Тоҷикистон дар Ҷоми Мердека-2024 сеюм шуд

Тоҷикистон дар Ҷоми Мердека-2024 сеюм шуд

Тоҷикистон дар Ҷоми Мердека-2024 сеюм шуд

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозӣ барои ҷойи сеюм дар мусобиқаи Ҷоми Мердека-2024 дар Куала-Лумпур бар тими Филиппин пирўз шуд.

 

Вақти асосии вохўрӣ мусовӣ - 0:0 анҷом ёфт ва дар зарбаҳои пеналтӣ футболбозони Тоҷикистон дақиқтар буданд - 4:3. Голҷои Тоҷикистонро аз пеналтӣ Аҳтам Назаров, Далер Шарипов, Манучеҳр Сафаров ва Алишер Шукуров заданд. Зарбаи Парвиз Умарбоевро дарвозабон гардонд. Дар ин бозӣ дарвозаи Тоҷикистонро дарвозабони дастаи «Уфа» (Русия) Олег Баклов ҳимоя кард. Қаблан дар даври ниманиҳоӣ дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз тими Лубнон бо ҳисоби 0:1 шикаст хўрда буд. Барандаи мусобиқаи Ҷоми Мердека-2024 тими Малайзия шуд, ки дар бозии ниҳоӣ бар тими Лубнон ғолиб омад - 1:0.

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Оилаи солим - ҷомеаи солим

Оила яке аз муқаддасотест, ки ҳар шахси соҳибшарофат онро қадр менамояд ва дар пойдории он кӯшиш ба харҷ медиҳад. Чунон ки аҳли фаҳм фармудаанд: “Оилаҳо давлатҳои хурдеанд, ки як давлати мустақилро ташкил медиҳанд”. Агар ба таърихи оиладорӣ назар андозем, мебинем, ки вақте Худованд...


Дар Санкт-Петербург фаъолияти муҳоҷиронро дар чанд соҳаи корӣ маҳдуд карданд

Мақомоти шаҳри Санкт-Петербург барои шаҳрвандони хориҷие, ки дар асоси патент фаъолият мекунанд, дар як қатор соҳаҳо маҳдудияти кор ҷорӣ намуданд. Ин манъкунӣ соҳаҳои тиб, савдои чакана, сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн, толорҳои варзишӣ ва марказҳои солимгардониро дар бар мегирад. Тибқи қарори...


Муфтии Тоҷикистон аз муҳоҷирон хост, ки дар тарбияи фарзандон фаъол бошанд

Муфтии Тоҷикистон аз муҳоҷирон хост, ки дар тарбияи фарзандон фаъол бошанд Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, аз муҳоҷирони тоҷик даъват кардааст, ки бо аҳли оилаи худ робитаи доимӣ дошта бошанд ва дар тарбияи фарзандон саҳми фаъол гузоранд. Тибқи иттилои...


Рӯзи 16-уми ноябр — рӯзи таърихӣ ва муҳим барои миллату кишвар

Тавре ба ҳамагон маълум аст, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи 16 ноябр Рӯзи Президент муайян карда шудааст. Мо ҳамасола ин рӯзро ҳамчун рамзи қадршиносӣ аз заҳмату талошҳои Пешвои миллат дар роҳи эъмори давлати миллии тоҷикон — «Рӯзи Президенти...


Поянда бод Бахтномаи миллати тоҷик — Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Конститутсия баёнгари иродаи халқи Тоҷикистон ва дастоварди бузурги миллати тоҷик аст. Бо қабули ин санад роҳи рушди давлатдории миллии тоҷикон муайян гардид. Сиёсатшиносони дохилу хориҷӣ онро аз беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон эътироф кардаанд. Конститутсия 6 ноябри соли 1994 бо овоздиҳии...