Варзишгари Тоҷикистон дар мусобиқаи Амрико ширкат мекунад

Варзишгари Тоҷикистон дар мусобиқаи Амрико ширкат мекунад

Варзишгари Тоҷикистон дар мусобиқаи Амрико ширкат мекунад

Аз 15 то 24-уми июл дар шаҳри Юҷини иёлати Орегони Амрико Чемпионати ҷаҳонии варзиши сабук баргузор шуд, ки дар он намояндаи Тоҷикистон низ ширкат карданд.

Дар чемпионат, ки аз рўи 49 мусобиқа (48 мусобиқа миёни мардон, 48 мусобиқа миёни бонувон ва 1 мусобиқаи омехта) баргузор шуд, 1900 варзишгар аз 200 кишвари дунё иштирок карданд.

Ҷумҳурии моро дар ин чемпионат Илдар Аҳмадиев, ки ширкаткунадаи Бозиҳои олимпии Токио-2020 аст, дар дав ба масофаи 100 метр намояндагӣ кард.

Илдар 1-уми марти соли 2000-ум дар шаҳри Ҳисор таваллуд шудааст. Донишҷўи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ва узви дастаи мунтахаби варзиши сабуки Тоҷикистон аст. Таҳти роҳнамоии мураббӣ Ғайрат Неъматов тамрин мекунад. Илдар дар дав ба масофаи 100 метр ва ҷаҳиш ба дарозӣ солҳои 2019-2021 дар мусобиқаҳои гуногуни байналмилалӣ соҳиби ҷоизаҳо гардидааст.

Тоҷикистон дар чемпионатҳои ҷаҳонии сабук 3 медал, 2 тилло ва 1 нуқра дорад. Медалҳои тиллоро солҳои 1993 (Штутгарди Олмон) ва 1995 (Гетеборги Шведсия) Андрей Абдувалиев ва медали нуқраро соли 2015 (Пекини Чин) Дилшод Назаров дар риштаи гурзандозӣ ба даст овардаанд.

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Гули бобуна ба кадом дардҳо давост?

Аксари табибон ҳангоми бемориҳои гуногун ба беморон нӯшидани гиёҳоби бобуна (ромашка)-ро тавсия медиҳанд. Мехоҳам донам, ки бобуна чӣ фоида дорад?   Посух: - Гули бобуна дар ҳақиқат хусусиятҳои табобатии зиёде дорад. Ин гиёҳи мӯъҷизанокро дар саросари Тоҷикистон пайдо кардан мумкин атс,...


Тарғиби илму дониш дар «Хирадномаи Искандари»-и Абдурраҳмони Ҷоми

Вақте ки дилҳо аз илму дониш шодобу мунаввар мешаванд, муносибатҳои байни одамон, раҳму шафқат бештар мегардад. Ҷомеаи инсонӣ пеш меравад, тараққӣ мекунад, ноадолатӣ, бедодгарӣ оҳиста-оҳиста аз байн меравад.   Мақсаду мароми Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамчун инсондўсти бузург таълим додан ва тарбия...


Чалпак бо ҳасиб

Маҳсулоти лозима: 3 тухм, 200 грамм орд, 400 мл шир, 30 мл равғани офтобпараст, 100 грамм ҳасиб, 100 грамм панир, 2 помидор, кабудӣ мувофиқи табъ, намак.   Тарзи таҳия: Шир, тухм ва намакро хуб лат занед. Сипас орди аз элак гузаронидашударо илова карда, хуб омезиш диҳед. Помидор, кабудӣ...


Оши туппа

Маҳсулоти лозима: Гӯшти қимма, пиёз, сабзӣ, равғани растанӣ, зира, нахӯд ва лӯбиёи таркардашуда, хамири бурида.   Тарзи таҳия: Сараввал гӯшти қимма, пиёз ва сабзиро дар каме равғани растанӣ бирён карда, об резед ва зираю намак пошед, сипас нахӯди таркардашуда ва лӯбиёро андозед. Пас аз...


Пешниҳоди муфтӣ: ҷавонон бояд пеш аз издивоҷ давраи омӯзишӣ гузаранд

Саидмукаррам Абдуқо-дирзода, раиси Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар як суханронии ахири худ аз афзоиши ҷудошавии оилаҳои ҷавон изҳори нигаронӣ карда, пешниҳод намудааст, ки ҷавонон пеш аз издивоҷ дар бораи оиладорӣ китоб хонанд ва ҳатто аз як давраи кӯтоҳи омӯзиши зиндагии муштарак...