8 намояндаи тоҷикистон дар сафи 50 беҳтаринҳои ҷаҳон

8 намояндаи тоҷикистон дар сафи 50 беҳтаринҳои ҷаҳон

8 намояндаи тоҷикистон дар сафи 50 беҳтаринҳои ҷаҳон

Аз рўи натиҷаҳои соли 2023 ҳашт намояндаи Тоҷикистон ба сафи 50 беҳтарин ҷудокори ҷаҳон шомил шуданд. Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) рейтинги ҷаҳонии ҷудокоронро аз рўи натиҷаҳои соли 2023 нашр кард, ки миёни 50 беҳтарин 8 намояндаи Тоҷикистон низ ҳузур доранд.

 

Шаш нафари онҳо айни замон дар рўйхати варзишгароне қарор доранд, ки квалификатсияи олимпиро иҷро кардаанд. Агар дар раддабандии ҷаҳони онҳо то 23-юми июни соли 2024 мавқеашонро аз даст надиҳанд, ҳадди ақал 5 нафари онҳо ба Бозиҳои олимпии 2024 дар Порис роҳ меёбанд. Дар вазни то 66 кг Нурали Эмомали ва Обид Ҷебов дар рўйхати имтиёздорони олимпи қарор доранд, лекин тибқи қоида, танҳо яке аз онҳо ба Бозиҳои олимпи роҳхат мегирад. Темур Раҳимов имсол шумори имтиёзҳои худро то 6260 (соли гузашта 6024 буд) расонида, дар вазни зиёда аз 100 кг дар зинаи аввал боқи монд. Дар вазни то 90 кг Комроншо Устопириён имсол каме мавқеашро аз даст дода, акнун зинаи 19-умро ишѓол мекунад (соли гузашта дар ҷойи 15-ум буд). Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кг босуръат боло ҷаҳида, ба зинаи 6-уми раддабандии ҷаҳон баромад ва дар раддабандии олимпи 10- ум шуд. Як сол пеш ў мақоми 49-умро ишѓол мекард. Пешравии Беҳрўз Хоҷазода ҳам қобили зикр аст. Аз зинаи 47-уми соли гузашта ў ба ҷойи 15-ум дар ҷаҳон боло рафт.

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Тарғиби илму дониш дар «Хирадномаи Искандари»-и Абдурраҳмони Ҷоми

Вақте ки дилҳо аз илму дониш шодобу мунаввар мешаванд, муносибатҳои байни одамон, раҳму шафқат бештар мегардад. Ҷомеаи инсонӣ пеш меравад, тараққӣ мекунад, ноадолатӣ, бедодгарӣ оҳиста-оҳиста аз байн меравад.   Мақсаду мароми Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамчун инсондўсти бузург таълим додан ва тарбия...


Саволу ҷавоб

Ҳамсояамон мегўяд, ки бо тасбеҳ зикри бисёр кардан дуруст нест, чунки он бидъат аст. Оё ин ақида дуруст аст ё на? Худованд дар каломи худ бандагонашро ба бисёр зикр гуфтан амр кардааст, чунонки мефармояд: “Эй мўъминон, Худоро ба ёд кардани бисёр ёд кунед”. (Сураи “Аҳзоб”,...


Чалпак бо ҳасиб

Маҳсулоти лозима: 3 тухм, 200 грамм орд, 400 мл шир, 30 мл равғани офтобпараст, 100 грамм ҳасиб, 100 грамм панир, 2 помидор, кабудӣ мувофиқи табъ, намак.   Тарзи таҳия: Шир, тухм ва намакро хуб лат занед. Сипас орди аз элак гузаронидашударо илова карда, хуб омезиш диҳед. Помидор, кабудӣ...


Пешниҳоди муфтӣ: ҷавонон бояд пеш аз издивоҷ давраи омӯзишӣ гузаранд

Саидмукаррам Абдуқо-дирзода, раиси Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар як суханронии ахири худ аз афзоиши ҷудошавии оилаҳои ҷавон изҳори нигаронӣ карда, пешниҳод намудааст, ки ҷавонон пеш аз издивоҷ дар бораи оиладорӣ китоб хонанд ва ҳатто аз як давраи кӯтоҳи омӯзиши зиндагии муштарак...


Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон — 24 ноябр

24 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил мегардад. Ин сана баъд аз қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (24 ноябри соли 1992) муқаррар шудааст. Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ба шумор меравад ва...