Рустами Эмомалӣ тими миллии Тоҷикистонро қадрдонӣ намуд

Рустами Эмомалӣ тими миллии Тоҷикистонро қадрдонӣ намуд

Рустами Эмомалӣ тими миллии Тоҷикистонро қадрдонӣ намуд

Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дастаи мунтахаби кишварро, ки дар Ҷоми Осиё-2023 дар Доҳа бомуваффақият баромад мекунад, қадрдонӣ намуд.

 

Баъди баромадан аз гурӯҳ бо фармони Рустам Эмомалӣ ба тими миллии Тоҷикистон 300 ҳазор доллар мукофотпулӣ ҷудо шуд. Илова бар ин, президенти ФФТ пас аз пирӯзии тими миллии Тоҷикистон дар даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 бар тими Амороти Муттаҳидаи Араб (1:1, 5:3 аз рӯйи силсилаи пеналти) ба яккачини Тоҷикистон 150 ҳазор доллари дигар ҷудо намуд. Дар сурати пирӯзӣ бар тими миллии Урдун дар даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё, мунтахаби Тоҷикистон 200 ҳазор доллари иловагӣ ба даст хоҳад овард.

Ҳамчунин дар сурати пирӯзиҳои минбаъда дар Ҷоми Осиё-2023 ба мунтахаби Тоҷикистон мукофотҳои калон тақдим карда мешавад.

Қобили зикр аст, ки мунтахаби Тоҷикистон барои аввалин бор дар таърихи худ дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё ҳунарнамоӣ дорад ва бо роҳ ёфтан ба даври чорякниҳоии мусобиқот аллакай дастоварди шоёнро дар таърихи варзиши кишвар сабт кард. Дар даври чорякниҳоӣ дастаи мо 2 феврал бо тими миллии Урдун бозӣ кард. Ин дидор дар варзишгоҳи Аҳмад бин Алӣ баргузор шуд.

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Фоидаҳои ҷигари мурғ

Қаблан дар Тоҷикистон касе ҷигари мурғро намехӯрд, вале ҳоло он дар ҳамаи мағозаҳо фурӯхта мешавад.   Ҷигари мурғ яке аз маҳсулоти серғизо ба шумор меравад. Он аз оҳан, витамини А, витамини В12, фолат ва сафеда бой аст. Маҳз ба ҳамин далел метавонад барои пешгирӣ ё кам кардани хатари баъзе...


Оши туппа

Маҳсулоти лозима: Гӯшти қимма, пиёз, сабзӣ, равғани растанӣ, зира, нахӯд ва лӯбиёи таркардашуда, хамири бурида.   Тарзи таҳия: Сараввал гӯшти қимма, пиёз ва сабзиро дар каме равғани растанӣ бирён карда, об резед ва зираю намак пошед, сипас нахӯди таркардашуда ва лӯбиёро андозед. Пас аз...


Саволу ҷавоб

Ҳамсояамон мегўяд, ки бо тасбеҳ зикри бисёр кардан дуруст нест, чунки он бидъат аст. Оё ин ақида дуруст аст ё на? Худованд дар каломи худ бандагонашро ба бисёр зикр гуфтан амр кардааст, чунонки мефармояд: “Эй мўъминон, Худоро ба ёд кардани бисёр ёд кунед”. (Сураи “Аҳзоб”,...


Чалпак бо ҳасиб

Маҳсулоти лозима: 3 тухм, 200 грамм орд, 400 мл шир, 30 мл равғани офтобпараст, 100 грамм ҳасиб, 100 грамм панир, 2 помидор, кабудӣ мувофиқи табъ, намак.   Тарзи таҳия: Шир, тухм ва намакро хуб лат занед. Сипас орди аз элак гузаронидашударо илова карда, хуб омезиш диҳед. Помидор, кабудӣ...


Чин дар Тоҷикистон нерӯгоҳҳои офтобӣ месозад

Ширкати «LONGi»-и Чин барои бунёди нерӯгоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ менамояд. Масъалаи бунёди нерӯгоҳҳо ва дигар масоили марбут ба соҳаи энергетика дар мулоқоти вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо намояндагони ширкати «LONGi»-и Чин дар...