Тоҷикистон дар рейтинги ҷахонӣ як зина боло шуд

Тоҷикистон дар рейтинги ҷахонӣ як зина боло шуд

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар раддабандии нави тимҳои миллӣ, ки дар вебгоҳи расмии Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) нашр шуд, як зина боло рафт.

 

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳоло дар раддабандии ФИФА дар зинаи 104-ум қарор дорад. Даста дар ҳисоби худ 1203,08 имтиёз дорад, ки назар ба нашри қаблӣ 6,1 хол зиёд аст.

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар моҳи ноябр ду бозии дӯстона анҷом дод, ки дар ҳарду пирӯ3 шуд. Шогирдони Гела Шекиладзе футболбозони кишвари Непалро бо ҳисоби 4:0 ва Афғонистонро бо ҳисоби 3:1 мағлуб карданд.

Миёни дастаҳои Осиё дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз тимҳои миллии Қирғизистон (ҷойи 107-уми ҷаҳон), Лубнон (112), Кореяи Шимолӣ (114), Ветнам (117), Индонезия (125), Ҳиндустон (127) ва дигарон пештар буда, зинаи 17-умро ишғол мекунад.

 

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Тарғиби илму дониш дар «Хирадномаи Искандари»-и Абдурраҳмони Ҷоми

Вақте ки дилҳо аз илму дониш шодобу мунаввар мешаванд, муносибатҳои байни одамон, раҳму шафқат бештар мегардад. Ҷомеаи инсонӣ пеш меравад, тараққӣ мекунад, ноадолатӣ, бедодгарӣ оҳиста-оҳиста аз байн меравад.   Мақсаду мароми Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамчун инсондўсти бузург таълим додан ва тарбия...


5 ғизои муфид барои фаъолияти мағзи сар

Мағзи сар яке аз узвҳои асосӣ ва сермасрафи бадан аст ва барои фаъолияти дуруст ба ғизо, об ва микроэлементҳои зарурӣ ниёз дорад. Вақте организм аз ин моддаҳо камбудӣ эҳсос мекунад, инсон зуд хаста мешавад, диққаташ парешон мегардад ва қобилияти хотира метавонад коҳиш ёбад.   Мутахассисони...


Саволу ҷавоб

Ҳамсояамон мегўяд, ки бо тасбеҳ зикри бисёр кардан дуруст нест, чунки он бидъат аст. Оё ин ақида дуруст аст ё на? Худованд дар каломи худ бандагонашро ба бисёр зикр гуфтан амр кардааст, чунонки мефармояд: “Эй мўъминон, Худоро ба ёд кардани бисёр ёд кунед”. (Сураи “Аҳзоб”,...


Поянда бод Бахтномаи миллати тоҷик — Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Конститутсия баёнгари иродаи халқи Тоҷикистон ва дастоварди бузурги миллати тоҷик аст. Бо қабули ин санад роҳи рушди давлатдории миллии тоҷикон муайян гардид. Сиёсатшиносони дохилу хориҷӣ онро аз беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон эътироф кардаанд. Конститутсия 6 ноябри соли 1994 бо овоздиҳии...


Чин дар Тоҷикистон нерӯгоҳҳои офтобӣ месозад

Ширкати «LONGi»-и Чин барои бунёди нерӯгоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ менамояд. Масъалаи бунёди нерӯгоҳҳо ва дигар масоили марбут ба соҳаи энергетика дар мулоқоти вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо намояндагони ширкати «LONGi»-и Чин дар...