Душанбе мизбони мусобиқаи Hoji Sharif Dushanbe Grand Prix Juniors 2026 мешавад

Душанбе мизбони мусобиқаи Hoji Sharif Dushanbe Grand Prix Juniors 2026 мешавад

Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) идомаи тавсеаи тақвими мусобиқаҳои худро эълон намуда, аз таъсиси силсилаи нави мусобиқаҳои Grand Prix байни ҷавонон (Hoji Sharif Dushanbe Grand Prix Juniors 2026) хабар дод.

 

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, нахустин мусобиқа дар таърихи ин силсила 24-уми октябр дар Тоҷикистон баргузор мешавад. Ҳадафи роҳандозии ин мусобиқаҳо фароҳам овардани имкониятҳои бештари рақобати байналмилалӣ барои ҷудочиёни ҷавон, ҷамъоварии имтиёзҳои рейтингӣ ва омодагӣ ба бузургтарин мусобиқаҳои ҷаҳонӣ мебошад. Тоҷикистон аввалин кишваре хоҳад буд, ки мусобиқаи Junior Grand Prix-ро қабул мекунад ва бо ин иқдом саҳифаи наверо дар рушди ҷудои ҷаҳон боз хоҳад кард. Интизор меравад, ки мусобиқаи мазкур беҳтарин ҷудочиёни ҷавонро аз кишварҳои гуногун гирди ҳам оварда, ба рушди насли нави варзишгарони ин ришта мусоидат намояд. Қобили зикр аст, ки мусобиқаи Hoji Sharif Dushanbe Grand Prix Juniors 2026 рӯзҳои 24-25-уми октябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Ёдовар мешавем, ки шаҳри Душанбе ҳамчунин рӯзҳои 18-20-уми декабри соли 2026 бори аввал мизбони мусобиқаи Dushanbe World Judo Masters 2026 мешавад.

 

«Оила.тж»

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Саволу ҷавоб

Ҳамсояамон мегўяд, ки бо тасбеҳ зикри бисёр кардан дуруст нест, чунки он бидъат аст. Оё ин ақида дуруст аст ё на? Худованд дар каломи худ бандагонашро ба бисёр зикр гуфтан амр кардааст, чунонки мефармояд: “Эй мўъминон, Худоро ба ёд кардани бисёр ёд кунед”. (Сураи “Аҳзоб”,...


Чин дар Тоҷикистон нерӯгоҳҳои офтобӣ месозад

Ширкати «LONGi»-и Чин барои бунёди нерӯгоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ менамояд. Масъалаи бунёди нерӯгоҳҳо ва дигар масоили марбут ба соҳаи энергетика дар мулоқоти вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо намояндагони ширкати «LONGi»-и Чин дар...


Оилаи солим - ҷомеаи солим

Оила яке аз муқаддасотест, ки ҳар шахси соҳибшарофат онро қадр менамояд ва дар пойдории он кӯшиш ба харҷ медиҳад. Чунон ки аҳли фаҳм фармудаанд: “Оилаҳо давлатҳои хурдеанд, ки як давлати мустақилро ташкил медиҳанд”. Агар ба таърихи оиладорӣ назар андозем, мебинем, ки вақте Худованд...


Пешниҳоди муфтӣ: ҷавонон бояд пеш аз издивоҷ давраи омӯзишӣ гузаранд

Саидмукаррам Абдуқо-дирзода, раиси Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар як суханронии ахири худ аз афзоиши ҷудошавии оилаҳои ҷавон изҳори нигаронӣ карда, пешниҳод намудааст, ки ҷавонон пеш аз издивоҷ дар бораи оиладорӣ китоб хонанд ва ҳатто аз як давраи кӯтоҳи омӯзиши зиндагии муштарак...


Поянда бод Бахтномаи миллати тоҷик — Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Конститутсия баёнгари иродаи халқи Тоҷикистон ва дастоварди бузурги миллати тоҷик аст. Бо қабули ин санад роҳи рушди давлатдории миллии тоҷикон муайян гардид. Сиёсатшиносони дохилу хориҷӣ онро аз беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон эътироф кардаанд. Конститутсия 6 ноябри соли 1994 бо овоздиҳии...