Дастаи олимпии футболи Тоҷикистон ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт

Дастаи олимпии футболи Тоҷикистон ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт

Дастаи олимпии футболи Тоҷикистон ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) таҳти роҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 роҳ ёфт.

 

Дар шаҳри Душанбе вохўриҳои интихобии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2024 дар гурӯҳи “I” баргузор шуданд. Ба ин гурӯҳ дастаи ҷавонони Тоҷикистон, Австралия ва Лаос шомил буданд. Мусобиқа аз вохўрии дастаҳои Лаос ва Австралиё оғоз шуд, ки дуюмӣ ба дарвозаи аввалӣ 7 гол зад. Лаос танҳо бо як гол ҷавоб гардонд. Дар бозии дуюм ҷавонони Тоҷикистон бо натиҷаи 2:1 Лаосро мағлуб карданд.

Дастаи олимпии Тоҷикистон дар даври ниҳоии мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2024 бо тими Австралия мусовӣ – 1:1 кард ва бо 4 имтиёз дар гурӯҳи “I” ҷойи дуюмро соҳиб шуд. Австралия низ 4 имтиёз гирифт, аммо бо тафовути бештари голҳо зинаи якумро аз худ кард. Аз ҷониби Тоҷикистон Рустам Соиров гол зад. Ҳамин тавр, аз ин гурӯҳ дастаҳои Австралия ва Тоҷикистон ба қисмати финалии Ҷоми Осиё роҳ ёфтанд.

Ҷоми Осиё-2024 байни дастаҳои ҷавонони қора аз 15-уми апрел то 3-юми майи соли оянда дар Қатар баргузор мешавад.

 

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Тоҷикистон бозгардонидани муҳоҷирони тоҷикро аз боздоштгоҳи Русия баррасӣ кардааст

Тоҷикистон бозгардонидани муҳоҷирони тоҷикро аз боздоштгоҳи Русия баррасӣ кардааст Кормандони Хадамоти консулии Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз Маркази нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар ноҳияи Гулкевичи минтақаи Краснодар боздид кардаанд. Дар ин марказ шаҳрвандони...


Чалпак бо ҳасиб

Маҳсулоти лозима: 3 тухм, 200 грамм орд, 400 мл шир, 30 мл равғани офтобпараст, 100 грамм ҳасиб, 100 грамм панир, 2 помидор, кабудӣ мувофиқи табъ, намак.   Тарзи таҳия: Шир, тухм ва намакро хуб лат занед. Сипас орди аз элак гузаронидашударо илова карда, хуб омезиш диҳед. Помидор, кабудӣ...


«Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид

«Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум дар таърихи х-уд Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овард. Дар бозии ниҳоии мусобиқаи «Ҷоми Тоҷикистон2026» футболбозони Хуҷанд бар тими «Сардор»-и шаҳри Турсунзода бо...


Фоидаҳои ҷигари мурғ

Қаблан дар Тоҷикистон касе ҷигари мурғро намехӯрд, вале ҳоло он дар ҳамаи мағозаҳо фурӯхта мешавад.   Ҷигари мурғ яке аз маҳсулоти серғизо ба шумор меравад. Он аз оҳан, витамини А, витамини В12, фолат ва сафеда бой аст. Маҳз ба ҳамин далел метавонад барои пешгирӣ ё кам кардани хатари баъзе...


Тарғиби илму дониш дар «Хирадномаи Искандари»-и Абдурраҳмони Ҷоми

Вақте ки дилҳо аз илму дониш шодобу мунаввар мешаванд, муносибатҳои байни одамон, раҳму шафқат бештар мегардад. Ҷомеаи инсонӣ пеш меравад, тараққӣ мекунад, ноадолатӣ, бедодгарӣ оҳиста-оҳиста аз байн меравад.   Мақсаду мароми Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамчун инсондўсти бузург таълим додан ва тарбия...