Ду медали варзишгарони тоҷикистон аз мусобиқаи байналмилалӣ

Ду медали варзишгарони тоҷикистон аз мусобиқаи байналмилалӣ

Ду медали варзишгарони тоҷикистон аз мусобиқаи байналмилалӣ

Илдар Аҳмадиев ва Кристина Пронженко, намояндагони варзиши сабук аз Тоҷикистон, дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон нишони тилло ва биринҷӣ ба даст оварданд.

 

Илдар Аҳмадиев варзишгари Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишии варзиши сабук аст, ки дар 32-юмин мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи Гусман Косанов, ки дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, сазовори медали тилло шуд. Дар ҳайати дастаи мунтахаби варзиши сабуки Тоҷикистон Илдар Аҳмадиев дар ҷаҳиш ба дарозӣ бо натиҷаи 7.39 метр ҷойи якумро сазовор гардид. Ҳамчунин нишони биринҷии ин мусобиқаро намояндаи дигари Тоҷикистон Кристина Пронженко соҳиб шуд. Ӯ тавонист, ки дар масофаи 400-метраи дави озод натиҷаи 1:06.39-ро нишон диҳад. Аз миёни варзишгарони дигари Тоҷикистон шомили панҷгонаи беҳтаринҳо ҳамчунин Леонид Пронженко гардид. Дар масофаи 110 метри дави озод ӯ бо натиҷаи 15.00 зинаи чорумро ишғол кард. Дар мусобиқа дар умум 200 варзишгар аз 12 кишвари дунё ба шумули Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Туркманистон, Эрон, Чин, Ҷопон, Тайланд, Гурҷистон ва Ҳиндустон иштирок доштанд.

 

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


«Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид

«Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум дар таърихи х-уд Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овард. Дар бозии ниҳоии мусобиқаи «Ҷоми Тоҷикистон2026» футболбозони Хуҷанд бар тими «Сардор»-и шаҳри Турсунзода бо...


Пешниҳоди муфтӣ: ҷавонон бояд пеш аз издивоҷ давраи омӯзишӣ гузаранд

Саидмукаррам Абдуқо-дирзода, раиси Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар як суханронии ахири худ аз афзоиши ҷудошавии оилаҳои ҷавон изҳори нигаронӣ карда, пешниҳод намудааст, ки ҷавонон пеш аз издивоҷ дар бораи оиладорӣ китоб хонанд ва ҳатто аз як давраи кӯтоҳи омӯзиши зиндагии муштарак...


Саволу ҷавоб

Ҳамсояамон мегўяд, ки бо тасбеҳ зикри бисёр кардан дуруст нест, чунки он бидъат аст. Оё ин ақида дуруст аст ё на? Худованд дар каломи худ бандагонашро ба бисёр зикр гуфтан амр кардааст, чунонки мефармояд: “Эй мўъминон, Худоро ба ёд кардани бисёр ёд кунед”. (Сураи “Аҳзоб”,...


5 ғизои муфид барои фаъолияти мағзи сар

Мағзи сар яке аз узвҳои асосӣ ва сермасрафи бадан аст ва барои фаъолияти дуруст ба ғизо, об ва микроэлементҳои зарурӣ ниёз дорад. Вақте организм аз ин моддаҳо камбудӣ эҳсос мекунад, инсон зуд хаста мешавад, диққаташ парешон мегардад ва қобилияти хотира метавонад коҳиш ёбад.   Мутахассисони...


Оилаи солим - ҷомеаи солим

Оила яке аз муқаддасотест, ки ҳар шахси соҳибшарофат онро қадр менамояд ва дар пойдории он кӯшиш ба харҷ медиҳад. Чунон ки аҳли фаҳм фармудаанд: “Оилаҳо давлатҳои хурдеанд, ки як давлати мустақилро ташкил медиҳанд”. Агар ба таърихи оиладорӣ назар андозем, мебинем, ки вақте Худованд...