Саволу ҷавоб

Саволу ҷавоб

Ман дар Русия муҳоҷирам. Ҳамсарам рўзе аз ман нопурсида ба хонаи волидонаш меравад. Ман инро шунида ҷанҷол кардам, баъдан гуфтам, ки “агар аз ин пас нопурсида рафтӣ, се талоқат мекунам ё се талоқ ё се талоқатро медиҳам”. Дар хотир надорам, ки кадом яке аз ин лафзҳоро гуфтаам. Ҳамсарам мегўяд, ки “нопурсида рафтӣ, ба Худо қасам се талоқатро медиҳам” гуфтаам. Дар дилам шубҳа аст, ки никоҳам барҷост ё шикастааст, ҳайронам.

Бародари азиз, никоҳи шумо барқарор аст, парешонхотир нашавед, зеро лафзи “талоқатро медиҳам” ё “талоқат мекунам” замони ояндаро ифода мекунад ва бо ин лафз талоқ воқеъ намешавад. Вақте ки аз Русия ба ватан омадед, барои рафъи шубҳа ва таскини қалбатон никоҳи эҳтиётӣ кунед ва зиндагиатонро идома диҳед. Кўшиш кунед, ки дар оянда талоқро на танҳо аз забон, ҳатто аз зеҳнатон дур гардонед. («Любоб»)

 

 

 

Лутфан дар бораи намози қаср ва масофаи сафар маълумоти муфассал медодед?

Вақте ки шахсе аз маҳалли зисташ азми сафар кунад ва масофа то макони мақсудаш 120 км роҳ бошад, намозҳоро қаср мегузорад. Агар дар аснои сафар намози чаҳорракъатие қазо шуд, онро низ ба сурати қаср, яъне ду ракъат ба ҷо меорад. Яъне дар ин ҳолат намозҳои чаҳорракъатии фарзро ду ракъат мегузорад, вале суннатҳоро пурра мехонад. Намози бомдод ва шомро низ пурра мехонад, зеро намози бомдод худ ду ракъат аст ва намози серакъатӣ қаср надорад. Агар шахси мусофир ният кунад, ки дар шаҳре ба муддати 15 рўз иқомат кунад, дигар ҳукми мусофириро надорад ва намозҳояшро комил адо менамояд. Аммо дар ҳолати камтар аз 15 рўз истодан дар он шаҳр намозро қаср мегузорад. («Мароки Фалох»)

 

 

 

Мо дар яке аз шаҳрҳои Русия қарор дорем. То ҳол дар ин шаҳр масҷиди ҷумъахонӣ пайдо накардем. Шаҳри дигаре, ки масҷиди ҷумъахонӣ дорад, аз мо 80 км дур аст. Барои мо дуруст аст, ки дар рўзи ҷумъа намози пешинро бо ҷамоат гузорем?

Бародари азиз, дар ин сурати масъала шумо метавонед, ки намози пешинро бо ҷамоат гузоред.

 

 

Агар ҳангоми намоз хондан аз рӯи ҷойнамоз як ҳайвон ё кӯдаки хурдсол гузарад, оё намоз қатъ мешавад?

Не, намоз аз сабаби гузаштани чизе аз пеши намозгузор ботил намегардад. Агар шахси оқил бо қасди худ аз пеши намозхон убур кунад, худи ҳамон шахс гунаҳгор мешавад, аммо дар намози намозгузор ҳеҷ гуна кароҳият ба вуҷуд намеояд. («Мухтасар Кудури»)

 

 

Оё кӯдаки норасидаеро, ки мурда ба дунё омадааст, пеш аз дафн ном гузоштан лозим аст ё бе ном дафн кардан ҷоиз аст?

Ҳар кӯдаке, ки мурда таваллуд мешавад, бояд аввал номгузорӣ карда шавад, сипас ғусл дода шуда, баъд ба хок супурда шавад. Ном гузоштан барои падару модар ҳамчун ёдгорӣ мемонад. Агар кӯдак зинда ба дунё омада бошад, пас аз номгузорӣ ва ғусл, бар ӯ намози ҷаноза хонда мешавад ва баъдан дафн мегардад. Вале тифли мурдатаваллудро намози ҷаноза намехонанд, зеро дар ислом танҳо касоне ҷаноза карда мешаванд, ки муддате аз ҳаёт баҳраманд будаанд. («Марокил Фалоҳ»)

 

 

Оё закоти моламро ба шаҳри дигар фиристам, ҷоиз аст?

