Бозиҳои осиёӣ дар Чин ҷамъбаст гардид. Тоҷикистон бо 7 медал мусобиқаро ҷамъбаст кард

Бозиҳои осиёӣ дар Чин ҷамъбаст гардид. Тоҷикистон бо 7 медал мусобиқаро ҷамъбаст кард

Бозиҳои осиёӣ дар Чин ҷамъбаст гардид. Тоҷикистон бо 7 медал мусобиқаро ҷамъбаст кард

Бозиҳои XIX-уми Осиё бо ғалабаи мутлақи мизбонони мусобиқа - Чин анҷом ёфт. Тоҷикистон дар ин мусобиқа бо гирифтани 7 медал - 2 тилло, 1 нуқра ва 4 биринҷӣ мақоми 24 - умро касб кард.

 

Дар умум, Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 138 варзишгар дар 18 намуди варзиш намояндагӣ намуданд.

Рӯйхати варзишгарони тоҷик, ки дар Бозиҳои осиёӣ соҳиби медал шуданд:

  1. Сомон Маҳмадбеков (-81 кг) дар риштаи ҷудо нишони тилло,

2.Давлат Болтаев (-92кг) дар риштаи бокс нишони тилло,

 3.Темур Раҳимов (+100 кг) дар риштаи ҷудо нишони нуқра,

4.Ҳақназар Назаров (-90 кг) дар риштаи кураш нишони биринҷӣ,

 5.Беҳрӯз Хоҷазода (-73 кг) аз риштаи ҷудо нишони биринҷӣ,

 6.Хайрандеш Муродзода (-66 кг) аз риштаи кураш нишони биринҷӣ,

7.Миҷгона Самадова (-57 кг) дар риштаи бокс нишони биринҷӣ.

Бояд гуфт, ки варзишгарони тоҷик Миҷгона Самадова ва Давлат Болтаев пас аз муваффақият роҳхат ба Бозиҳои тобистонаи Олимпии Париж-2024-ро ба даст оварданд.

Ҳамакнун, ба варзишгарони муваффақшудаи тоҷик, яъне онҳое, ки соҳиби медал шуданд, ҳамчунин ҷоизаи Президенти Тоҷикистон низ тақдим карда мешавад: барои ҷойи аввал – 150 ҳазор сомонӣ, дуюм – 100 ҳазор, сеюм – 50 ҳазор.

Дар умум, мизбони мусобиқа - Чин ғолиби мутлақи Бозиҳои осиёӣ-2023 гардид. Ин кишвар тавонист 383 медал (201 тилло, 111 нуқра, 71 биринҷӣ) ба даст орад.

1.Чин – 201 тилло, 111 нуқра, 71 биринҷӣ

  1. Ҷопон – 52 тилло, 67 нуқра, 69 биринҷӣ
  2. Корея – 42 тилло, 59 нуқра, 89 биринҷӣ
  3. Ҳиндустон – 28 тилло, 38 нуқра, 41 биринҷӣ
  4. Ӯзбекистон – 22 тилло, 18 нуқра, 31 биринҷӣ

Давлатҳои Фаластин, Кабоча, Сурия ва Лубнон ҳар яке бо гирифтани як медали биринҷӣ дар охири руйхати ҷамъбастӣ қарор гирифтанд.

 Давлатҳои Осиёи Марказӣ дар бозиҳои тобистонаи Осиёӣ

Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ давлати ҳамсоя Ӯзбекистон бо 22 тилло, 18 нуқра ва 31 биринҷӣ пешсаф шуд. Дар мақоми баъдӣ Қазоқистон бо 10 медали тилло, 22 нуқра, 48 биринҷӣ қарор гирифт. Қирғизистон бо гирифтани 4 медали тилло, 2 нуқра ва 9 биринҷӣ миёни давлатҳои О.М. ҷойи сеюмро соҳиб шуд. Тоҷикистон бо гирифтани 2 медали тилло, 4 медали биринҷӣ ва як медали нуқра ҷои 4-ум ва Туркманистон бо як медали нуқра ва 6 медали биринҷӣ дар ҷои 5-ум қарор гирифт.

Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои XIX-уми Осиё аз 23-юми сентябр то 8-уми октябр дар Ханчжоу ва панҷ шаҳри дигари Чин баргузор гардид. Дар ин бозиҳо ҳудуди 12,5 ҳазор варзишгар аз 45 кишвари ҷаҳон иштирок доштанд ва барои ба даст овардани 1593 медал - 482 тилло, 480 нуқра, 631 биринҷӣ рақобат карданд.

Бозиҳои Осиё шурӯъ аз соли 1952 ҳар чор сол таҳти сарпарастии Шӯрои олимпии Осиё баргузор мешаванд. Тоҷикистон аз соли 1994 дар ин бозиҳо ширкат варзида, то ин дам 34 медал ба даст овардааст, ки 6-тоаш медали тилло, 7-тоаш - нуқра ва 21-тоаш биринҷӣ мебошад. «Азияплюс»

 

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Гули бобуна ба кадом дардҳо давост?

Аксари табибон ҳангоми бемориҳои гуногун ба беморон нӯшидани гиёҳоби бобуна (ромашка)-ро тавсия медиҳанд. Мехоҳам донам, ки бобуна чӣ фоида дорад?   Посух: - Гули бобуна дар ҳақиқат хусусиятҳои табобатии зиёде дорад. Ин гиёҳи мӯъҷизанокро дар саросари Тоҷикистон пайдо кардан мумкин атс,...


Муҳоҷирон дигар наметавонанд зиёда аз як миллион рублро аз Русия бароранд

Аз Русия бо худ ба Ватан бурдани пули нақд барои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик душвор мегардад. Президенти Русия Владимир Путин фармонеро ба имзо расонидааст, ки тибқи он қоидаҳои аз кишвар баровардани пули нақд сахттар карда мешаванд. Дар ин бора дар сомонаи расмии президенти Русия хабар дода...


Тоҷикистон бозгардонидани муҳоҷирони тоҷикро аз боздоштгоҳи Русия баррасӣ кардааст

Тоҷикистон бозгардонидани муҳоҷирони тоҷикро аз боздоштгоҳи Русия баррасӣ кардааст Кормандони Хадамоти консулии Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз Маркази нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар ноҳияи Гулкевичи минтақаи Краснодар боздид кардаанд. Дар ин марказ шаҳрвандони...


«Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид

«Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум дар таърихи х-уд Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овард. Дар бозии ниҳоии мусобиқаи «Ҷоми Тоҷикистон2026» футболбозони Хуҷанд бар тими «Сардор»-и шаҳри Турсунзода бо...


5 ғизои муфид барои фаъолияти мағзи сар

Мағзи сар яке аз узвҳои асосӣ ва сермасрафи бадан аст ва барои фаъолияти дуруст ба ғизо, об ва микроэлементҳои зарурӣ ниёз дорад. Вақте организм аз ин моддаҳо камбудӣ эҳсос мекунад, инсон зуд хаста мешавад, диққаташ парешон мегардад ва қобилияти хотира метавонад коҳиш ёбад.   Мутахассисони...