Гузаштан ба “агмк" бадтарин қарори ман буд!

Гузаштан ба “агмк" бадтарин қарори ман буд!

Гузаштан ба “агмк" бадтарин қарори ман буд!

Футболбози тими миллии Тоҷикистон Алишер Ҷалилов, ки мавсими гузашта дар ҳайати "АГМК" бозӣ карда буд, чанде пеш ба бошгоҳи қаблии худ - «Истиқлол» баргашт. Дар мусоҳиба бо хабарнигори Championat Asia Абдулазиз Искандаров ӯ дар бораи дар Ӯзбекистон буданаш суҳбат кард.

 

- Кай тасмим гирифтед, ки "АГМК"-ро тарк кунед?

- Ростӣ, дарҳол пас аз гузаштан ба "АГМК" фаҳмидам, ки мехоҳам ба “Истиқлол” баргардам. Ман аз тобистон дар бораи рафтан аз "АГМК" фикр мекардам, аммо Баҳодур Мирзоев (мудири кулли АГМК) маро дастгирӣ кард ва ман мондаму бозӣ карданро давом додам. Пеш аз тамринҳо моҳи январ ман гуфтам, ки мехоҳам аз бошгоҳ равам. Ман гуфта метавонам, ки гузаштан ба "AГМК" бадтарин қарор дар фаъолияти ман аст!

 

- Дар «Истиқлол» бозии дурахшон нишон додед, аммо дар "АГМК" худро нишон дода натавонистед. Чаро?

- Дар "АГМК" мураббӣ ба ман бовар намекард. Дар "Истиқлол" бозии маро ҳама медонанд, дар онҷо ба дастовардҳои зиёд ноил шудам. Мехостам ҳарчи зудтар ба "Истиқлол" баргардам. Пас аз пешниҳоди президенти бошгоҳ Шоҳрух Саидзода ман бе ягон дудилагӣ розӣ шудам.

 

- Оё намехоҳед, ки пас аз Тоҷикистон як қадам ба пеш гузоред?

- Ман фикр намекунам, ки Ӯзбекистон қадаме ба пеш аст. «Истиқлол» дар Лигаи қаҳрамонҳои AFC бозӣ мекунад, мо ҳадафҳои худро дорем. Илова бар ин, ба даста муррабии нав - Игор Черевченко омад. Бовар дорам, ки ҳамааш хуб мешавад.

 

- Хабаре буд, ки "Бунёдкор" шуморо дар сафи худ дидан мехоҳад. Чаро интиқол сурат нагирифт?

- Воқеан аз ҷониби «Бунёдкор» таваҷҷуҳ буд, вале баъдан аллакай тасмим гирифтам, ки ба «Истиқлол» баргардам. Хоҳиши бозӣ дар Лигаи қаҳрамонҳои AFC бештар буд.

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Гули бобуна ба кадом дардҳо давост?

Аксари табибон ҳангоми бемориҳои гуногун ба беморон нӯшидани гиёҳоби бобуна (ромашка)-ро тавсия медиҳанд. Мехоҳам донам, ки бобуна чӣ фоида дорад?   Посух: - Гули бобуна дар ҳақиқат хусусиятҳои табобатии зиёде дорад. Ин гиёҳи мӯъҷизанокро дар саросари Тоҷикистон пайдо кардан мумкин атс,...


Оилаи солим - ҷомеаи солим

Оила яке аз муқаддасотест, ки ҳар шахси соҳибшарофат онро қадр менамояд ва дар пойдории он кӯшиш ба харҷ медиҳад. Чунон ки аҳли фаҳм фармудаанд: “Оилаҳо давлатҳои хурдеанд, ки як давлати мустақилро ташкил медиҳанд”. Агар ба таърихи оиладорӣ назар андозем, мебинем, ки вақте Худованд...


Чин дар Тоҷикистон нерӯгоҳҳои офтобӣ месозад

Ширкати «LONGi»-и Чин барои бунёди нерӯгоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ менамояд. Масъалаи бунёди нерӯгоҳҳо ва дигар масоили марбут ба соҳаи энергетика дар мулоқоти вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо намояндагони ширкати «LONGi»-и Чин дар...


Поянда бод Бахтномаи миллати тоҷик — Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Конститутсия баёнгари иродаи халқи Тоҷикистон ва дастоварди бузурги миллати тоҷик аст. Бо қабули ин санад роҳи рушди давлатдории миллии тоҷикон муайян гардид. Сиёсатшиносони дохилу хориҷӣ онро аз беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон эътироф кардаанд. Конститутсия 6 ноябри соли 1994 бо овоздиҳии...


Оши туппа

Маҳсулоти лозима: Гӯшти қимма, пиёз, сабзӣ, равғани растанӣ, зира, нахӯд ва лӯбиёи таркардашуда, хамири бурида.   Тарзи таҳия: Сараввал гӯшти қимма, пиёз ва сабзиро дар каме равғани растанӣ бирён карда, об резед ва зираю намак пошед, сипас нахӯди таркардашуда ва лӯбиёро андозед. Пас аз...