Закот фақат ба мусулмоне дода мешавад, ки исломи ӯ зоҳиран собит бошад. Паёмбар ﷺ ба Муоз ибни Ҷабал ҳангоми фиристодан ба Яман фармуд: «Ба онҳо хабар деҳ, ки Аллоҳ садақаеро фарз кардааст, ки аз сарватмандонашон гирифта шуда, ба камбағалонашон дода мешавад». Фақиру мискинҳое, ки парҳезгортар ва фармонбардортар бошанд, ба гирифтани закот сазовортаранд. Тибқи ҳадис, закот бештар ба фақирони ҳамон кишваре, ки мол дар он ҷост, тақсим карда мешавад. Аз ин рӯ, беҳтар аст, ки закотро ба ҳамватанони камбағали худ бидиҳед — ин авлотар аст. («Ихтиёр»)

 

 

 

Ман чанд бор дидаам, ки марди бегона ба хонаи ҳамсояам медарояд. Дар чунин ҳолат чӣ кор кунам? Оё ба шавҳараш хабар диҳам?

Ин масъала хеле ҳассос аст. Аввал бикӯшед ба худи зан фаҳмонед, ки рафтораш нодуруст аст. Агар ӯ ба насиҳати шумо гӯш диҳад ва аз кори гуноҳолуд даст кашад, айби ӯро пинҳон кунед — пинҳон кардани гуноҳи тавбакарда савоб дорад. Аммо агар ӯ бар гуноҳи худ исрор варзад ва насиҳат накунад, дар ин сурат ба шавҳараш хабар диҳед, то бистари оилавӣ фосид нагардад.

 

 

 

Ман ҳомила ҳастам ва хам шудан бароям душвор аст, ба вижа саҷда кардан сахт аст. Оё барои занони ҳомила дар намоз сабукӣ дода шудааст, ҳамчунон ки дар рӯза ҳаст?

Ҳомиладорон ва ширмакдагон аз рӯзаи Рамазон озоданд, аммо баъдан рӯзаҳои қазоро мегиранд. Дар намоз чунин гузашт нест. Мусулмон то охири умр бояд ибодатро барҷой орад. Аммо чунон ки гуфтаанд: «Қудрат ба тавоноӣ». Агар саҷда бароятон мушкил бошад, метавонед бо ишораи сар — яъне сарро андаке паст карда — саҷда кунед ва намозро идома диҳед. Худованд ибодатро ба андозаи тавоноии ҳар банда фармудааст. Ҳама инсонҳо, аз ҷумла занони ҳомила, бояд ба қадри тавони худ Худоро бипарастанд. («Ихтиёр»)

 

 

 

Баъзеҳо мегӯянд дар рӯзи қиёмат ҷисми одам зинда мешавад, дигарон мегӯянд фақат рӯҳ пурсида мешавад. Кадом андеша дуруст аст?

Дар рӯзи қиёмат ҳам рӯҳ ва ҳам ҷисми инсон зинда мегардад ва банда барои ҳамаи амалҳое, ки дар дунё анҷом додааст, дар назди Парвардигор ҷавоб медиҳад. («Фиқҳи Акбар»)

 

 

 

Намози ҷумъа бар кӣ фарз аст ва чӣ фазилатҳо дорад?

Намози ҷумъа намози фаризаест, ки дар рӯзи ҷумъа ба ҷои намози пешин гузорида мешавад. Он бар шахсоне фарзи айн мебошад, ки болиғ, мард, озод, тандуруст, бино ва муқими шаҳр бошанд. Барои ноболиғ, зан, ғулом, мариз, нобино ва мусофир намози ҷумъа фарз нест, аммо агар онҳо ҳозир шаванд ва онро бихонанд, ба ҷойи фарзи пешин қабул мешавад.

