8 намояндаи тоҷикистон дар сафи 50 беҳтаринҳои ҷаҳон

8 намояндаи тоҷикистон дар сафи 50 беҳтаринҳои ҷаҳон

8 намояндаи тоҷикистон дар сафи 50 беҳтаринҳои ҷаҳон

Аз рўи натиҷаҳои соли 2023 ҳашт намояндаи Тоҷикистон ба сафи 50 беҳтарин ҷудокори ҷаҳон шомил шуданд. Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) рейтинги ҷаҳонии ҷудокоронро аз рўи натиҷаҳои соли 2023 нашр кард, ки миёни 50 беҳтарин 8 намояндаи Тоҷикистон низ ҳузур доранд.

 

Шаш нафари онҳо айни замон дар рўйхати варзишгароне қарор доранд, ки квалификатсияи олимпиро иҷро кардаанд. Агар дар раддабандии ҷаҳони онҳо то 23-юми июни соли 2024 мавқеашонро аз даст надиҳанд, ҳадди ақал 5 нафари онҳо ба Бозиҳои олимпии 2024 дар Порис роҳ меёбанд.

Дар вазни то 66 кг Нурали Эмомали ва Обид Ҷебов дар рўйхати имтиёздорони олимпи қарор доранд, лекин тибқи қоида, танҳо яке аз онҳо ба Бозиҳои олимпи роҳхат мегирад. Темур Раҳимов имсол шумори имтиёзҳои худро то 6260 (соли гузашта 6024 буд) расонида, дар вазни зиёда аз 100 кг дар зинаи аввал боқи монд.

Дар вазни то 90 кг Комроншо Устопириён имсол каме мавқеашро аз даст дода, акнун зинаи 19-умро ишғол мекунад (соли гузашта дар ҷойи 15-ум буд). Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кг босуръат боло ҷаҳида, ба зинаи 6-уми раддабандии ҷаҳон баромад ва дар раддабандии олимпи 10- ум шуд. Як сол пеш ў мақоми 49-умро ишғол мекард. Пешравии Беҳрўз Хоҷазода ҳам қобили зикр аст. Аз зинаи 47-уми соли гузашта ў ба ҷойи 15-ум дар ҷаҳон боло рафт.

 

 

«Пресса.тж»

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Рӯзи 16-уми ноябр — рӯзи таърихӣ ва муҳим барои миллату кишвар

Тавре ба ҳамагон маълум аст, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи 16 ноябр Рӯзи Президент муайян карда шудааст. Мо ҳамасола ин рӯзро ҳамчун рамзи қадршиносӣ аз заҳмату талошҳои Пешвои миллат дар роҳи эъмори давлати миллии тоҷикон — «Рӯзи Президенти...


Намояндагии вазорат аз муҳоҷирон хост ба ҳисобҳои ношинос пул нафиристанд

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия аз муҳоҷирони тоҷик даъват кардааст, ки ба корт ва суратҳисобҳои шахсони номаълум ва созмону фондҳои ношинос маблағ интиқол надиҳанд. Намояндагӣ рӯзи 22-юми сентябр ҳушдор додааст, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯ ва фондҳои қалбакӣ...


Гули бобуна ба кадом дардҳо давост?

Аксари табибон ҳангоми бемориҳои гуногун ба беморон нӯшидани гиёҳоби бобуна (ромашка)-ро тавсия медиҳанд. Мехоҳам донам, ки бобуна чӣ фоида дорад?   Посух: - Гули бобуна дар ҳақиқат хусусиятҳои табобатии зиёде дорад. Ин гиёҳи мӯъҷизанокро дар саросари Тоҷикистон пайдо кардан мумкин атс,...


Фоидаҳои ҷигари мурғ

Қаблан дар Тоҷикистон касе ҷигари мурғро намехӯрд, вале ҳоло он дар ҳамаи мағозаҳо фурӯхта мешавад.   Ҷигари мурғ яке аз маҳсулоти серғизо ба шумор меравад. Он аз оҳан, витамини А, витамини В12, фолат ва сафеда бой аст. Маҳз ба ҳамин далел метавонад барои пешгирӣ ё кам кардани хатари баъзе...


Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон — 24 ноябр

24 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил мегардад. Ин сана баъд аз қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (24 ноябри соли 1992) муқаррар шудааст. Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ба шумор меравад ва...