Оши палов бо себи биҳӣ

Оши палов бо себи биҳӣ

Маҳсулоти лозима: Гӯшти гов - 1,5 кг Равғани растанӣ - 1 коса Биринҷ - 1 кг Пиёз - 3-4 дона Сабзӣ - 1,5 кг Тухми бедона - 10 дона Себи биҳӣ - 2-3 дона Сирпиёз - 2 дона Нахӯд - мувофиқи табъ Намак, зира - мувофиқи табъ.

 

Тарзи таҳия: Дегро дар болои оташ гузошта, равған мерезем ва гӯштро андохта, таф медиҳем. Пиёзро реза карда, илова мекунем, то ки хуб бирён шуда, сурх шавад. Пасон, сабзӣ, нахӯд, сирпиёз, намаку зира ва себи биҳиро реза карда, ҳамроҳ мекунем ва таф медиҳем. Баъд аз он меандозем. Каме ки пӯхт, биринҷро шуста ба дег меандозем ва рӯяшро пӯшонида, дам медиҳем. То пухтани оши палов тухми бедонаро меҷӯшонем ва хӯриши барои ошро бо помидору бодиринг омода мекунем. Оши палов ки пухт, дар табақи ошхӯрӣ мебардорем ва ба болояш гӯшт, тухми бедона, сирпиёз ва себи биҳиро гузошта, дар сари дастархон бо аҳли хонавода нишаста истеъмол мекунем. Бо иштиҳо бошед!

 

(«Шоира Махмадиева»)

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Гули бобуна ба кадом дардҳо давост?

Аксари табибон ҳангоми бемориҳои гуногун ба беморон нӯшидани гиёҳоби бобуна (ромашка)-ро тавсия медиҳанд. Мехоҳам донам, ки бобуна чӣ фоида дорад?   Посух: - Гули бобуна дар ҳақиқат хусусиятҳои табобатии зиёде дорад. Ин гиёҳи мӯъҷизанокро дар саросари Тоҷикистон пайдо кардан мумкин атс,...


Муфтии Тоҷикистон аз муҳоҷирон хост, ки дар тарбияи фарзандон фаъол бошанд

Муфтии Тоҷикистон аз муҳоҷирон хост, ки дар тарбияи фарзандон фаъол бошанд Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, аз муҳоҷирони тоҷик даъват кардааст, ки бо аҳли оилаи худ робитаи доимӣ дошта бошанд ва дар тарбияи фарзандон саҳми фаъол гузоранд. Тибқи иттилои...


Оши туппа

Маҳсулоти лозима: Гӯшти қимма, пиёз, сабзӣ, равғани растанӣ, зира, нахӯд ва лӯбиёи таркардашуда, хамири бурида.   Тарзи таҳия: Сараввал гӯшти қимма, пиёз ва сабзиро дар каме равғани растанӣ бирён карда, об резед ва зираю намак пошед, сипас нахӯди таркардашуда ва лӯбиёро андозед. Пас аз...


Намояндагии вазорат аз муҳоҷирон хост ба ҳисобҳои ношинос пул нафиристанд

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия аз муҳоҷирони тоҷик даъват кардааст, ки ба корт ва суратҳисобҳои шахсони номаълум ва созмону фондҳои ношинос маблағ интиқол надиҳанд. Намояндагӣ рӯзи 22-юми сентябр ҳушдор додааст, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯ ва фондҳои қалбакӣ...


Чин дар Тоҷикистон нерӯгоҳҳои офтобӣ месозад

Ширкати «LONGi»-и Чин барои бунёди нерӯгоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ менамояд. Масъалаи бунёди нерӯгоҳҳо ва дигар масоили марбут ба соҳаи энергетика дар мулоқоти вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо намояндагони ширкати «LONGi»-и Чин дар...