Дар рӯзи ҷумъа ду бор азон гуфта мешавад. Бо азони аввал мардум хариду фурӯшро тарк карда, ба сӯи масҷид мешитобанд. Қабл аз хутба 4 ракъат суннат хонда мешавад, сипас имом бар минбар меравад, азони дувум гуфта мешавад, баъд ду хутба бо як нишасти миёна хонда мешавад. Пас аз хутба, 2 ракъат намози ҷумъа бо ҷамоат адо мегардад. Баъд аз он 4 ракъат суннати дигар хонда мешавад ва дар охир имом бо мардум дуо мекунад. («Дурарул Ҳуккам»)

 

 

Агар ҷавону духтар ҳамдигарро дӯст дошта бошанд ва пас аз чанд вохӯрӣ издивоҷ кунанд, оё мулоқотҳои пеш аз тӯй ва никоҳ гуноҳ ҳисоб мешавад?

Марде, ки бо нияти хонадоршавӣ ба зан ё духтаре хостгор мефиристад, метавонад қабл аз хутбаи никоҳ як бор ӯро аз наздик бинад ва бо ӯ суҳбат кунад, то аз будани айби ҷисмонӣ огоҳ шавад. Шариат барои устувории оила иҷозат медиҳад, ки никоҳкунандагон як маротиба дар ҳузури шахсони наздик, на дар танҳоӣ, бо ҳам суҳбат кунанд. Аз Абуҳурайра ривоят шудааст: як мард хост бо зани Ансор издивоҷ кунад. Паёмбар ﷺ пурсид: «Оё ӯро нигоҳ кардаӣ?» Гуфт: «Не». Фармуд: «Бирав ва бинигар, ки чашмони Ансор маъюб аст». Вале вохӯриҳои пайваста ва муносибатҳои дарозмуддат пеш аз никоҳ шаръан манъ аст.

 

2026-07-01 (Муҳаррами соли 1448.) №7.


Русия хариди ангур ва сабзавоти Тоҷикистонро афзоиш медиҳад

Русия ният дорад хариди ангур, мева ва сабзавоти Тоҷикистонро афзоиш диҳад. Ин масъала дар мулоқоти вазири рушди иқтисоди Русия Максим Решетников бо вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода дар ҳошияи Форуми байналмилалии иқтисодии Петербург баррасӣ шудааст.   Ба...


Бозии дӯстонаи Тоҷикистону Ҳиндустон дар Турсунзода

Мухлисони футбол дар шаҳри Турсунзода пас аз танаффуси тӯлонӣ боз шоҳиди бозии тими миллии футболи Тоҷикистон дар варзишгоҳи “Талко-Арена” хоҳанд шуд.   Рӯзи 5-уми июн дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар доираи рӯзҳои расмии FIFA дар як бозии дӯстона бо тими миллии Ҳиндустон рақобат...


Масъала танҳо доштани телефон нест!

Солҳои охир масъалаи танзими рафтори ҷавонон дар муассисаҳои таълимӣ ба яке аз мавзуҳои баҳсталаби ҷомеа табдил ёфтааст. Бо рушди технология ва густариши истифодаи интернет, тарзи муносибат ба воситаҳои техникӣ низ дигаргун шудааст. Аммо баъзе маҳдудиятҳо ва иҷозатҳое, ки имрӯз амал мекунанд,...


Тоҷикони муваффақ дар Русия

Чеҳраҳое, ки миёни ду кишвар пул месозанд   Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия таърихи тӯлонӣ ва заминаи мустаҳками ҳамкорӣ доранд. Имрӯз ҳазорҳо шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия кору фаъолият намуда, дар рушди иқтисоди ҳар ду кишвар саҳм мегузоранд. Дар баробари...


Баъди 6 сол қатораи Душанбе – Маскав дубора ба роҳ мебарояд

Баъди шаш соли таваққуф ҳаракати қатораи мусофирбар дар масири Душанбе – Маскав – Душанбе аз нав оғоз мешавад. Нахустин қатора рӯзи 21 июн аз пойтахти Тоҷикистон раҳсипор хоҳад шуд.   Тибқи иттилои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, арзиши чипта дар вагони умумӣ 2617 сомонӣ ва дар...