Тоҷикистон дар чемпионати ассотсиатсияи футболи осиёи марказӣ ширкат мекунад

Тоҷикистон дар чемпионати ассотсиатсияи футболи осиёи марказӣ ширкат мекунад

 Нахустин чемпионат дар таърихи Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) бо ширкати тимҳои миллии мардона аз 9 то 21-уми июни соли ҷорӣ баргузор мешавад, ки сарпарастии онро ширкати русии «Газпром» бар уҳда гирифтааст.

 

Шаш созмони аъзои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ - Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон ширкати худро дар чемпионати CAFA-2023 байни дастаҳои миллӣ тасдиқ карданд. Дар ин мусобиқа тими миллии Русия низ хоҳиши ширкат карданро дорад, аммо то ҳол бо FIFA ва AFC ҳамоҳанг карда нашудааст. Ҳамчунин Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ яке аз дастаҳои Осиёро барои ширкат дар мусобиқаи нав даъват мекунад. Эҳтимол аст, ки ин дастаи мунтахаби Тайланд бошад. Тибқи нақша пас аз натиҷаи қуръакашии Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ ҳашт даста ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд, ки дар он бозиҳо аз рӯйи системаи даврӣ дар як марҳила баргузор мешаванд. Сипас, ғолибони гурӯҳҳо дар финал вомехӯранд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойи дуюмро мегиранд, барои зинаи сеюми мусобиқа мубориза мебаранд. Ин мусобиқа дар шаҳрҳои Тошканд ва Бишкек баргузор мешавад. Барои дастпарварони мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт ширкат дар чемпионати CAFA-2023 яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 мебошад, ки он аз 12-уми январ то 10-уми феврали соли 2024 дар Қатар баргузор мешавад.

 

«Пресса.тж»

 

 

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Намояндагии вазорат аз муҳоҷирон хост ба ҳисобҳои ношинос пул нафиристанд

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия аз муҳоҷирони тоҷик даъват кардааст, ки ба корт ва суратҳисобҳои шахсони номаълум ва созмону фондҳои ношинос маблағ интиқол надиҳанд. Намояндагӣ рӯзи 22-юми сентябр ҳушдор додааст, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯ ва фондҳои қалбакӣ...


Саволу ҷавоб

Ҳамсояамон мегўяд, ки бо тасбеҳ зикри бисёр кардан дуруст нест, чунки он бидъат аст. Оё ин ақида дуруст аст ё на? Худованд дар каломи худ бандагонашро ба бисёр зикр гуфтан амр кардааст, чунонки мефармояд: “Эй мўъминон, Худоро ба ёд кардани бисёр ёд кунед”. (Сураи “Аҳзоб”,...


Чалпак бо ҳасиб

Маҳсулоти лозима: 3 тухм, 200 грамм орд, 400 мл шир, 30 мл равғани офтобпараст, 100 грамм ҳасиб, 100 грамм панир, 2 помидор, кабудӣ мувофиқи табъ, намак.   Тарзи таҳия: Шир, тухм ва намакро хуб лат занед. Сипас орди аз элак гузаронидашударо илова карда, хуб омезиш диҳед. Помидор, кабудӣ...


Фоидаҳои ҷигари мурғ

Қаблан дар Тоҷикистон касе ҷигари мурғро намехӯрд, вале ҳоло он дар ҳамаи мағозаҳо фурӯхта мешавад.   Ҷигари мурғ яке аз маҳсулоти серғизо ба шумор меравад. Он аз оҳан, витамини А, витамини В12, фолат ва сафеда бой аст. Маҳз ба ҳамин далел метавонад барои пешгирӣ ё кам кардани хатари баъзе...


Оши туппа

Маҳсулоти лозима: Гӯшти қимма, пиёз, сабзӣ, равғани растанӣ, зира, нахӯд ва лӯбиёи таркардашуда, хамири бурида.   Тарзи таҳия: Сараввал гӯшти қимма, пиёз ва сабзиро дар каме равғани растанӣ бирён карда, об резед ва зираю намак пошед, сипас нахӯди таркардашуда ва лӯбиёро андозед. Пас аз...