Теъдоди дастаҳои Лигаи олӣ зиёд мешавад

Теъдоди дастаҳои Лигаи олӣ зиёд мешавад

Теъдоди дастаҳои Лигаи олӣ зиёд мешавад

Кумитаи баргузории мусобиқаҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон тавсия дод, ки аз соли 2024 теъдоди дастаҳо дар Чемпионати Тоҷикистон зиёд карда шавад.

 

Дар дафтари ФФТ ҷаласаи ҷамъбастии Кумитаи баргузории мусобиқаҳо дар соли ҷорӣ баргузор шуд, ки дар он нақшаҳои мавсими футболи соли 2023 баррасӣ шуданд.

Кумитаи баргузории мусобиқоти ФФТ санаи баргузории бозии Суперҷоми кишварро дар мавсими соли 2023 пешниҳод кард. Вохўрӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон дар соли оянда байни қаҳрамони феълӣ, соҳиби Ҷоми кишвар дастаи «Истиқлол»-и Душанбе ва барандаи медали нуқраи чемпионати Тоҷикистон «Равшан»-и Кўлоб рўзи 6-уми май дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд дар назар аст.

Ғайр аз ин, дар маҷлиси Кумита шакли ташкили 32-юмин чемпионати кишвар байни дастаҳои Лигаи олӣ баррасӣ карда шуд. Мисли мавсими анҷомшуда, дар соли 2023 низ чемпионат дар ду марҳила ба нақша гирифта шудааст.

Кумитаи баргузории мусоби-қаҳои ФФТ пешниҳод кард, ки сар аз соли 2024 шумораи бошгоҳҳои Лигаи олии Тоҷикистон ба 12 даста расонида шавад. Бо пешниҳоди кумита соли оянда ду дастаи аввали Лигаи якум мустақиман роҳхати Лигаи олии мавсими соли 2024-ро соҳиб мешаванд. Ҳамзамон дастае, ки дар Лигаи олӣ дар соли 2023 мақоми нуҳумро мегирад, бо барандаи медали биринҷии Лигаи якуми соли 2023 бозиҳои гузаришӣ баргузор мекунад.

Интизор меравад, ки дар Лигаи якум дар соли 2023 аз 12 то 14 даста ширкат кунанд. Тахминан мавсими нав дар Лигаи якум 22-юми апрел оғоз меёбад.

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Оилаи солим - ҷомеаи солим

Оила яке аз муқаддасотест, ки ҳар шахси соҳибшарофат онро қадр менамояд ва дар пойдории он кӯшиш ба харҷ медиҳад. Чунон ки аҳли фаҳм фармудаанд: “Оилаҳо давлатҳои хурдеанд, ки як давлати мустақилро ташкил медиҳанд”. Агар ба таърихи оиладорӣ назар андозем, мебинем, ки вақте Худованд...


Поянда бод Бахтномаи миллати тоҷик — Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Конститутсия баёнгари иродаи халқи Тоҷикистон ва дастоварди бузурги миллати тоҷик аст. Бо қабули ин санад роҳи рушди давлатдории миллии тоҷикон муайян гардид. Сиёсатшиносони дохилу хориҷӣ онро аз беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон эътироф кардаанд. Конститутсия 6 ноябри соли 1994 бо овоздиҳии...


Дар Санкт-Петербург фаъолияти муҳоҷиронро дар чанд соҳаи корӣ маҳдуд карданд

Мақомоти шаҳри Санкт-Петербург барои шаҳрвандони хориҷие, ки дар асоси патент фаъолият мекунанд, дар як қатор соҳаҳо маҳдудияти кор ҷорӣ намуданд. Ин манъкунӣ соҳаҳои тиб, савдои чакана, сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн, толорҳои варзишӣ ва марказҳои солимгардониро дар бар мегирад. Тибқи қарори...


Чин дар Тоҷикистон нерӯгоҳҳои офтобӣ месозад

Ширкати «LONGi»-и Чин барои бунёди нерӯгоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ менамояд. Масъалаи бунёди нерӯгоҳҳо ва дигар масоили марбут ба соҳаи энергетика дар мулоқоти вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо намояндагони ширкати «LONGi»-и Чин дар...


Рӯзи 16-уми ноябр — рӯзи таърихӣ ва муҳим барои миллату кишвар

Тавре ба ҳамагон маълум аст, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи 16 ноябр Рӯзи Президент муайян карда шудааст. Мо ҳамасола ин рӯзро ҳамчун рамзи қадршиносӣ аз заҳмату талошҳои Пешвои миллат дар роҳи эъмори давлати миллии тоҷикон — «Рӯзи Президенти...