Рустами Эмомалӣ ва футболи тоҷик
Рустами Эмомалӣ ва футболи тоҷик

Инак, 10 сол мешавад, ки Рустами Эмомалӣ футболи тоҷикро роҳбарӣ дорад. Дар ин давра футболи ватанӣ ба чӣ тағйиру таҳавуллот рӯ ба рӯ гашт, ба чӣ муваффақиятҳо даст ёфт ва имрӯз чӣ вазъ дорад?
Ислоҳоти системаи комили футбол, чӣ дар ташкили тамоми кори федератсия ва чӣ дар бобати ба талаботи замон мувофиқ гардондани зерсохтори он, давом дорад. Ҳамаи ин ба шарофати дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қабули барномаҳои давлатии рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имконпазир гардид.
Азнавсозии футболи тоҷик
Даҳсолаи нави (2012-2022) таърихи футболи тоҷик навгониҳои зиёди хушбинкунандаро ба бор овард. Ислоҳоти футболи тоҷик дар солҳои охир нишон медиҳад, ки футболи ватанӣ дар як муддати кӯтоҳ дигаргуниҳои равшану намоёнро паси сар карда, ба марҳилаи нави рушд ворид шудааст. Бо ибтикори бевоситаи раиси ФФТ дар кишвар садҳо барномаву нақшаҳои ҷолиб барои рушду беҳбуди футбол амалӣ гардонида шуданд.
Сохтмони майдонҳои футбол ва варзишгоҳҳои мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ оғоз гардид. Лигаҳои мувофиқи футболи Тоҷикистон таъсис ёфта, мактаби доварони ҷавон ба фаъолият шуруъ кард. Бошгоҳҳои футболи ватанӣ дар раддабандии AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) ба натиҷаҳои назаррас ноил шуданд.
Командаи ҷавони Рустами Эмомалӣ сохтори менеҷменти футболро ба куллӣ тағйир дода, ба меъёрҳои муосир мутобиқ намуд. Дар як муддати кӯтоҳ шуъбаю кумитаҳои зарурӣ ташкил ёфта, ба онҳо мураббиёну мутахассисон ҷалб шуданд. Барои баланд бардоштани савияи касбии тамоми мутахассисони соҳа, аз ҷумла доварон, мураббиён, маъмурон, маркетологҳо курсу семинарҳои зиёди байналмилаливу дохилӣ ташкил карда шуданд. Ин чорабиниҳоро дастурдиҳандагони ботаҷрибаи ФИФА ва AFC роҳбарӣ намуданд.
Имрӯзҳо комиссарони футболи Тоҷикистонро барои идораи раванди баргузории бозиҳои муҳими байналмилалӣ даъват мекунанд. Соли дуюм аст, ки пизишкони Раёсати тиббии ФФТ дар бозиҳои таҳти сарпарастии Конфедератсияи футболи Осиё ба ҳайси афсари тиббӣ таъин мешаванд. Аммо то соли 2012 инро ҳатто орзу кардан мумкин набуд.
Баъди ба вазифаи президенти ФФТ интихоб шудани Рустами Эмомалӣ тамоми низоми футболи ватанӣ симои нав гирифт. Низомномаву барномаҳои нав роҳандозӣ гардида, ҷиҳати татбиқи бечунучарои онҳо чораҳои қатъӣ андешида шуданд. Дар тамоми соҳаи футбол тартибу низом ҷорӣ карда шуд.
Ба инкишофи футболи занона диққати махсус дода мешавад. Имрӯз дар ҷумҳурӣ лигаи футболи бонувон низ амал мекунад.
Дар солҳои роҳбарии Рустами Эмомалӣ дар футболи тоҷик сомонаи расмии ФФТ ба фаъолият оғоз намуд, шабакаҳои телевизионии ТВ «Варзиш» ва ТВ «Футбол» таъсис ёфтанд. Ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори омма тақвият ёфт.
Дар ин давра ба фаъолияти Федератсияҳои минтақавӣ низ таваҷҷуҳи лозима изҳор карда шуд, зеро, бе мавҷудияти ин ниҳодҳои зертобеи Федератсия бозии футболро дар минтақаҳо рушду инкишоф бахшидан ғайриимкон буд.

Дастоварҳои байналмилалӣ
Ҳамагӣ чанд рӯз пештар тими миллии Тоҷикистон дар мусобиқаи 48-уми байналмилалии “Ҷоми Шоҳ-2022” («King’s Cup 2022») дар Тайланд иштирок намуда, бо пирӯзӣ ба ватан баргашт. Тоҷикистон дар ин мусобиқаи бонуфузи байналмилалӣ бар тими миллии Тринидад ва Тобаго, ки соли 2006 иштирокчии Ҷоми ҷаҳонии футбол буд ва тими миллии Малайзия ғалабаи таърихиро ба даст овард.
