Нурулло Алиев ба лигаи UFC роҳ ёфт

Нурулло Алиев ба лигаи UFC роҳ ёфт

Нурулло Алиев ба лигаи UFC роҳ ёфт

Нурулло Алиев, ки то имрӯз дар ММА бо 6 пирӯзӣ (6-0) дар сархати ҷадвали ғолибони вазни миёна қарор дошт, ин дафъа барои роҳ ёфтан ба UFC бо Ҷош Вики вориди октагон гардид.

Нурулло дар раунди аввал ҳарифашро аз пой афтонд ва ғалабаи комил ба даст овард.

Акнун, Нурулло Алиев расман ба тими UFC пайваст ва аввалин тоҷик аз Тоҷикистон аст, ки дар ин лига кишвари моро намояндагӣ хоҳад кард.

Нурулло Алиев 22 сол дошта, зодаи ноҳияи Ванҷи ВМКБ мебошад. Ӯ аз хурдӣ ба варзиш, аз ҷумла гӯштини тарзи озод, самбои размӣ шавқу рағбат доштааст.

Ҳамин тавр, пас аз тамрину машқҳо ӯ ба дарёфти унвони Қаҳрамони Осиё дар риштаи самбои размӣ ва Қаҳрамони ҷаҳон оид ба панкратион (ду дафъа) даст ёфтааст. Ҳоло дар Русия кору фаъолият дошта, ҳамеша дар мусобиқаву қаҳрамониҳо парчами Тоҷикистонро баланд мебардорад.

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Тоҷикистон бозгардонидани муҳоҷирони тоҷикро аз боздоштгоҳи Русия баррасӣ кардааст

Тоҷикистон бозгардонидани муҳоҷирони тоҷикро аз боздоштгоҳи Русия баррасӣ кардааст Кормандони Хадамоти консулии Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз Маркази нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар ноҳияи Гулкевичи минтақаи Краснодар боздид кардаанд. Дар ин марказ шаҳрвандони...


Тарғиби илму дониш дар «Хирадномаи Искандари»-и Абдурраҳмони Ҷоми

Вақте ки дилҳо аз илму дониш шодобу мунаввар мешаванд, муносибатҳои байни одамон, раҳму шафқат бештар мегардад. Ҷомеаи инсонӣ пеш меравад, тараққӣ мекунад, ноадолатӣ, бедодгарӣ оҳиста-оҳиста аз байн меравад.   Мақсаду мароми Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамчун инсондўсти бузург таълим додан ва тарбия...


«Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид

«Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум дар таърихи х-уд Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овард. Дар бозии ниҳоии мусобиқаи «Ҷоми Тоҷикистон2026» футболбозони Хуҷанд бар тими «Сардор»-и шаҳри Турсунзода бо...


5 ғизои муфид барои фаъолияти мағзи сар

Мағзи сар яке аз узвҳои асосӣ ва сермасрафи бадан аст ва барои фаъолияти дуруст ба ғизо, об ва микроэлементҳои зарурӣ ниёз дорад. Вақте организм аз ин моддаҳо камбудӣ эҳсос мекунад, инсон зуд хаста мешавад, диққаташ парешон мегардад ва қобилияти хотира метавонад коҳиш ёбад.   Мутахассисони...


Фоидаҳои ҷигари мурғ

Қаблан дар Тоҷикистон касе ҷигари мурғро намехӯрд, вале ҳоло он дар ҳамаи мағозаҳо фурӯхта мешавад.   Ҷигари мурғ яке аз маҳсулоти серғизо ба шумор меравад. Он аз оҳан, витамини А, витамини В12, фолат ва сафеда бой аст. Маҳз ба ҳамин далел метавонад барои пешгирӣ ё кам кардани хатари баъзе...