Тими миллии футзали Тоҷикистон дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 шикаст хӯрд

Тими миллии футзали Тоҷикистон дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 шикаст хӯрд

Тими миллии футзали Тоҷикистон иштироки худро дар Ҷоми Осиё-2026 дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом дод. Дар бозии сеюм ва охирини гурӯҳ, мунтахаби кишвар бо тими Австралия мусовӣ – 1:1 анҷом дод. Ин дидор дар Индонезия баргузор шуд.

 

Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» се бозӣ анҷом дода, ҳамагӣ 2 имтиёз ба даст овард. Миллипӯшон ду бозиро бо ҳисоби мусовӣ ҷамъбаст намуда, дар як бозӣ мағлуб шуданд. Бо ин натиҷа, тими кишвар дар ҷои сеюм қарор гирифта, натавонист ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёбад.

Дар гурӯҳи «С» тими миллии Ҷопон бо 9 имтиёз (се пирӯзӣ дар се бозӣ) ҷойи аввалро ишғол кард. Дастаи Ӯзбекистон бо 4 имтиёз дар зинаи дуюм қарор гирифта, ҳар ду тим ба даври баъдӣ роҳ ёфтанд.

 

 

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Муфтии Тоҷикистон аз муҳоҷирон хост, ки дар тарбияи фарзандон фаъол бошанд

Муфтии Тоҷикистон аз муҳоҷирон хост, ки дар тарбияи фарзандон фаъол бошанд Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, аз муҳоҷирони тоҷик даъват кардааст, ки бо аҳли оилаи худ робитаи доимӣ дошта бошанд ва дар тарбияи фарзандон саҳми фаъол гузоранд. Тибқи иттилои...


Тарғиби илму дониш дар «Хирадномаи Искандари»-и Абдурраҳмони Ҷоми

Вақте ки дилҳо аз илму дониш шодобу мунаввар мешаванд, муносибатҳои байни одамон, раҳму шафқат бештар мегардад. Ҷомеаи инсонӣ пеш меравад, тараққӣ мекунад, ноадолатӣ, бедодгарӣ оҳиста-оҳиста аз байн меравад.   Мақсаду мароми Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамчун инсондўсти бузург таълим додан ва тарбия...


Чалпак бо ҳасиб

Маҳсулоти лозима: 3 тухм, 200 грамм орд, 400 мл шир, 30 мл равғани офтобпараст, 100 грамм ҳасиб, 100 грамм панир, 2 помидор, кабудӣ мувофиқи табъ, намак.   Тарзи таҳия: Шир, тухм ва намакро хуб лат занед. Сипас орди аз элак гузаронидашударо илова карда, хуб омезиш диҳед. Помидор, кабудӣ...


Оши туппа

Маҳсулоти лозима: Гӯшти қимма, пиёз, сабзӣ, равғани растанӣ, зира, нахӯд ва лӯбиёи таркардашуда, хамири бурида.   Тарзи таҳия: Сараввал гӯшти қимма, пиёз ва сабзиро дар каме равғани растанӣ бирён карда, об резед ва зираю намак пошед, сипас нахӯди таркардашуда ва лӯбиёро андозед. Пас аз...


Дар Санкт-Петербург фаъолияти муҳоҷиронро дар чанд соҳаи корӣ маҳдуд карданд

Мақомоти шаҳри Санкт-Петербург барои шаҳрвандони хориҷие, ки дар асоси патент фаъолият мекунанд, дар як қатор соҳаҳо маҳдудияти кор ҷорӣ намуданд. Ин манъкунӣ соҳаҳои тиб, савдои чакана, сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн, толорҳои варзишӣ ва марказҳои солимгардониро дар бар мегирад. Тибқи қарори...