Дар Бадахшон “Академияи футбол” месозанд

Дар Бадахшон “Академияи футбол” месозанд

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон “Академияи футбол” сохта мешавад. Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Федератсияи футболи Тоҷикистон аз Рустами Эмомалӣ супориш гирифтаанд, ки барои сохтмони бинои “Академияи футбол” ҷойи муносибро интихоб намуда, аз пайи дар амал татбиқ кардани ин лоиҳа шаванд.

 

Кушода шудани академияи футбол қадами устуворест барои рушди ин намуди варзиш дар байни ҷавонон ва дастгирии тимҳои миллӣ. Банёди академияи футбол барои омода намудани мутахассисони баландихтисос дар бахши футбол барои тимҳои миллии кишварамон ёрӣ мерасонад. Дар доираи ин лоиҳа баргузор намудани мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ барои кӯдакон, наврасон, ҷавонон ва насли калонсол дар назар аст.

 

 

«Фирӯза Саттори»

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Чалпак бо ҳасиб

Маҳсулоти лозима: 3 тухм, 200 грамм орд, 400 мл шир, 30 мл равғани офтобпараст, 100 грамм ҳасиб, 100 грамм панир, 2 помидор, кабудӣ мувофиқи табъ, намак.   Тарзи таҳия: Шир, тухм ва намакро хуб лат занед. Сипас орди аз элак гузаронидашударо илова карда, хуб омезиш диҳед. Помидор, кабудӣ...


Муфтии Тоҷикистон аз муҳоҷирон хост, ки дар тарбияи фарзандон фаъол бошанд

Муфтии Тоҷикистон аз муҳоҷирон хост, ки дар тарбияи фарзандон фаъол бошанд Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, аз муҳоҷирони тоҷик даъват кардааст, ки бо аҳли оилаи худ робитаи доимӣ дошта бошанд ва дар тарбияи фарзандон саҳми фаъол гузоранд. Тибқи иттилои...


Чин дар Тоҷикистон нерӯгоҳҳои офтобӣ месозад

Ширкати «LONGi»-и Чин барои бунёди нерӯгоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ менамояд. Масъалаи бунёди нерӯгоҳҳо ва дигар масоили марбут ба соҳаи энергетика дар мулоқоти вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо намояндагони ширкати «LONGi»-и Чин дар...


Пешниҳоди муфтӣ: ҷавонон бояд пеш аз издивоҷ давраи омӯзишӣ гузаранд

Саидмукаррам Абдуқо-дирзода, раиси Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар як суханронии ахири худ аз афзоиши ҷудошавии оилаҳои ҷавон изҳори нигаронӣ карда, пешниҳод намудааст, ки ҷавонон пеш аз издивоҷ дар бораи оиладорӣ китоб хонанд ва ҳатто аз як давраи кӯтоҳи омӯзиши зиндагии муштарак...


«Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид

«Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум дар таърихи х-уд Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овард. Дар бозии ниҳоии мусобиқаи «Ҷоми Тоҷикистон2026» футболбозони Хуҷанд бар тими «Сардор»-и шаҳри Турсунзода бо...