Беҳрӯз Хоҷазода аз рӯйи чанд намуди варзиш тамрин мекунад

Беҳрӯз Хоҷазода аз рӯйи чанд намуди варзиш тамрин мекунад

Беҳрӯз Хоҷазода аз рӯйи чанд намуди варзиш тамрин мекунад

Беҳрӯз Хоҷазода яке аз беҳтарин гӯштигирони самбо, дзюдо, кураши тоҷик аст, ки ҷоизадори чемпионати Тоҷикистон ва ҷаҳон оид ба самбо мебошад.

 

Ин паҳлавони тоҷик 11-уми январи соли 1995 дар ноҳияи Варзоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи корманди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷазода Саъдулло Саид ба дунё омада, мактаби миёнаи №3 ба номи Бобоҷон Ғафурови деҳаи Ҳушёрии ноҳияи Варзобро хатм кардааст. Ҳанӯз аз сини 11-солагиаш зери роҳбарии Садриддин Обидов ба тамрини гӯштии тарзи самбо машғул шудааст. Баъд аз хатми мактаби миёна Беҳрӯз Хоҷазода ба факултети омодагии дифои ҳарбӣ ва варзиши Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов дохил шуд.

Хоҷазода аввалин дастоварди байналмилалиашро моҳи майи соли 2013 дар чемпионати Осиё, ки дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея баргузор шуд, ба даст овард ва ба гирифтани медали биринҷӣ сарфароз гардид.

Соли 2014 дар чемпионати Осиё дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз рӯи гӯштии самбои размӣ ба медали биринҷӣ сарфароз гардидааст. Соли 2017 варзишгари ҷавони тоҷик ба дастовардҳои зиёде ноил гашт. Моҳи июли соли 2017 дар Чемпионати Осиё дар шаҳри Тошканд дар вазни 68 кг сазовори ҷои аввал гардид. Моҳи сентябри соли 2017 дар Бозиҳои 5-уми Осиёӣ дар шаҳри Ашқободи Ҷумҳурии Туркманистон дар вазни 74 кг дар гӯштии самбо сазовори медали тилло гардидааст.

Ҳамин тавр, 11-уми ноябри соли 2017 мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия баргузор гардид. Қаҳрамони мо дар вазни зери 74 кило ба майдон баромада, дар қувваозмоии ниҳоӣ бар паҳлавони Беларус Степан Попов пирӯз омад ва ба унвони қаҳрамони ҷаҳон бо гирифтани медали тилло парчами Ҷумҳурии Тоҷикикстонро баланд бардошт. Соли 2019 дар чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо дар Ҷопон мақоми панҷумро касб кард. Ӯ бар дзюдочиёни Муғулистон, Куба, Косово ва Чин пирӯз шуд, вале дар чорякфинал аз паҳлавони озарбойҷонӣ шикаст хӯрд.

Дар қувваозмоии ҷавобӣ Беҳрӯз бар дзюдочии исроилӣ Тоҳар Битбулӣ пирӯз шуд, вале дар мубориза барои медали биринҷӣ аз ҷудукори рус Денис Лартсев шикаст хӯрд. Айни ҳол Беҳрӯз Хоҷазода тамринҳояшро дар тими мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи намудҳои гӯштиҳои самбо, ҷудо, кураш ва миллии тоҷикӣ таҳти роҳбарии сармураббии тим Носир Бозоров идома дода истодааст. (Оила.Тж)

 

Муҳаммадалӣ Ҷабборназаров

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Оилаи солим - ҷомеаи солим

Оила яке аз муқаддасотест, ки ҳар шахси соҳибшарофат онро қадр менамояд ва дар пойдории он кӯшиш ба харҷ медиҳад. Чунон ки аҳли фаҳм фармудаанд: “Оилаҳо давлатҳои хурдеанд, ки як давлати мустақилро ташкил медиҳанд”. Агар ба таърихи оиладорӣ назар андозем, мебинем, ки вақте Худованд...


«Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид

«Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум дар таърихи х-уд Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овард. Дар бозии ниҳоии мусобиқаи «Ҷоми Тоҷикистон2026» футболбозони Хуҷанд бар тими «Сардор»-и шаҳри Турсунзода бо...


Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон — 24 ноябр

24 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил мегардад. Ин сана баъд аз қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (24 ноябри соли 1992) муқаррар шудааст. Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ба шумор меравад ва...


Саволу ҷавоб

Ҳамсояамон мегўяд, ки бо тасбеҳ зикри бисёр кардан дуруст нест, чунки он бидъат аст. Оё ин ақида дуруст аст ё на? Худованд дар каломи худ бандагонашро ба бисёр зикр гуфтан амр кардааст, чунонки мефармояд: “Эй мўъминон, Худоро ба ёд кардани бисёр ёд кунед”. (Сураи “Аҳзоб”,...


Фоидаҳои ҷигари мурғ

Қаблан дар Тоҷикистон касе ҷигари мурғро намехӯрд, вале ҳоло он дар ҳамаи мағозаҳо фурӯхта мешавад.   Ҷигари мурғ яке аз маҳсулоти серғизо ба шумор меравад. Он аз оҳан, витамини А, витамини В12, фолат ва сафеда бой аст. Маҳз ба ҳамин далел метавонад барои пешгирӣ ё кам кардани хатари баъзе...