Ҷаҳонпаҳлавон ба Порис меравад

Ҷаҳонпаҳлавон ба Порис меравад

Ҷаҳонпаҳлавон ба Порис меравад

Паҳлавони ҷаҳон Сомон Маҳмадбеков Тоҷикистонро дар сабқати бонуфузи Paris Grand Slam 2021 намояндагӣ мекунад. Бино ба маълумоти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Сомон Маҳмадбеков дар шаҳри Пориси Фаронса дар сабқати ҷаҳонӣ қувваозмоӣ мекунад, Дар ин чорабинӣ ширкати 301 варзишгар, аз ҷумла 177 мард, 124 зан аз 48 кишвари дунё дар назар аст, -мегӯяд манбаъ. Дар мусобиқаи Paris Grand Slam 2021 Ҷумҳурии Тоҷикистонро варзишгари шинохта Сомон Маҳмадбеков дар вазни -73кг намояндагӣ мекунад. Ёдовар мешавем, ки ҳоло зиёд ё кам шудани шумораи варзишгарон дар мусобиқаи Paris Grand Slam 2021 имкон дорад.

Сомон Маҳмадбеков иштирокчии мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ, аврупоӣ ва осиёӣ буда, нахустин чемпиони ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон аз Тоҷикистон мебошад. Маҳмадбеков моҳи октябри соли 2019 дар Марокаш соҳиби медали тилло гардида буд. Ҳамчунин моҳи августи соли 2019 дар сабқати ҷудои ҷаҳон миёни мардон дар Токио ширкат карда, барандаи мақоми ифтихории 5 ва моҳи ноябри соли 2019 дар шаҳри Осакаи Ҷопон дар мусобиқаи бонуфузи Осака Гранд Слам — 2019 аз намуди ҷудо мақоми сеюмро сазовор шудааст. Маҳмадбеков дар рейтинги ҷаҳонии ҷудо миёни ҷавонон дар мақоми 1-ум ва миёни бузургсолон дар зинаи 16-ум қарор дорад. (Пресса тж)

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Фоидаҳои ҷигари мурғ

Қаблан дар Тоҷикистон касе ҷигари мурғро намехӯрд, вале ҳоло он дар ҳамаи мағозаҳо фурӯхта мешавад.   Ҷигари мурғ яке аз маҳсулоти серғизо ба шумор меравад. Он аз оҳан, витамини А, витамини В12, фолат ва сафеда бой аст. Маҳз ба ҳамин далел метавонад барои пешгирӣ ё кам кардани хатари баъзе...


Чин дар Тоҷикистон нерӯгоҳҳои офтобӣ месозад

Ширкати «LONGi»-и Чин барои бунёди нерӯгоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ менамояд. Масъалаи бунёди нерӯгоҳҳо ва дигар масоили марбут ба соҳаи энергетика дар мулоқоти вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо намояндагони ширкати «LONGi»-и Чин дар...


Оилаи солим - ҷомеаи солим

Оила яке аз муқаддасотест, ки ҳар шахси соҳибшарофат онро қадр менамояд ва дар пойдории он кӯшиш ба харҷ медиҳад. Чунон ки аҳли фаҳм фармудаанд: “Оилаҳо давлатҳои хурдеанд, ки як давлати мустақилро ташкил медиҳанд”. Агар ба таърихи оиладорӣ назар андозем, мебинем, ки вақте Худованд...


Дар Санкт-Петербург фаъолияти муҳоҷиронро дар чанд соҳаи корӣ маҳдуд карданд

Мақомоти шаҳри Санкт-Петербург барои шаҳрвандони хориҷие, ки дар асоси патент фаъолият мекунанд, дар як қатор соҳаҳо маҳдудияти кор ҷорӣ намуданд. Ин манъкунӣ соҳаҳои тиб, савдои чакана, сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн, толорҳои варзишӣ ва марказҳои солимгардониро дар бар мегирад. Тибқи қарори...


Саволу ҷавоб

Ҳамсояамон мегўяд, ки бо тасбеҳ зикри бисёр кардан дуруст нест, чунки он бидъат аст. Оё ин ақида дуруст аст ё на? Худованд дар каломи худ бандагонашро ба бисёр зикр гуфтан амр кардааст, чунонки мефармояд: “Эй мўъминон, Худоро ба ёд кардани бисёр ёд кунед”. (Сураи “Аҳзоб”,...