XXXII-юм бозиҳои олимпии тобистона дар Токио

XXXII-юм бозиҳои олимпии тобистона дар Токио

Тобистони имсола пур аз варзишкорӣ аст. Ҷоми футболи Аврупо рӯзи 11 июл ҷамъбаст шуда, баъди 12 рӯз, 23-юми июли соли равон 32- мин бозиҳои Олимпӣ дар шаҳри Токиои Давлати Ҷопон кушода мешавад. Чанд рӯйдоди муҳими атрофи Олимпиадаро ба хонандаи “Бо дуруд” пешниҳод месозем, ки хеле ҷолиб аст. Бояд гуфт, ки бинобар сабаби марази пандемия бозии олимпии соли гузаштаи 2020 ба ин сол гузаронида шуда буд.

1. Варзишгоҳи нав дар ҷойи иморати пештарае сохта шудааст, ки дар он соли 1964 18-ум бозиҳои Олимпӣ гузаронида шуда буд.

2. Бори аввал дар ин бозиҳо 5 намуди: карате, куҳнавардӣ, сёрфинг ва бейсбол илова карда, гузаронида хоҳад шуд.

3. То ин Олимпиада, масофаи 100 метрро Ҳусейн Болт аз Ямайка дар 9,58 сония давидааст, ки нишони баланд (рекорд)-и ҷаҳонист.

4. Номи бозубанд (талисман)-и Олимпиро Мирато ном гузоштанд.

5. Шакли машъал (факел)-и бозиҳои Токио руҳбаландӣ аз ранги гелос (сакура) мебошад, ки барои мардуми ҷапонӣ хеле писандида аст.

6. Эстафетаи оташи олимпӣ рӯзи 25 март аз шаҳри Олимпияи Ҷумҳурии Юнон сар шуда, баъди 121 рӯз, рӯзи 23 июл машъали бузурги варзишгоҳи Олимпиро фурӯзон карда, баъди он оғози бозиҳои Олимпӣ эълон карда мешавад.

7. Ҷамъ дар ин Олимпиада гузаронидани 339 мусобиқа аз рӯйи 33 навъи варзиш дар нақша аст.

8. Аввалин маротиба дар достон (таърих)-и бозиҳои Олимпӣ аз 206 намояндаи дастаҳои варзишкори кишвари ҷаҳон парчамбардорон 1 зану 1 мард интихоб карда шуд.

9. Олимпиада ва варзишкорони маҷруҳ (параолимпиада) дар 43 майдони варзишӣ гузаронида мешавад.

10. Як қисми либоси машъалбарон аз партоби зарфҳои пластикӣ тайёр карда шудааст.

11. Ду бозӣ, футбол ва бейсбол мусобиқаро пеш аз оғози рӯзи бозиҳо, яъне 21 июн сар мекунанд.

12. Ду байрақбардор зану мард аз ҳар давлат дар кушодашавии Олимпиада иҷозат шудааст.

13. Рӯзи 24 июл, яъне 1 рӯз баъди кушодашавӣ, аз рӯйи 7 намуди варзиши пайкандозӣ, велосипедронӣ, шамшерзанӣ, гуштини дзюдо, тирпаронӣ, тхэквондо ва варзиши вазнбордорӣ барои медали тилло, нуқраву биринҷӣ қувваозмойӣ хоҳанд кард.

14. Барои гимнасти узбекистонии 46 сола Оксана Чусовитина Токио 8-ум бозии Олимпӣ мегардад.

15. Оббозӣ ва гимнастикаи бадейӣ ягона варзишест, ки дар онҳо танҳо зан иштирок мекунад.

16. Неймар да Силва Сантос Жуниор машҳур бо Неймари футболбоз аз Ҷумҳурии Бразилия, соли 2016 дар бозии нимфиналӣ бар зидди дастаи яккачини Гандурас дар сония 15-уми бозӣ гол зада буд.

17. Ҳамчунин аз рӯйи 2 намуди варзиши скейтбординг, яке болои мумфарш (асфальт) дигаре дар пасту баландӣ низ мусобиқа хоҳад шуд. Соли 2008 соҳиби медали биринҷӣ шуда буд.

18. Тенисбози машҳури ҷаҳон Новак Ҷокович нияти қаҳрамони бозиҳои Олимпӣ шуданро дорад. Дар бозиҳои Олимпии шарҳи Пекин соли 2008 соҳиби медали биринҷӣ шуда буд.

19. Нишони Олимпии Токио ишора ба сарҷамъии гуногун баёнист. Ба ин восита ташкилотчиёни он паёми созандагиро ба мардуми дунё гуфтаниянд.

