Самбочиёни тоҷик

Самбочиёни тоҷик

Василий Шестаков, президенти Федератсияи байналмилалии самбо, устоди варзиш ва мураббии шоистаи Россия, чунин мешуморад, ки дар Осиё мактаби хуби самбо мавҷуд дорад. Дар Москва бузургтарин мусобиқаи байналмилалии Ҷоми ҷаҳони самбо, баргузор хоҳад шуд. Бузургтарин паҳлавонони самбои ҷаҳони имрӯза ба Москва даъват шудаанд, ки дар қатори онҳо далерони Тоҷикистон низ қувваозмоӣ хоҳанд кард. «То ҳол самбо варзиши олимпӣ нест, лекин Кумитаи Олимпӣ онро эътироф кардааст»,- гуфт Шестаков. Дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон, варзишгарони касбӣ кам нестанд. Акнун метавонанд барои медали тилло ҳунарнамоӣ карда, парчами ватани хешро борҳо пеши мардуми ҷаҳон боло кунанд. Марҳамат, майдон аз далер аст.

То ин дам чанд варзишгари тоҷик қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон буданд ва ҳоло интизор ҳастем, ки натиҷаҳои хуб ба даст оварда, дастболо хоҳанд шуд. «Мардуми олам як навъ варзиши миллии худро дорад. Дар Тоҷикистон ҷавонон гуштингириро хеле дӯст медоранд ва паҳлавонони номии хеле зиёд низ тарбия кардаанд», - мегӯяд мураббии шойистаи Россия. Самбо намудҳои гӯштингро низ дар бар гирифтааст. Бинобар ин зуд ба 1 навъи маъмули варзиш табдил ёфт. Ба ғайр аз ҷумҳуриҳои собиқ СССР дар Индонезия, Филиппин, Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон низ самбо шуҳрат пайдо карда, маротибаҳо мусобиқаи сатҳи баландро гузаронидаем, - шарҳ дод ӯ.

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Дар Санкт-Петербург фаъолияти муҳоҷиронро дар чанд соҳаи корӣ маҳдуд карданд

Мақомоти шаҳри Санкт-Петербург барои шаҳрвандони хориҷие, ки дар асоси патент фаъолият мекунанд, дар як қатор соҳаҳо маҳдудияти кор ҷорӣ намуданд. Ин манъкунӣ соҳаҳои тиб, савдои чакана, сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн, толорҳои варзишӣ ва марказҳои солимгардониро дар бар мегирад. Тибқи қарори...


Пешниҳоди муфтӣ: ҷавонон бояд пеш аз издивоҷ давраи омӯзишӣ гузаранд

Саидмукаррам Абдуқо-дирзода, раиси Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар як суханронии ахири худ аз афзоиши ҷудошавии оилаҳои ҷавон изҳори нигаронӣ карда, пешниҳод намудааст, ки ҷавонон пеш аз издивоҷ дар бораи оиладорӣ китоб хонанд ва ҳатто аз як давраи кӯтоҳи омӯзиши зиндагии муштарак...


Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон — 24 ноябр

24 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил мегардад. Ин сана баъд аз қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (24 ноябри соли 1992) муқаррар шудааст. Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ба шумор меравад ва...


Намояндагии вазорат аз муҳоҷирон хост ба ҳисобҳои ношинос пул нафиристанд

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия аз муҳоҷирони тоҷик даъват кардааст, ки ба корт ва суратҳисобҳои шахсони номаълум ва созмону фондҳои ношинос маблағ интиқол надиҳанд. Намояндагӣ рӯзи 22-юми сентябр ҳушдор додааст, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯ ва фондҳои қалбакӣ...


Оши туппа

Маҳсулоти лозима: Гӯшти қимма, пиёз, сабзӣ, равғани растанӣ, зира, нахӯд ва лӯбиёи таркардашуда, хамири бурида.   Тарзи таҳия: Сараввал гӯшти қимма, пиёз ва сабзиро дар каме равғани растанӣ бирён карда, об резед ва зираю намак пошед, сипас нахӯди таркардашуда ва лӯбиёро андозед. Пас аз...