Тӯли 10 сол футболи тоҷик таҳти раҳбарии Рустами Эмомалӣ дар арсаи байналмилалӣ эътибори баланд пайдо намуд. Далели ин гуфтаҳо ин аст, ки як раҳбари ҷавони тоҷик ба мақоми президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ — CAFA (Central Asian Football Association) интихоб шуд. Ин рӯйдод дар соли 2019 дар шаҳри Душанбе дар Конгресси навбатии CAFA, ки Федератсияҳои футболи шаш кишвар — Афғонистон, Эрон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистонро муттаҳид мекунад, ба амал омад. Пас аз интихоби раҳбарияти нави Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ ситоди ин созмон аз Тошканд ба Душанбе кӯчид.
Маҳз, аз ҷониби Федератсияи футболи Тоҷикистон бо роҳбарии бевоситаи Президенти Федератсия, муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ бештар аз 30 майдончаи хурди футболбозии ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ сохта шудааст, ки имрӯз онҳо макони дӯстдоштаи наврасону ҷавонон мебошанд. Айни замон дар пойтахти Тоҷикистон сохтмони варзишгоҳи дорои 30 ҳазор ҷои нишаст идома дорад. Варзишгоҳи мазкур барои баргузории мусобиқаҳои бонуфузи сатҳи байналмилалӣ пешбинӣ шудаст. То имрӯз дар Тоҷикистон аз ҷониби Созмони футболи Осиёи Марказӣ 13 мусобиқаи байналмилалии дар баландтарин сатҳ ташкилу баргузор карда шудааст. Бозиҳои мусобиқаҳои марҳилаҳои интихобии чемпионатҳои наврасону ҷавонон, байни дастаҳои футболи занонаи Осиё ва Фестивалҳои футболи кӯдакон борҳо баргузор шудаанд. Ба иттилои дафтари матбуоти ФФТ, дар соли 2022 дар Тоҷикистон баргузории якчанд мусобиқаи дигари Созмони футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) дар назар аст. Қобили зикр аст, ки дастаҳои мунтахаби наврасони то 17-сола ва ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон марҳилаҳои интихобии чемпионати Осиёро бомуваффақият пушти сар карда, соҳиби роҳхат ба марҳилаи ниҳоии мусобиқаҳои мазкур гаштанд. Ба ин тартиб, ҳамаи се дастаи мунтахаби Тоҷикистон — наврасони 17-сола, ҷавонони 20-сола ва тими миллӣ соли оянда футболи моро дар бонуфузтарин мусобиқаи осиёӣ — Ҷоми Осиё намояндагӣ хоҳанд кард. Ин муваффақият барои бори аввал дар футболи Тоҷикистон мебошад.
«Дар футбол барои расидан ба натиҷа вақт лозим аст. Кори мо дар наздиктарин маврид самара хоҳад дод”. Ин суханони роҳбари ФФТ дар дили миллионҳо мухлисони футболи ватанӣ шуълаи умеду орзуро бармеафрӯзад.
Роҳи дурусти рушди футболи Тоҷикистон
Тоҷикистон ба шарофати роҳи дурусти рушд дар футболи Осиё обрӯю эътибори калон пайдо кардааст. Имрӯз Тоҷикистонро аллакай ҳамчун як кишвари устувори футболӣ мешиносанд. Ҳоло барои ҳамаи роҳбарону мутахассисони футбол аз ҳама муҳим он аст, ки ҳамон суръати тараққиётеро, ки онро аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ Президенти Федератсия муайян кардааст, нигоҳ дорад. Новобаста ба ҳама дастовардҳо, дар мо мавзуҳои ҳалталаб ҳоло зиёданд.
Футбол танҳо бозӣ нест, ин пеш аз ҳама як мактаби хуби тарбияи ҷавонон, бедор кардани ҳисси ватандӯстиву ифтихори миллӣ, имкони пайдо кардани мавқеи худ дар зиндагӣ, яъне лоиҳаи бузурги иҷтимоӣ, фарҳангӣ, маърифатӣ ва иқтисодӣ мебошад. Мо бояд онро бо тамоми қувва ва восита дастгирӣ кунем.
Рустам Ҳакимов, роҳбари дафтари матбуоти КФ «Истиқлол»-и Душанбе