Темур Раҳимов дар Лигаи чемпионҳои ҷудо-2025 соҳиби медали нуқра шуд

Темур Раҳимов дар Лигаи чемпионҳои ҷудо-2025 соҳиби медали нуқра шуд

Темур Раҳимов паҳлавони тоҷик дар Лигаи чемпионҳои ҷудои Аврупо миёни бошгоҳҳо дар соли 2025 соҳиби медали нуқра гардид. Лигаи чемпионҳои ҷудо дар шаҳри Белгради Сербия доир гардид ва Темур Раҳимов дар вазни +90 кг дар ҳайати тими “Ред Стар”-и Сербия ширкат кард.

 

Дастаи “Ред Стар” мусобиқаро дар марҳилаи чаҳорякниҳоӣ оғоз намуда, бар тими “Акияма Саттимо”-и Италия бо ҳисоби 4 бар 1 пирӯз шуд. Дар марҳилаи нимниҳоӣ бошгоҳи ҷудои “Ред Стар” ғалабаро бар “Голден Гори”-и Гурҷистон бо ҳисоби 4 бар 0 ба даст овард.

Дар финали мусобиқа тими “Ред Стар” бо дастаи ҷудои “ПСЖ”-и Фаронса рақобат карда, бо ҳисоби 4 бар 2 мағлуб гардид. Темур Раҳимов дар финал дар вазни +90 кг бар Алишер Юсупови Ӯзбекистонӣ пирӯзӣ ба даст овард.

Ҳамин тавр, тими ҷудои “ПСЖ” қаҳрамон ва соҳиби медалҳои тилло шуд. “Ред Стар”, ки дар ҳайаташ Темур Раҳимов баромад намуд, медалҳои нуқраро соҳиб гардид. “Голден Гори”-и Гурҷистон ва “Женис”-и Қазоқистон медалҳои биринҷии мусобиқаро тақсим карданд.

Темур Раҳимови 28 сола дар раддаи ҷудукорони серҷоизаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуда, тайи солҳои охир дар чандин мусобиқоти дохиливу хориҷи кишвар барандаи нишонҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ шудааст. Ӯ баранди нишони нуқра (Фуҷайра; 2019) ва биринҷӣ (Бишкек; 2021)-и Қаҳрамонии ҷудуи Осиё, барандаи нишонҳои нуқра (Боку; 2021) ва биринҷӣ (Абӯзабӣ; 2021, Тел-Авив; 2022) мусобиқоти байналмилалии Тоскулоҳи бузург (Гран салам) ва нишони биринҷии Гран прии Мағриб (2019) мебошад. Иштирок дори Бозиҳои тобистонаи олимпӣ(Токиё-2020).

Euronews 7 ноябри соли 2022 иттилоъ дод, ки Темур Раҳимов дар шаҳри Боку, кишвари Озарбойҷон дар вазни 100 кг медали тиллои мусобиқаи “2022 Judo Grand Slam Baku”-ро соҳиб шуда буд..

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


5 ғизои муфид барои фаъолияти мағзи сар

Мағзи сар яке аз узвҳои асосӣ ва сермасрафи бадан аст ва барои фаъолияти дуруст ба ғизо, об ва микроэлементҳои зарурӣ ниёз дорад. Вақте организм аз ин моддаҳо камбудӣ эҳсос мекунад, инсон зуд хаста мешавад, диққаташ парешон мегардад ва қобилияти хотира метавонад коҳиш ёбад.   Мутахассисони...


Гули бобуна ба кадом дардҳо давост?

Аксари табибон ҳангоми бемориҳои гуногун ба беморон нӯшидани гиёҳоби бобуна (ромашка)-ро тавсия медиҳанд. Мехоҳам донам, ки бобуна чӣ фоида дорад?   Посух: - Гули бобуна дар ҳақиқат хусусиятҳои табобатии зиёде дорад. Ин гиёҳи мӯъҷизанокро дар саросари Тоҷикистон пайдо кардан мумкин атс,...


Чалпак бо ҳасиб

Маҳсулоти лозима: 3 тухм, 200 грамм орд, 400 мл шир, 30 мл равғани офтобпараст, 100 грамм ҳасиб, 100 грамм панир, 2 помидор, кабудӣ мувофиқи табъ, намак.   Тарзи таҳия: Шир, тухм ва намакро хуб лат занед. Сипас орди аз элак гузаронидашударо илова карда, хуб омезиш диҳед. Помидор, кабудӣ...


Оши туппа

Маҳсулоти лозима: Гӯшти қимма, пиёз, сабзӣ, равғани растанӣ, зира, нахӯд ва лӯбиёи таркардашуда, хамири бурида.   Тарзи таҳия: Сараввал гӯшти қимма, пиёз ва сабзиро дар каме равғани растанӣ бирён карда, об резед ва зираю намак пошед, сипас нахӯди таркардашуда ва лӯбиёро андозед. Пас аз...


Намояндагии вазорат аз муҳоҷирон хост ба ҳисобҳои ношинос пул нафиристанд

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия аз муҳоҷирони тоҷик даъват кардааст, ки ба корт ва суратҳисобҳои шахсони номаълум ва созмону фондҳои ношинос маблағ интиқол надиҳанд. Намояндагӣ рӯзи 22-юми сентябр ҳушдор додааст, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯ ва фондҳои қалбакӣ...