Тоҷикистон ба Покистон ғалаба кард, аммо аз Ҷоми ҷаҳон-2026 маҳрум шуд

Тоҷикистон ба Покистон ғалаба кард, аммо аз Ҷоми ҷаҳон-2026 маҳрум шуд

Тоҷикистон ба Покистон ғалаба кард, аммо аз Ҷоми ҷаҳон-2026 маҳрум шуд

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии ниҳоии марҳилаи дуюми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гуруҳи «G» бар дастаи мунтахаби Покистон бо ҳисоби калон пирўз шуд.

 

Вохўрии дастаҳо 11-уми июн дар Варзишгоҳи маркарзии шаҳри Душанбе дар ҳузури 7800 мухлис баргузор гардида, бо ҳисоби 3:0 анҷом ёфт. Голҳоро аз ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон Шервони Мабатшоев, Манучеҳр Сафаров ва Ваҳдат Ҳанонов заданд.

Бо вуҷуди ин пирўзи дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо роҳбарии мураббии гурҷи Гела Шекиладзе натавонист ба марҳали сеюми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 роҳ ёбад.  Дастаи Тоҷикистон дар бозии панҷуми марҳилаи дуюми интихоби дар сафар аз дастаи Урдун шикаст хўрд ва аз идомаи мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон-2026 ва роҳхати мустақим ба Ҷоми Осиё-2027 маҳрум шуд. Акнун дастаро мебояд, ки барои ба даври финалии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфтан як марҳилаи дигарро паси сар кунад. Даста баҳори соли 2025 дар бозиҳои интихоби  иштирок хоҳад кард. Он ҷо дар як гуруҳ чаҳор даста ҷойгир шуда, танҳо як даста роҳхати Ҷоми Осиёро ба даст меорад.

Ёдовар мешавем, ки дар бозии дигари гуруҳ Урдун дар сафар муќобили Арабистони Сауди бо ҳисоби 2:1 зафар ёфт. Ба ҳамин тартиб аз ин гуруҳ Урдун ва Арабистони Сауди бо 13-имтиёзи роҳхати марҳилаи сеюмро соҳиб шуданд. Тоҷикистон бо 8 имтиёз ва Покистон бидуни имтиёз мусобиқаи Ҷоми Ҷаҳон -2026-ро ба анҷом расониданд.

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Оши туппа

Маҳсулоти лозима: Гӯшти қимма, пиёз, сабзӣ, равғани растанӣ, зира, нахӯд ва лӯбиёи таркардашуда, хамири бурида.   Тарзи таҳия: Сараввал гӯшти қимма, пиёз ва сабзиро дар каме равғани растанӣ бирён карда, об резед ва зираю намак пошед, сипас нахӯди таркардашуда ва лӯбиёро андозед. Пас аз...


«Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид

«Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум дар таърихи х-уд Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овард. Дар бозии ниҳоии мусобиқаи «Ҷоми Тоҷикистон2026» футболбозони Хуҷанд бар тими «Сардор»-и шаҳри Турсунзода бо...


Чалпак бо ҳасиб

Маҳсулоти лозима: 3 тухм, 200 грамм орд, 400 мл шир, 30 мл равғани офтобпараст, 100 грамм ҳасиб, 100 грамм панир, 2 помидор, кабудӣ мувофиқи табъ, намак.   Тарзи таҳия: Шир, тухм ва намакро хуб лат занед. Сипас орди аз элак гузаронидашударо илова карда, хуб омезиш диҳед. Помидор, кабудӣ...


5 ғизои муфид барои фаъолияти мағзи сар

Мағзи сар яке аз узвҳои асосӣ ва сермасрафи бадан аст ва барои фаъолияти дуруст ба ғизо, об ва микроэлементҳои зарурӣ ниёз дорад. Вақте организм аз ин моддаҳо камбудӣ эҳсос мекунад, инсон зуд хаста мешавад, диққаташ парешон мегардад ва қобилияти хотира метавонад коҳиш ёбад.   Мутахассисони...


Тарғиби илму дониш дар «Хирадномаи Искандари»-и Абдурраҳмони Ҷоми

Вақте ки дилҳо аз илму дониш шодобу мунаввар мешаванд, муносибатҳои байни одамон, раҳму шафқат бештар мегардад. Ҷомеаи инсонӣ пеш меравад, тараққӣ мекунад, ноадолатӣ, бедодгарӣ оҳиста-оҳиста аз байн меравад.   Мақсаду мароми Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамчун инсондўсти бузург таълим додан ва тарбия...