20. Се намуди варзиши фрействил, скейтбординг ва баскетбол намудҳои ҳастанд, ки дар кӯча пайдо шудаанд, ки аввалин бор қувваозмойӣ хоҳад шуд.

21. Баъди бозиҳои Олимпии соли 1992, ки дар шаҳри Барселона Шоҳигарии Испания шуда буд, футболбози олимпиро то 23 сола иҷозат медоданд. Акнун 3 бозингари 24 сола низ дар ҳар тими футбол метавонад бозӣ кард.

22. Афсӯс, ки даванд (спринтер)-и машҳури ҷаҳон Ҳусайн Болт иштирок намекунад.

23. Вожа (калима)-и ҷопонии Токио маънои «поитахти шарқӣ"-ро дорад.

24. Зиёда аз 26 ҳазор кати хоб дар деҳаи Олимпӣ барои истифода гузошта мешавад.

25. Футбол байни дастаи якачини Ҷопон ва Австралия рӯзи 21 июл соати 05:00 ба вақти Душанбе баргузор шуда буд, ки мужда аз оғози 32-юм бозиҳои Олимпӣ мегардад.

26. «Кӯшиш ба нишондод (рекорд)-и баланд», «Истиқболи якдигар» ва «Ба оянда меъроси хуб гузоштан» шиори бозиҳои Токио аст.

27. Ҷашни хотимавӣ мусобиқаи рӯзи 8-ми августи футбол дар оби дастаи мардон хоҳад шуд.

28. Маротибаи охир дар Япония соли 1964 Олимпиада гузаронида шуда буд, ки соҳиби 29 медал шуда, 16-тои ин тилло буд.

29. Тахмин 11 ҳазор варзишкор дар ин бозиҳо ширкат хоҳад кард.

30. Дар бозиҳои Токио наздики 5 ҳазор хоҳарони зебои мо қувваозмойӣ хоҳад кард, ки 49%-ро ташкил мекунад. Иштироки зиёди зан аввалин маротиба аст, ки ба онҳо бурдборӣ хоҳонем.

Сарчашма:

Кумитаи Олимпии Аврупо

ШАМСИДДИНИ МУҚИМ

2026-10-01 (Рабиул ахири соли 1448) №10.


Аритмия. Вайроншавии набзи дил чӣ хатар дорад?

Дил муҳаррики асосии ҷисми инсон буда, саломатии мо пеш аз ҳама ба солимии ин узви ҳаётан муҳим вобастагӣ дорад. Аммо ҳолатҳое мешаванд, ки набзи дил вайрон шуда, иллату нуқсон пайдо мекунад.   Аз ҳамин сабаб мо тасмим гирифтем бо табиби нуқсонҳои дил, аритмологи интервенсионии Маркази...


Чипсҳои картошкагӣ

Маҳсулоти лозима: 1-2 дона картошка, 2 қошуқ равғани зайтун, намак ва паприка мувофиқи табъ.   Тарзи таҳия: Картошкаро то ҳадди имкон тунук реза кунед. Барои ин метавонед аз пӯстканак ё комбайн истифода баред. Табақи тафдони хурдмавҷро бо коғази пухтупазӣ пӯшонда, каме равғани зайтун молед....


Тиҷорати Тоҷикистону Русия 21% афзуд

Савдои хориҷии Тоҷикистон дар ҳафт моҳи соли равон ба 7 млрду 943,7 млн доллар расидааст, ки дар он Русия ҷойгоҳи хост дорад. Дар ин муддат гардиши мол миёни Тоҷикистону Русия беш аз 1,5 млрд долларро ташкил додааст. Ин дар муқоиса бо январ – июли соли гузашта қариби 21% зиёд мебошад. Дар ин...


Муштзанҳои тоҷик ба Бозиҳои ХХ-уми Осиё мераванд

Аз 19-уми сентябр то 4-уми октябр дар шаҳрҳои Айтӣ ва Нагояи Ҷопон Бозиҳои XX-уми Осиё баргузор мегардад. Дар мусобиқа варзишгарони 45 кишвари қора барои 217 маҷмуи нишонҳо мубориза мебаранд. Ҳайати Тоҷикистонро дар мусобиқа 117 варзишгар намояндагӣ мекунанд. Аз намуди бокс дар ин мусобиқаи...


Резиши мӯй. Кай бояд ба табиб муроҷиат кард?

Дар як шабонарӯз рехтани 50-100 тори мӯй барои инсон одатан ҳолати муқаррарӣ ба ҳисоб меравад. Аммо агар мӯй назар ба пеш хеле бештар резад, ҷойҳои каммӯй пайдо шаванд ё сохтори мӯй тағйир ёбад, ин метавонад нишонаи мушкилоти саломатӣ бошад.   Рехтани мӯй ҳам мардон ва ҳам занонро дар синну...