механикӣ бо усули эндоскопӣ стентгузории эндобилиарӣ, яъне бе буриш тавассути даҳон ба маҷрои умумии талхагузар анҷом дода шуд”, – изҳор дошт директори марказ.

Ба гуфтаи ӯ, чунин беморон қаблан бо усули анъанавии ҷарроҳӣ, яъне бо буриши 14–16 см ҷарроҳӣ мешуданд, ки ин давраи табобатро тӯлонитар мегардонд.

Гуфта мешавад, табибони марказ барои анҷоми чунин амалиёти муосир дар кишварҳои хориҷӣ курсҳои омӯзишӣ ва бозомӯзӣ гузаштаанд.

 

(«Пресса.тж»)

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Тарғиби илму дониш дар «Хирадномаи Искандари»-и Абдурраҳмони Ҷоми

Вақте ки дилҳо аз илму дониш шодобу мунаввар мешаванд, муносибатҳои байни одамон, раҳму шафқат бештар мегардад. Ҷомеаи инсонӣ пеш меравад, тараққӣ мекунад, ноадолатӣ, бедодгарӣ оҳиста-оҳиста аз байн меравад.   Мақсаду мароми Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамчун инсондўсти бузург таълим додан ва тарбия...


Чин дар Тоҷикистон нерӯгоҳҳои офтобӣ месозад

Ширкати «LONGi»-и Чин барои бунёди нерӯгоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ менамояд. Масъалаи бунёди нерӯгоҳҳо ва дигар масоили марбут ба соҳаи энергетика дар мулоқоти вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо намояндагони ширкати «LONGi»-и Чин дар...


Оши туппа

Маҳсулоти лозима: Гӯшти қимма, пиёз, сабзӣ, равғани растанӣ, зира, нахӯд ва лӯбиёи таркардашуда, хамири бурида.   Тарзи таҳия: Сараввал гӯшти қимма, пиёз ва сабзиро дар каме равғани растанӣ бирён карда, об резед ва зираю намак пошед, сипас нахӯди таркардашуда ва лӯбиёро андозед. Пас аз...


Поянда бод Бахтномаи миллати тоҷик — Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Конститутсия баёнгари иродаи халқи Тоҷикистон ва дастоварди бузурги миллати тоҷик аст. Бо қабули ин санад роҳи рушди давлатдории миллии тоҷикон муайян гардид. Сиёсатшиносони дохилу хориҷӣ онро аз беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон эътироф кардаанд. Конститутсия 6 ноябри соли 1994 бо овоздиҳии...


5 ғизои муфид барои фаъолияти мағзи сар

Мағзи сар яке аз узвҳои асосӣ ва сермасрафи бадан аст ва барои фаъолияти дуруст ба ғизо, об ва микроэлементҳои зарурӣ ниёз дорад. Вақте организм аз ин моддаҳо камбудӣ эҳсос мекунад, инсон зуд хаста мешавад, диққаташ парешон мегардад ва қобилияти хотира метавонад коҳиш ёбад.   Мутахассисони...