Гӯштингирони тоҷик дар Чемпионати Осиё иштирок мекунанд

Гӯштингирони тоҷик дар Чемпионати Осиё иштирок мекунанд

Гӯштингирони тоҷик дар Чемпионати Осиё иштирок мекунанд

Гӯштингирони тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба гӯштини тарзи озод ва юнону румӣ дар Урдун иштирок мекунанд. Мусобиқаи мазкур аз 25-ум то 30-юми март дар шаҳри Аммон доир мегардад.

 

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, ҳоло гӯштингирони 20 кишвар барои ширкат дар мусобиқа дархост додаанд. Мусобиқаи мазкур дар Қасри варзишии “Малика Сумая” баргузор мешавад. Мусобиқа аз риштаи юнону румӣ оғоз мешавад. Ҳайати Тоҷикистон дар мусобиқаи мазкур чунин аст: Аз риштаи гӯштини тарзи озод дар вазни 57 кг Айаал Белолюбский, вазни 61 кг Ҷамшед Шарифов, вазни 65 кг Мустафо Ахмедов, вазни 70 кг Виктор Рассадин, вазни 79 кг Магомет Евлоев ва вазни 86 кг Салимҷон Ҳалимзода ширкат мекунанд. Аз риштаи гӯштини юнону румӣ дар вазни 60 кг Аслам Азизов, вазни 67 кг Сунатулло Абдуллоев, вазни 72 кг Лоиқ Амирхонзода, вазни 77 кг Муслиҳиддин Уроқов, вазни 82 кг Ҳабиб Зуҳуров, вазни 87 кг Суҳроб Абдулҳаев ва вазни +97 кг Эдуард Бабеношев баромад мекунанд.

 

 

Меҳроншоҳ УСМОНЗОДА

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Саволу ҷавоб

Ҳамсояамон мегўяд, ки бо тасбеҳ зикри бисёр кардан дуруст нест, чунки он бидъат аст. Оё ин ақида дуруст аст ё на? Худованд дар каломи худ бандагонашро ба бисёр зикр гуфтан амр кардааст, чунонки мефармояд: “Эй мўъминон, Худоро ба ёд кардани бисёр ёд кунед”. (Сураи “Аҳзоб”,...


Поянда бод Бахтномаи миллати тоҷик — Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Конститутсия баёнгари иродаи халқи Тоҷикистон ва дастоварди бузурги миллати тоҷик аст. Бо қабули ин санад роҳи рушди давлатдории миллии тоҷикон муайян гардид. Сиёсатшиносони дохилу хориҷӣ онро аз беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон эътироф кардаанд. Конститутсия 6 ноябри соли 1994 бо овоздиҳии...


Тоҷикистон бозгардонидани муҳоҷирони тоҷикро аз боздоштгоҳи Русия баррасӣ кардааст

Тоҷикистон бозгардонидани муҳоҷирони тоҷикро аз боздоштгоҳи Русия баррасӣ кардааст Кормандони Хадамоти консулии Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз Маркази нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар ноҳияи Гулкевичи минтақаи Краснодар боздид кардаанд. Дар ин марказ шаҳрвандони...


«Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид

«Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум дар таърихи х-уд Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овард. Дар бозии ниҳоии мусобиқаи «Ҷоми Тоҷикистон2026» футболбозони Хуҷанд бар тими «Сардор»-и шаҳри Турсунзода бо...


Фоидаҳои ҷигари мурғ

Қаблан дар Тоҷикистон касе ҷигари мурғро намехӯрд, вале ҳоло он дар ҳамаи мағозаҳо фурӯхта мешавад.   Ҷигари мурғ яке аз маҳсулоти серғизо ба шумор меравад. Он аз оҳан, витамини А, витамини В12, фолат ва сафеда бой аст. Маҳз ба ҳамин далел метавонад барои пешгирӣ ё кам кардани хатари баъзе...